logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОДИИ РАШТ

Сафари корӣ ба ноҳияи Лахш
Субҳи 26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳоти ноҳияи Лахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 235 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба бо истифода аз шароиту иқлими мусоид ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карданд. Кишоварзони ноҳия ба Пешвои миллат мужда расонданд, ки соли ҷорӣ ҳосили интизорӣ аз кишти картошка ҳудуди 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикистон, ки шуғли асосии кишоварзонаш истеҳсоли картошка, чорводорӣ ва боғпарварӣ мебошад, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ дар амал татбиқ мегардад. Дастархони густурдаи пурнозу неъмати имрӯзаи сокинони ноҳияи Лахш далели ҳамин гуфтаҳост.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Аз ҷумла ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ ёфт.
Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои сокинони ноҳияи Лахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми панҷ соли охир бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзондани он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он чандин коргоҳҳои хурд сохта ба истифода дода шуданд. Ба гуфтаи ҳунармандон, амалӣ гардидани иқдоми мазкур боис ба он гашт, ки теъдоди зиёди бонувони бешуғл бо азхуд кардани ҳунари қолинбофӣ зиндагии худро беҳтар намоянд. Ҳамчунин, дар ин намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманди Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Ба истифода додани роҳи марказии ноҳияи Лахш
Сипас, боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст.
Фармоишгари асосӣ барои таҷдиду барқарорсозии роҳи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро роҳсозони ҶДММ «САЛОСА» ба анҷом расондаанд.
Дар маросими ба истифода додани роҳи мошингарди марказӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати азнавсозии роҳҳои боқимондаи ҳудуди ноҳияи Лахш, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, ба масъулони сохторҳои дахлдор дастуру супориш доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин қитъаи роҳ аз ин пеш ҳолати ногувор дошт ва рафтуомади ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз тариқи он бо мушкилӣ сурат мегирифт. Акнун бо асфалтпӯш гардидани роҳи мазкур, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, сокинони ноҳияи Лахш изҳори хушнудӣ намуда, анҷоми корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳоро роҳи расидан ба зиндагии аз ин ҳам хубтар арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шурӯъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то дармадгоҳи маркази ноҳия, баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия роҳи байни деҳаи Майдонтерак то маркази ноҳия ба масофаи 3 километр асфалтпӯш ва, ҳамчунин, роҳи мошингарди байни деҳаи Янгишаҳр то маркази ноҳия ба масофаи зиёда аз 2 километр таъмиру барқарор ва мумфарш карда шуд.
Дар маҷмӯъ тӯли солҳои 2010-2015 беш аз 15 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Лахш мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифта, як пули мошингузар низ пурра таъмир карда шудааст.

Оғози ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Лахш
Дар идомаи сафар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ташриф оварда, бо рафти ҷамъоварии картошка ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замин ҳидоят намуданд.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 2 ҳазору 380 гектарро ташкил дода, ҳосилнокии он ба 350-360 сентнер мерасад. Ба гуфтаи хоҷагидорон имсол нисбат ба соли гузашта майдони кишти картошка 200 гектар зиёд буда, истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна расонда мешавад.
Тавре зикр гардид, шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои рушди картошкапарварӣ мусоид буда, ноҳия имконият дорад бозорҳои дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намояд. Имсол аслан хоҷагидорон навъҳои серҳосили картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Сурхоб», «Рашт» ва «Шукрона», ки маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аст, кишт карданд.
Зимни суҳбат бо деҳқонон, зикр гардид, ки имсол 1 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 8 хоҷагии коллективӣ ва 3 хоҷагии кишоварзии давлатӣ дар майдони 6 ҳазору 235 гектар зироатҳои гуногунро кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамзамон, соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 54 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина хоҳад гузошт.
Дар маҷмӯъ майдони боғот дар ноҳия 2 ҳазору 62 гектарро ташкил медиҳад, ки деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Дар ноҳияи Лахш соҳаи чорводорӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 800 сар расидааст, ба маъраз гузоштанд. Имрӯз дар ноҳия 2417 сар чорвои калон ва 17807 сар моли майда мавҷуд аст.
Сипас, дар шафати намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии картошка оғоз намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавию инфиродии ҷамоати деҳоти Ҷиргатол 320 хоҷагии хурди оилавӣ ташкил гардида, нафарони зиёд соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши баланд мегиранд. Дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосилнокии картошка имсол хеле зиёд буда, кишоварзон азм доранд, ки ҳам худ истифода намоянд ва ҳам сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатро бо картошка таъмин намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулони ноҳияи Лахш дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба истифода додани бинои дуошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Лахш
26 сентябр дар маркази ноҳияи Лахш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст ва аз туҳфаи навбатии Пешвои миллат нисбати низомиён дониста мешавад. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузор Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» ва пудратчигиро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Равшани хизматрасон» бар дӯш доштанд. Масоҳати умумии бино 10 ҳазору 64 метри мураббаъ мебошад. Бунёди иншоот моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, бо саъю талошҳои масъулин пурра ва бо сифати баланд ба итмом расонда шуд. Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат дар ин ҷо калиди ҳуҷраҳоро ба соҳибони хуштолеъ супурда, ба сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамшуда дар манзилҳои истиқоматӣ шинос гардиданд.
Чуноне аён гардид, манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароити лозима, аз қабили ҷиҳози зарурии рӯзгордорӣ таъмин буда, дар онҳо барои бошандагон имконияти муосири зиндагӣ фароҳам карда шудааст.
Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилгардида барои дастгириҳои пайвастааш ба Роҳбари давлат арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои  вазифаҳои бардӯшдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.
Ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон дар як гӯшаи майдони бино, ки кабудизору сабзпӯш гардонда шудааст, майдонча барои бозӣ ташкил гардидааст.
Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити бино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз бошандагон даъват намуданд, ки бо ҳалли мушкилоти иҷтимоиашон хизмат ба халқу ватанро аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш
26 сентябр дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуда, фаъолияти меҳнаткашонро давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини Лахш барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаашон арзи сипос карда, ба ҳамаи онҳо саодату сарбаландӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки дар зарфи 25 сол дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои рушди ноҳияи Лахш ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Тавассути 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  бо маблағи 370 миллион сомонӣ 450 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла 40 пул, 21 бинои нави таълимӣ, 22 муассисаи тандурустӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, бунёд гардид. 76 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба 35 деҳаи дурдасти ноҳия хати оби нӯшокӣ гузаронда шуд. Инчунин, татбиқи се лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 амалӣ шуда истодааст, ки дар асоси он 121 лоиҳа ба маблағи 312 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Ҳукумати мамлакат барои рушду пешрафти минбаъдаи ноҳия дар се соли оянда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ беш аз 130 миллион сомонӣ пешбинӣ намудааст.
Бо  дарназардошти он ки соҳаи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосӣ ва омили муҳими беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истифодаи захираҳои фаровони об дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка, зиёд кардани майдони боғҳо, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварӣ ва муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойи корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони қадршиноси ноҳияи Лахш баромад намуда, ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои падарона ва дастуру ҳидоятҳои созанда изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сафари корӣ ба ноҳияи Рашт
Субҳи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнии 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои кишоварзон
Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ  саҳми фаъол мегузоранд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ноҳияи Рашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Насим»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло  Махсум, ки баҳори соли 2016 дар майдони қариб як гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст, шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Насим» навъҳои ниҳоли себи «заринтоб», «бибиҷон», «шоҳҳусайнӣ» ва ноки «сантамария» шинонда шудааст, ки дар маҷмӯъ ниҳолҳои шинондашуда 1100 бехро ташкил дода, аз ин шумора 900 адад себ ва 200 ададаш нок мебошад.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин, хоҷагидорон дар қатори ниҳолҳои боғи интенсивӣ кишти зироатҳо, ба монанди мош, лӯбиё ва  бодиринги  навъи «беназир» - ро ба роҳ мондаанд.

Ифтитоҳи осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти осоишгоҳ расман оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, осоишгоҳ бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон бо шароити хизматрасонии осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуда, ба иҷрои корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Он дар як мавзеи зебо ва хушбоду ҳавои ноҳияи Рашт бунёд шуда, аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд. Дар биноҳо шароити мусоиди истироҳат фароҳам буда, барои калонсолону кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бунёд карда шудааст.
Осоишгоҳ дорои ошхона барои 65 нафар, майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Барои дармонбахшию истироҳати кормандони ҳифзи ҳуқуқ осоишгоҳ бо навтарин таҷҳизот таъмин гардида, имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.

Боздид аз боғи интенсивии “Пайванд - Рашт”
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд - Рашт” шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии “Пайванд - Рашт” баҳори соли 2016 дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд гардидааст. Дар 58 қатори боғ 7474 бех ниҳолҳои ноку себ, ки ба содирот нигаронда шудааст, парвариш ёфта истодааст. Ин ҷо 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Аз вазъи боғ ва нашъунамои хуби ниҳолҳо аён мегардад, ки аз тарафи мутахассисон агротехникаи парваришро хуб ба роҳ мондаанд.
Дар  боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати самимӣ доир карданд. Пешвои миллат ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштамъи Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди боғу токпарварӣ андешаронӣ карда, маслиҳатҳои муфид доданд.
Супориш дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, оянда дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд ва ҷиҳати хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосили боғ барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд намоянд. 
Ташкили боғҳои нав агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун  ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 2603

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед