logo

сиёсат

СИЁСАТИ САНҶИДАШУДА ВА ДИПЛОМАТИЯИ БОТАВОЗУН

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман моҳи майи соли 1944 таъсис ёфта бошад ҳам, вале он танҳо вазифаи ҳалли масъалаҳои ташрифотиро бар дӯш дошт. Танзими сиёсати хориҷӣ ва нақшофарӣ дар арсаи байналмилалӣ ба масъулияти ниҳодҳои дигар вогузор гашта буд. Бинобар ин, сиёсати хориҷӣ, барқарории равобити байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ рушди фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ муяссар гардид.
Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои  сиёсии Ҳукумати мамлакат, инчунин таҳкиму тақвияти  ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ин суханронӣ, аз як тараф паёме ба ҷаҳониён аз зуҳури давлати мустақили тоҷикон бо нақшаву барномаҳои мушаххас барои оянда бошад, аз тарафи дигар самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлати тозабунёди моро муайян кард. Ба ҳамин хотир, ин сана Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ эълон шуд.
Баъдан, кишвари мо тадриҷан ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Бояд хотирнишон сохт, ки эҳёи равобити хориҷӣ ва шиносондани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд. Бинобар ин, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо ба ин бахши давлатсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Тоҷикистон бо эътирофи асноди байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади  хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо пойдевори сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  худро  гузошта,  эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он,  сарфи  назар  аз  мансубияти  миллӣ,  мазҳабӣ,  нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олист.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли истиқлолияти хеш бо барқарор намудани муносибатҳои ду ва бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонд. Дар ин давра кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшид.
Ҳукумати мамлакат ҳамкориҳоро бо созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, ба монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ба роҳ мондааст
Айни ҳол, Тоҷикистон дар ниҳодҳои СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014-2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014-2018 узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад.  Инчунин, узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ташаббус нишон медиҳад. Соли ҷорӣ Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардид. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори кишвари мост.
Тоҷикистон муаллифи се ташаббуси бузург - «Соли байналмилалии оби тоза - 2003»,  «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт 2005 - 2015» мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд. Пешниҳоди дигари Президенти мамлакати мо дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҳамовозӣ пайдо карда, заминаи иҷрои он дар ҳоли баррасист.
Меҳвари сиёсати хориҷии моро сиёсати “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. Тоҷикистон пас аз барқароршавии сулҳу субот ва таҳкими амнияту оромӣ, сиёсати мазкурро пеш гирифт ва дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам боз намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони сиёсати “дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд ва ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.
Сиёсати хориҷии мустақил, ки тавассути Пешвои миллат роҳандозӣ мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда, прагматикӣ ва воқеъбинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад.
Вафо НИЯТБЕКОВ,
сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии
сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2016    №: 193    Мутолиа карданд: 2419

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед