logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Сафари кории Пешвои миллат ба деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз
Субҳи 28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Меҳмони олимақомро дар варзишгоҳи деҳоти Сағирдашт роҳбарияти вилояту ноҳия ва аҳли санъату фарҳанг бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва шодию нишоти беандоза истиқбол гирифтанд.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиберо бо омезиши санъати муосир ва расму ойинҳои миллӣ манзур намуданд.
Барномаи аҳли ҳунару фарҳанги ин гӯшаи зебои Тоҷикистонро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, ба ҳунари мардуми ноҳияи Дарвоз баҳои арзанда доданд.

Боздид аз Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ намунаи ҳунарҳои дастиро, ки расму ойини аҷдодии мардуми кӯҳистонро таҷассум мекард, ба маъраз гузошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои занҳои кадбону, ки бо пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, аҳсан гуфтанд. Модарони рӯзгордидаи ноҳияи Дарвоз ҷараёни бо чархаи дӯғкашӣ гирифтани равғани маска ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хуштаъмро ба намоиш гузоштанд. Сокинони ноҳия бо истифода аз маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи барзгарону боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон як гӯшаи намоишгоҳро зебу зиннат бахшиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунару маҳорат ва заҳмати меҳнаткашон шинос шуда, ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи занбӯриасалпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Зикр шуд, ки сол ба сол оилаҳои занбӯри асал дар минтақа бештар гардида, соли гузашта занбӯриасалпарварон беш аз 60 тонна асали аз лиҳози экологӣ тозаю серғизо гирифтанд. Танҳо занбӯриасалпарварони деҳоти Сағирдашт дар мавсими имсолаи ҳосилгирӣ беш аз 40 тонна асали хуштамъ гирифтанд.
Кишоварзону боғдорон маҳсулоти тару тоза ва коркардшудаи худро дар растаҳо ба маъраз гузоштанд, ки дарак аз пешрафти рушди соҳа медод. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону хоҷагидорон суҳбати самимӣ намуда, бобати самаранок истифода кардани ҳар ваҷаб замини доманаи кӯҳҳо ва обёрӣ намудани заминҳои санглоху бекорхобида маслиҳат доданд.
Ҷангалпарварони ноҳияи Дарвоз бошанд, дар ин рӯз намунаҳое аз гулу гиёҳ ва рустаниҳои шифобахши ин мавзеъро пешниҳоди меҳмонон гардонданд.
Сарвари давлат ҳамзамон бо маҳсулоти корхонаҳои «Карон мармар», «Гавҳарнигор» ва ёдгориҳои таърихии шаҳраки Карон, инчунин маҳсули дасти занону духтарони корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» низ ошно шуданд.
Ба дастовардҳои хоҷагии Кооперативии зотпарварии «Сағирдашт», ки ба парвариш ва нигоҳубини гӯсфанди маҳинпашм машғул аст, Президенти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати барқарор кардани шуҳрати пешинаи он дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, намудҳои зоти аспи тоҷикӣ, қутос ва гӯсфанди маҳинпашм ва ҳисориро ба намоиш гузошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ, махсусан қутоспарварӣ дар деҳоти Сағирдашт, ки дорои имконияти фарох мебошад, дастур доданд.

Ба сохтмони мактаби нав санги асос гузошта шуд
Баъди анҷоми маросими истиқболи гарму самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 350 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.
Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор қисм иборат буда, дар онҳо биноҳои таълимӣ барои 350 ҷойи нишаст дар як баст бунёд мешавад. Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои технология, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷра барои ҷаласаҳои кумитаи падару модарон, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, ошхона барои 130 ҷой ва толори варзиш бо 200 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд. Арзиши лоиҳаи бунёди муассисаи таълимӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони масъул дастур доданд, ки муассисаро бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Аз рӯи таъкиди Президенти мамлакат, бино бо маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бояд солҳои зиёд ба насли зодаи истиқлол хизмат намояд.

«Карон – Арена» мавриди истифода қарор гирифт
Дар маркази деҳоти Сағирдашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”- ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ бунёд карда шуд.
Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону бошандагони деҳоти Сағирдашт арзёбӣ карданд.
Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу миннатдории худро ба Сарвари давлат баён доштанд.
Ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори ватани хеш хоҳанд шуд.
Дар шафати Варзишгоҳи “Карон - Арена”, ҳамчунин пояи Парчами давлатӣ бо 20 метр баландӣ, 5 метр дарозӣ ва бараш 2 метр афрохта шуд.

Мулоқот бо сокинони деҳоти Сағирдашт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи майдони варзишӣ, гузоштани санги асоси муассисаи таълимӣ ва тамошои намоишгоҳи дастовардҳои аҳли заҳмати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишвар, дар замони Истиқлолияти давлатӣ, ноҳияи Дарвоз босуръат рушд намуд ва буҷети ноҳия аз 38 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 19 миллион сомонӣ афзудааст. Бахусус, дар ин давра ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногун дар деҳоти Сағирдашт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ин раванд то кунун идома дорад.
Пешвои миллат аснои суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои рушди чорвопарварӣ, равнақ додани дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди деҳот ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки соли гузашта дар ду корхонаи заршӯӣ ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст ва таъсис додани корхонаи хурди коркарди пӯсту мӯина дар оянда метавонад ба масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ мусоидат намояд.
Тавре маълум аст, дар фасли зимистон роҳи мошингарди деҳоти Сағирдашт ба маркази ноҳия тавассути ағбаи Хобурубот ба муҳлати шаш моҳ баста мешавад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ дастур доданд ва Вазорати нақлиёти кишварро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бунёди шоҳроҳи Душанбе – Тавилдара – Қалъаи Хумб тавассути маркази деҳоти Сағирдашт пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд.
Аснои суханронӣ, ҳамчунин, Пешвои миллат ба роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомот супориш доданд, ки шумораи квотаи президентиро барои фарзандони сокинони деҳоти Сағирдашт боз ҳам зиёд намоянд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳоти Сағирдашт баромад карда, барои таъмини шароити            созгори кору зиндагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипосу қадршиносӣ намуданд.

Боздид аз Қисми низомии 02011Б - и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа
Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  маросими  аз  нав  ба  фаъолият оғоз намудани Қисми низомии 02011Б - и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд.
Қисми низомии мазкур пас аз таъмиру тармими пурра, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки феълан дар он барои сарбозону афсарон шароити муосири хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Корҳои таъмиру тармим ва муҷаҳҳазсозии ин воҳиди низомӣ бо назардошти мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии он сурат гирифта, барои тамоми фаслҳои сол, махсусан сардии зиёди ҳаво мутобиқ кунонда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароити қисми низомӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуда, бо афсарону сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Ҳамчунин дар қисми низомӣ китобхона, хонаи хизматӣ – маишӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои ҳарбиву тактикӣ ва варзишӣ, марказҳои таълимӣ ва дигар иншооти хидматии ҳайати шахсӣ ҷой дода шудааст. Вобаста ба шароитҳои мавҷудаи қисми низомии мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва руҳану ҷисман омода намудани онҳо барои ҳифзи марзу буми ватан ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин қисми низомӣ Ротаи таъйиноти махсуси лижаронҳо амал мекунад, ки ҳайати шахсии он омодагии хуби ҷангӣ дошта, дар фасли зимистон, бахусус ҳангоми зиёд гардидани барф, имкон доранд вазифаҳои ҷангиашонро сари вақт ва муваффақона иҷро намоянд.
Дар ҳудуди қисми низомии мазкур инчунин як бинои истиқоматӣ бо шароити зарурии зист низ сохта шудааст, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ иқомат менамоянд. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва дар назди ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи дилхушии кӯдакона низ бунёд ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, тайи чанд соли охир дар саросари мамлакат, як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, комиссариатҳои ҳарбӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва оилаҳои онҳо ва дигар иншооти ёрирасони низомӣ бунёд карда шудаанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити Қисми низомии 02011Б - и Вазорати мудофиа Президенти мамлакат дар назди сарбозону афсарон сухнаронӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд.
Дар фарҷом афсарону сарбозони қисми низомии мазкур зери оҳанги Оркестри ҳарбии нафасӣ аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2016    №: 193    Мутолиа карданд: 2597

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед