logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОДИИ РАШТ

Субҳи 25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса, эҳтироми самимӣ нисбат ба пешвову раҳнамои хеш ва бо тантанаи идона истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи бинои суди ноҳияи Сангвор
Дар идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дирӯз дар фазои тантанавӣ бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор ба истифода супурда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти нав оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор соли 2014 шурӯъ гардида, бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муайянгардида бунёд шудааст.
Бинои суди ноҳия дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Хароҷоти корҳои сохтмонии бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор 1 миллиону 254 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.
 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид бо шароиту имкониятҳои дар бинои нав фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд. Барои таҷҳизондани бино бо имкониятҳои нави кору фаъолият 83 ҳазору 400 сомонӣ масраф гардидааст.
Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хингоб» буда, корҳои сохтмонии иншоотро дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба итмом расонд. Бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда мебошад.
Ноҳияи Сангвор давоми солҳои истиқлолият бо таваҷҷуҳу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо гардида, дар марказ ва деҳоти он иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
25 сентябр дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  боздид ба амал оварданд.
Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ баҳри фаровонии дастархон ва ғановати бозори дохилӣ бо анвои гуногуни маҳсулоти худӣ пурсамар меҳнат мекунанд.
Дар соҳаи кишоварзии ноҳия аз нисф зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият доранд. Соҳаи кишоварзӣ манбаи ягона ва хуби даромади сокинон дониста мешавад.
Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, каду, себ, нок ва асали хушсифати истеҳсоли занбӯриасалпарварони ноҳия, пешниҳод карда шуд.
Тавре зикр гардид, кишоварзони ноҳияи Сангвор имсол бо истифода аз тухмиҳои маҳаллӣ каду кишт намуданд, ки таҷрибаи аввал буда, ҳосилнокиаш хуб арзёбӣ мегардад.
Бо назардошти ин, Пешвои миллат ба кишоварзон ва роҳбарияти ноҳия дастур доданд, ки имкониятҳои фарохи ин бахшро мақсаднок истифода баранд, зеро бо ин роҳ метавон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми муносиб гузошт.
Ҷамъи умумии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор 173 ҳазору 916 гектарро ташкил медиҳанд. Аз заминҳои умумии кишоварзӣ 2141 гектар заминҳои корам мебошад, ки 1635 гектар замини обӣ арзёбӣ мегардад.
Ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо назардошти ин сол ба сол оилаи занбӯри асал зиёд карда мешавад.

Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонӣ
Дар маркази ноҳияи Сангвор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маркази савдо дуошёна буда, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шобуддин Алиев сохта шудааст.
Маркази савдо аз ду фурӯшгоҳ ва як сехи дӯзандагӣ иборат мебошад. Сохтмони иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардида, бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст, ки барои аҳолии ноҳияи кӯҳистони Сангвор хизмат мерасонад. Маблағи умумии сохтмони бинои маркази савдо 630 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар сехи дӯзандагӣ 55 нафар духтарон ба кор фаро гирифта шудаанд.
Дар сехи дӯзандагӣ сарулибоси мактабӣ, либосҳои миллии занона ва дигар ашёи зарурии рӯзгор омода карда мешаванд. Ба таъкиди ҷавондухтарон, ин тадбир агар аз як ҷониб ба соҳибҳунар гардидани онҳо кумак намояд, аз тарафи дигар шароит фароҳам меорад, ки либосҳо бо сифати баланд ва тарроҳии зебо оро дода шаванд. Зеро сехи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Президенти мамлакат дар ошёнаи якуми ин бино аз маркази савдои “Ғанӣ” боздид намуданд. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки дар ин маркази хизматрасонӣ тамоми ашёи рӯзгор пешниҳоди харидорон карда мешавад.
Дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ имкон дод, ки давоми чанд соли охир дар марказ ва деҳоти ноҳияи Сангвор теъдоди чунин бинову иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ ба маротиб бештар гардад. Ин имкон медиҳад, ки сокинон бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, мушкилоташон дар самти дастрас намудани маҳсулоти ниёзи аввал аз байн равад.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, бо иштироки Сарвари давлат тӯйи суннатии 40 нафар аз оилаҳои ниёзманд гузаронда шуд. Баргузор намудани хатнасур ба таври дастаҷамъона аз хароҷотҳои беҳуда пешгирӣ намуда, дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иқдоми муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ, ташкили тӯйҳои суннатии дастаҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Ба хурдсолон туҳфаҳои хотиравӣ супруда шуд.

Мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Сангвор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд.
Аснои суханронӣ Сарвари давлат тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат иқдоми созандагиву бунёдкориро, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ гардид, натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик маънидод карданд.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, бо дастгирии давлату Ҳукумат ва дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ корҳои ободонӣ мунтазам вусъат гирифта, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардад ва бисёр мушкилоту масъалаҳои ҳаёти сокинон ҳаллу фасли худро пайдо намояд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Сангвор, аз ҷумла ҷиҳати пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, бунёди роҳу пулҳо ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон, зиёда аз 183 миллион сомонӣ сарф гардида, ба маблағи 62 миллион сомонӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беморхонаву дармонгоҳҳои нав ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин давра дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ қариб 50 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ба таъкиди Сарвари давлат, солҳои 2016 - 2019 барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сангвор 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисфи маблағҳои тӯли истиқлолият ҷудогардидаро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат дар ноҳияи Нуробод
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ намудани як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.
Сарвари ояндасоз ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоси пазироии меҳмони олимақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия барномаи рангинеро таҳия карданд.
Хушию хурсандии хурду бузурги ноҳияро ҳадду канор набуд, зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи кишвар пайки ободкорию созандагӣ барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ
Худи ҳамон рӯз дар мавзеи Сари Қоши ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо вазъи парвариши картошка, ғунучини ҳосили бадастомада, кишти такрории заминҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар мавзеи Сари Қош дар майдони 15 гектар навъҳои хуби картошка, аз ҷумла «Тоҷикистон», «Пикассо», «Кардинал», «Ғончӣ» кишт карда шудааст ва меҳнаткашон аз онҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнданианд. Тавре маълум гардид, дар ин минтақа баъди ҷамъ овардани ҳосили ғалладонагиҳо дар масоҳати 8 гектар кишти такрории сабзӣ, лӯбиё, мош ва дар майдони 50 садяк картошка кишт карда шудааст.
Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахш, моҳии зиндаро ба меҳмонон пешниҳод намуданд. Тавре маълум аст, дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳ беҳтарин анвои меваю полизиҳо ва асал дар ҷойи махсус гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан карда, бо маҳсули дасти устоҳои чирадаст, дӯзандаҳои бомаҳорат, кадбонуҳо, дуредгарон ва дигар ҳунармандон, ки дар ин ҷо ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Сокинони ноҳияи Нуробод дар намоишгоҳ дастоварди 25 соли даврони соҳибистиқлолиро намоиш дода, дар гӯшаҳои махсус таомҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, қолинҳои дастӣ, асбобҳои рӯзғор ва расму оинҳои миллиро бо маҳорати баланд ва дар сатҳи хуби ташкилӣ пешкаш карданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дастранҷи ҳунармандон, деҳқонон ва аҳли заҳмати ноҳия, ки ба маърази тамошо гузошта буданд, баҳои баланд доданд.

Шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ соҳиби бинои нав шуд
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ дар шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ соли 2008 оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти нави хизматӣ аз 22 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, синфхонаи бо компютер муҷаҳҳаз барои омӯзиши таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбӣ, нуқтаи алоқа, маҷлисгоҳ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти махсуси оташнишонӣ иборат мебошад.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити хизматӣ дар бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ барои ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштан ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дастуру супоришҳо доданд. Дар шуъба 30 нафар фаъолият доранд. Дар ин рӯз ба кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомошинаи нави замонавии оташхомӯшкунӣ тақдим карда шуд. Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташнишонӣ, таҷҳизот барои кашидани дуд аз дохили бино ва таҳхона, асбобҳо барои гузарондани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.
Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Боғчаи бачагонаи “Зебунисо” ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи бачагонаи “Зебунисо” барои 140 нафар тарбиятгирандаро ифтитоҳ намуда, дар хатнасури дастаҷамъонаи 30 кӯдаки ятим иштирок карданд.
Корҳои таҷдиду азнавсозии муассисаи мазкур соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҳузури Сарвари ғамхору раъиятпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Масоҳати умумии қитъаи замини боғчаи бачагон 0,9 гектар ва масоҳати худи бино 906 метри мураббаъро ташкил дода, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар боғча имкон аст, дар як вақт 140 кӯдак ба ғамхорӣ фаро гирифта шавад. Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи томактабӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Фармоишгар Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чароғ” мебошанд.
Дар саҳни ҳавлии боғча 6 адад айвонча барои бозии кӯдакон ва ҳавзи оббозӣ сохта шудааст. Дар ошёнаҳои аз якум то дуюм беҳтарин утоқҳои машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, синфхонаи санъати мусиқӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда, дару девори боғча бо санъати зебои тасвирӣ бо расми қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтааст.
Баъди шиносоии пурра бо шароити Боғчаи бачагон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури 30 кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии 10 ҷуфти ҷавон иштирок карданд.
Дар доираи сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва ятимпарваронаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи тифлакони хуштолеъ дар рӯзи тӯяшон туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, сари онҳоро падарвор сила карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъулони соҳаи маорифи кишвар дастур доданд, ки дар тарбияи насли оянда ва кӯдакони ин даргоҳ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Корхонаи коркарди шир ва бастабандии равған ба кор даромад
Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ва бастабандии равғанро мавриди истифода қарор доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» дорои ду сехи истеҳсолӣ буда, дар доираи дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна дар деҳаи Лаби Ҷари ноҳия аз тарафи соҳибкор Фатҳуддин Ҳоҷиев сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз моҳи январи соли 2016 оғоз шуда, имрӯз ба истифода дода шуд ва барои бунёду таҷҳизондани он 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ бошад, то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 8 намуд маҳсулоти ширӣ - ҷурғот, кефир, қаймоқ, қурут, творог, сметана, чака ва дӯғ истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ҷиҳати таъмини сокинони ноҳия бо маводи ғизоии дорои сифати баланд пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, барои дар шароити хуб нигоҳ доштани маҳсулот корхона дорои ду сардхона мебошад ва оянда бунёди боз як сардхона барои 120 тонна маҳсулот дар назар аст.
Дар коргоҳи дуюми иншооти истеҳсолӣ бошад, бастубанди равғани рустанӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо 3 намуди равған, аз ҷумла равғани пахтаи доғкардашуда ва равғани офтобпараст истеҳсол карда мешавад. Маҳсулот таҳти номи «Баракат» дар зарфҳои 750 грамма, 1, 3 ва 5 литра ба фурӯш гузошта мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна равғани дорои сифати баланд мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1500 сомонӣ таъмин шудаанд. Ҳамзамон, дар ин рӯз маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол мешавад, ба маъраз гузошта шуд.
Минбаъд аҳолии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» бо маҳсулоти гуногуни аз шир истеҳсолшуда ва 3 намуди равған таъмин карда мешаванд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони ноҳияи Нуробод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, инчунин тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Нуробод дар маркази ноҳия бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 25 – уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, даҳҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасониро, ки боиси ободу зебо гардидани диёри биҳиштосо ва хеле беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинон шудааст, аз баракати истиқлолияту ваҳдат ва пуштибонии мардум аз сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.
Сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод боздид ба амал овард.
Сокинони ин ноҳияи кӯҳистон Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.
Аз маҳсулоти кишоварзии дар намоишгоҳ пешниҳодшуда бармало маълум буд, ки деҳқонони ноҳия дар соҳаи картошкапарварӣ ва боғдорӣ таҷриба ва малакаи зиёд доранд. Ҳосили гирифтаи онҳо аз навъҳои гуногуни картошка ва себу нок на танҳо дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад, балки ба давлатҳои хориҷ низ содирот мегардад.
Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахшро пешниҳод карданд. Дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза меҳнаткашон анвои гуногун, меваю полизиҳо, навъҳои беҳтарини сабзӣ, картошка, себҳо ва асалро ба маъраз гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат  аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Инчунин Сарвари давлат деҳқононро ҳидоят намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини минтақаҳои кӯҳистонро самаранок истифода баранд. Дар ноҳия парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба мисоли шалғам, лаблабу, каду, карам ва пиёз низ манфиатовар аст.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бамаротиб рушд кардааст. Айни замон занбӯриасалпарварони ноҳия аз 5050 оила занбӯр асали хуштамъу шифобахш мегиранд. Ҳамчунин, дар намоишгоҳ аз ҷониби кадбонуҳо намудҳои мухталифи нону кулчаҳо ва маҳсулоти ширӣ пешкаш гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Хоҷагии деҳқонии "Қалъа" бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос шуданд.
Дар хоҷагӣ аз масоҳати умумии 180 гектар замини дар ихтиёрдошта дар масоҳати 50 гектар картошка кишт шудааст. Имсол деҳқонон нақша доранд, ки аз ҳар як гектари он 300 - сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли 2015 истеҳсоли картошка дар ноҳияи Тоҷикобод ба 21 ҳазору 116 тонна расонда шуд, ки нисбат ба соли 1992 - 12 ҳазору 612 тонна ё  2,5 маротиба зиёд шудааст. Воқеан, иқлими ноҳия барои картошкапарварӣ хеле мувофиқ буда, аз ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ деҳқонон даромади хуб ба даст меоранд.
Пешвои миллат дар суҳбат бо картошкапарварон ва масъулини соҳа иброз намуд, ки картошка ягона маҳсулоте ба шумор меравад, ки метавонад ҷойи нонро иваз кунад, аз ин рӯ майдони кишти он ҳарчи бештар бояд васеъ гардад. Инчунин, захира намудани он дар сардхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар фасли зимистону баҳор ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод гардад. Инҳо роҳҳое ҳастанд, ки ҳам баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаро дар бозорҳои кишвар пешгирӣ мекунад ва ҳам барои таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидати фаъол менамояд.
Ба бахти кӯдакони хуштолеи ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллат, Сарвари ғамхору ятимпарвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуданд.
Президенти кишвар волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз доштанд, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода шуда, дар ин самт як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин буд, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфт. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба кӯдакон туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.
Дар ин рӯз хизматчиёни давлатӣ,  ки дар сохторҳои гуногун дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамоянд, низ соҳиби туҳфаи арзанда гардиданд. 12 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти қудратӣ аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои аз 1 то 4 - ҳуҷрагӣ гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти давлатиро, ки соҳиби хонаи нави истиқоматӣ гардиданд, ба хизмати софдилонаю одилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маркази ноҳияи Тоҷикобод меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона аз шароити фароҳамгардидаи дохили он дидан намуданд. Тавре аён гардид, тарҳи бино ва утоқҳои хобу дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва мутобиқ ба талаботи меъморӣ, бунёд карда шудааст. Ҳар як утоқи хоби иншоот барои ду нафар пешбинӣ шудааст ва дорои тамоми шароит мебошад.
Бинои меҳмонхона сеошёна буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 43 утоқ барои қабули меҳмонон ва 3 утоқи корӣ барои кормандон иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо 50 ҷои нишаст сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино соли 2011 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» мебошад. Корҳои бунёдиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунён», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бедак» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони кулиён» бо ҷалби бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ анҷом додаанд. Маблағи ҷудогардида барои сохтмони меҳмонхона 9 миллиону 823 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни боздид аз утоқҳои хоб ва дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона, Пешвои миллат ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити хуб дар ноҳияи Тоҷикобод барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдасти мамлакат мусоидат мекунад. Зеро меҳмонхона дар шафати шоҳроҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Ваҳдат-Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистон ҷойгир буда, барои масъулон имкон фароҳам меорад, ки дар баробари қабули меҳмонон аз дохили мамлакат  хориҷиёнеро, ки тавассути ин шоҳроҳ мегузаранд, қабул намоянд.
Меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сотмонӣ дар маркази Тоҷикобод қомат афрохтааст ва намои он ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, бештар аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод
Имрӯз, дар идомаи сафар ба ноҳияи Тоҷикобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва шумораи зиёди сокинони ноҳия суханронӣ намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.
Пешвои миллат нахуст сокинони шарафманди ноҳияи Тоҷикободро бо Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ  табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон мо мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик тавонистем дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.
Дар ин давра халқи заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо азму иродаи қавӣ, садоқат ба давлату миллат дар пешрафту тараққиёти ноҳия ва, дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод 432 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Кишту парвариши зироати кишоварзӣ барои сокинони ноҳияи Тоҷикобод шуғли асосӣ ба шумор рафта, сол ба сол ин соҳа рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ба сокинони ноҳияи Тоҷикобод муяссар гардид, ки соли гузашта ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, ки ин рақам нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд мебошад. Аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.
Зикр гардид, ки дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Саритош пурра таҷдид гардидаанд.
Бунёди муассисаҳои тандурустиву бунгоҳҳои тиббӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, сохта ба истифода додани меҳмонхонаи боҳашамат, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди пулҳо ва боз чандин навкориҳо, ки дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ба вуқӯъ пайваст, аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият ба шумор меравад.       
Дар ноҳияи Тоҷикобод соҳаи маориф марҳила ба марҳила рушд менамояд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 6 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2016    №: 191    Мутолиа карданд: 2589

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед