logo

иқтисод

КӮҲИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШД

Бо ибтикори муштараки  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятии «САМР Кӯҳистон», КАРИТАС Швейтсария, лоиҳаи «Минтақаҳои  кӯҳии Осиёи Марказӣ», Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Эътилофи ҷомеаҳои  кӯҳистонии Осиёи Марказӣ, дафтари Ташкилоти озуқавории СММ дар Тоҷикистон ва Созмони  ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар маҳфили мизи мудаввар баргузор гардид.
«Қабули қарорҳо дар асоси далелҳои боэътимоди илмӣ, робитаи мутақобилаи  илм ва раванди таҳияи сиёсати давлатӣ барои воридсозии ҷанбаҳои кӯҳистонӣ ба  раванди рушди миллӣ: таҷрибаи пешқадами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ». Чунин унвон гирифт мавзӯи марказии маҳфили мизи гирд - вохӯрии машваратии минтақавӣ бо иштироки намояндагони минтақаҳои  кӯҳистони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва кишварвилояти Олтойи Федератсияи Русия, ниҳодҳои давлатӣ, илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятии  байналмилалӣ ва минтақавӣ.
Ойхон Шарифова, муовини раиси Кумитаи  муҳити зисти ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки  рушди деҳот, шароит фароҳам  овардан  барои зиндагии шоистаи ҳар  фарди кишвар ва таълиму тарбияи сазовори  насли наврас дар  меҳвари  таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дорад. То имрӯз ҷиҳати  омӯзиш ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти асосии минтақаҳои кӯҳӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои соҳавию ҷамъиятӣ корҳои зиёде ба сомон расонда  шудаанд. Азбаски мушкилоти минтақаҳои  кӯҳистони Осиёи Марказӣ муштараканд,   ҳоло зарурати якҷо намудани талошҳо ҷиҳати ҳалли ин проблемаҳо ва омӯзишу табодули таҷрибаи  байниҳамӣ ба миён омадааст. Дар ин кор ба мо хусусан созмони ҷамъиятии «САМР Кӯҳистон» мадад мерасонад. Ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди  баррасии ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Дар ин кор олимону мутахассисон, хусусан  онҳое, ки ба масоили рушди устувори  минтақаҳои  кӯҳӣ машғуланд, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва сокинони кӯҳистон бояд бештар саҳм бигиранд.
Элбегзая Батҷаргал, роҳбари созмони  «САМР Кӯҳистон», дар баромади худ таваҷҷуҳи ҳозиринро хусусан ба масъалаи  зарурати ҳамкории судманди кишварҳои  болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ ҷалб кард. Ба андешаи ӯ, ин ҳамкорӣ, ки  суди зиёде дар пай хоҳад дошт, дар амалияи  ҷаҳон таҷрибаи озмудашуда маҳсуб меёбад ва  барои ҳамаи ҷонибҳо  манфиатбахш аст. Ҷиҳати  рушди устувори  минтақаҳои  кӯҳистон, хусусан барои нигоҳдории шабакаи экологӣ, гуногунии биологӣ, инкишофи инфрасохтор, таъсиси ҷойи кор, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бояд барномаҳои фарохдомани минтақавӣ таҳия  гардида, аз ҳисоби  кишварҳои поёноб, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои соҳавӣ маблағгузорӣ шаванд. Обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳои умдаест, ки бояд дар сатҳи  минтақа, ҷаҳон ва созмонҳои  бонуфузтарини он, аз қабили СММ, СҲШ, ИДМ Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои соҳавӣ ҳаллу фасл  шавад. 60 дарсади захираҳои  обии Осиёи Марказӣ аз кӯҳистони Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо, қабл аз ҳама, сирф ба манфиати кишварҳои поёноб, назири Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон аст.
Қурбон Кабутов, яке аз олимони варзидаи ҷумҳурӣ, роҳбари Маркази пажӯҳиш ва истифодабарии манбаъҳои  барқароршавандаи энергияи Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, таваҷҷуҳи аҳли маҳфилро ба паҳлуҳои асосии масъалаи рушди устувори  кӯҳистон – таъсиси пойгоҳи меъёрию ҳуқуқӣ, баҳогузории коэффитсиенти хизматрасониҳо, истеҳсоли мол ва истифодаи захираю имкониятҳо ҷалб намуда, рушди  инфрасохтор, дастрасӣ ба иттилоот, хусусан дар  масъалаи шабакаи экологии кӯҳистон, дар сатҳи миллӣ ва минтақа нигоҳ доштани арзишҳои биологию фарҳангӣ, таъминот бо барқи алтернативӣ, таъсиси корхонаҳо, хусусан эҳё ва рушди ҳунарҳои  халқӣ ва ҳамоҳангсозии амалро аз вазифаҳои аввалиндараҷа донист.
Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш пешниҳод намуд, ки  дар ноҳия барои аз офати табиӣ эмин доштани  аҳолӣ макони бехавфу хатари эҳтиётӣ ҷудо карда шавад.
Дар ҳақиқат, проблемаҳои минтақаҳои  кӯҳистон, чи дар Осиёи Марказӣ, чи дар минтақаҳои дигари  ҷаҳон хеле зиёданд, ки дастрасӣ надоштани аҳолӣ ба иттилооти саривақтӣ, фаъолияти номуназзами васоити ахбори омма, сари вақт рафъ нагардидани садамаҳои хатҳои барқ, хароб шудан ва зери  барфу тарма мондани роҳҳо, мушкилот дар самти ба бозор баровардани маҳсулоти фурӯшӣ ва харидани молҳои мавриди ниёз, канормонӣ аз хизматрасонии муосири тиббӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ муҳимтарини онҳоанд.
Элбегзая Батҷаргал зимни суҳбати фардӣ бо хабарнигори «Ҷумҳурият» аз талоши кишварҳо  ва созмонҳои байналмилалӣ барои бастани созишнома ё конвенсия оид ба рушди манотиқи кӯҳистон истиқбол карда, дар бораи таҷрибаи кишварҳои подомони силсилакӯҳҳои Ҳимолою Ҳиндукуш, назири  Ҳиндустон, Чин, Непал, Бангладеш, ҳамчунин Перую ҳамсояҳои он дар Амрикои  Ҷанубӣ ва Швейтсарияву ҳамҷаворҳои он дар Аврупо сухан гуфт. Ӯ муътақид аст, ки ҳоло зарурати ҳифзи манфиатҳои минтақаҳои кӯҳии кишварҳои ҷаҳон ба миён омадааст. Дар пасманзари ин ҳадаф ҳамгироию ҳамкориҳои  кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи  рушди минтақаҳои кӯҳистон аҳамияти бештаре касб мекунанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 2658

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед