logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "МО АЗ ДАСТГИРИИ МАРДУМ ИФТИХОР ДОРЕМ"

Ба истифода додани маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
27 сентябр, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуданд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки лоиҳаи ин иншооти варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» омода гардида, иншоот аз ду қисм иборат мебошад. Бинои якум аз толори варзишӣ бо 1790 ҷойи нишаст ва бинои дуюм аз 3 ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якум утоқи корӣ барои роҳбарият, ошёнаи дуюм барои бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, утоқи либосивазкунӣ, ошёнаи сеюм бошад, дорои толори машқ, фитнес-зал, ошхона, утоқҳои маъмурӣ, духтуру ҳамшираи шафқат, лавозимоти варзишӣ ва утоқҳои машғулиятҳои умумӣ мебошад.
Дар як тарафи паҳлуи толори варзиш пешайвон барои 40 ҷой барои шореҳон ва кормандони матбуот пешбинӣ шудааст. Маблағи корҳои сохтмонию васлгарии иншооти мазкур 18 миллону 668 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
26 – уми августи соли 2011, аснои сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Пешвои миллат дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт санги асоси ин иншооти варзиширо гузошта буданд.
Бунёди маҷмааи варзишӣ соли 2012 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи миллати тоҷик 25 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
Фармоишгари маҷмааи варзишӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «СТС-ИНШООТ» бунёд гашт.
Имрӯз дар ноҳияи Рашт 16 толор, як маҷмааи варзишӣ ва як мактаби варзишӣ барои ҷавонон ва наврасон амал мекунад. Фақат дар мактаби варзишӣ беш аз 400 нафар ҷавонон аз рӯи 10 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд.
Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар минтақа нахустин ва бузургтарин маҳсуб меёбад, зеро бо тамоми таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин аст.
Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳа, варзишгарони кишвар дар риштаҳои гуногуни варзиш Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва номи давлати соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.
Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти варзишӣ имкон фароҳам мегардад, ки бо истифода аз тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла толорҳои варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра доир карда шаванд.

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳия
Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави коллеҷи тиббии ноҳияро мавриди баҳрабардории қарор доданд.
Бино 3 - ошёна буда, дар ошёнаи якум даромадгоҳ, даҳлез, 4  ҳуҷраи озмоишӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави таълимӣ Сарвари давлат ба кори сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти навро ба донишҷӯёну омӯзгорон муборакбод намуданд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» мебошад.
 Сохтмони бинои нави коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт соли 2013 оғоз гардида, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бедак” онро дар муддати се сол бо сифати баланд сохта ба истифода дод. Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, барои илмомӯзии донишҷӯён беҳтарин шароити таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, коллеҷи тиббӣ дорои ошхона бо 60 ҷой, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Ҳамзамон, дар коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо толори замонавӣ барои 250 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз 3 ошёна ва аз 138 ҷойи хоб иборат буда, дар он ҳамаи шароитҳо барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Бино  дорои синфхонаи компютерӣ, толори хониш, ошхона ва шустушӯйхона мебошад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 - 2016» Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 сохтмони бинои хобгоҳро оғоз намуда буд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки харҷномаи иншоот тибқи лоиҳаи кории он маблағи 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ буда, он бо маблағи 5 миллиону 71 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ сохта мавриди истифода дода шудааст.
Донишҷӯёну омӯзгорон ифтитоҳ ва фароҳам овардани чунин шароти замонавиро дергоҳ интизор буданд ва инро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод мекунанд ва барои дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи маорифи кишвар арзи сипосу миннатдорӣ менамоянд.

Боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳия
Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Раштро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ асосан мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ба хотири эҳё ва рушди онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рӯзгорро пешниҳоди меҳмони олимақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда буданд.
Дар ҷойи аввал кадбонуҳои ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, нону кулча, қаламаю чапотӣ ва қариб 20 намуди анвои аз орд омодашударо ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин ҳунари бонувони ноҳияи Рашт ба онҳо барои тайёр кардани нонҳои ҳаҷман калон, ки маҳорати хоси пухтанро талаб менамояд, баҳои баланд доданд.
Дар гӯшаи дигар маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу ҷурғот, чаккаю равғани маска ва қурут ба маъраз гузошта шуд.
Ба хотири иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи хӯрокворӣ дар шакли консерва, бонуҳои ноҳия дар намоишгоҳ зарфҳои шишагии пур аз меваҷоту сабзавотро бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ омода ва дар намоишгоҳ пешниҳод карданд.
Маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби ҷавондухтарони ҳунарманд бо меҳри хоса пухта шудаву хеле зебо ороиш ёфта буд, ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.
Мушоҳида гардид, ки дар ин ноҳия ҳунари дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзию ҷуроббофӣ, шероздӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ба таври назаррас рушд карда истодааст. Тавре бонувон зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳсули дасти аҳли ҳунар иброз доштанд, бо васеъ кардани доираи фаъолият дар хона ва коргоҳҳои алоҳида онҳо аз ин манфиати зиёд гирифта, барои пеш бурдани зиндагии худ истифода менамоянд. Занони ҳунарманд, инчунин, бо мақсади қонеъ кардани талаботи хонандагони мактабҳо дӯхти сарулибоси мактабиро низ васеъ ба роҳ монда, бо мактабҳо шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.
Дар ноҳияи Рашт, дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ, заргарӣ низ аз байн нарафта, аз ҷониби оилаҳои алоҳида рушд ёфта, пойдор мемонад. Устоҳои чирадасти ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти заргарӣ, аз қабили гӯшвору муҳра, бозубанд ва дастмонаву дигар ороишоти нуқрагиро ба маъраз гузоштанд.
Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳунари чӯбтарошӣ, кандакорӣ ва дуредгарӣ маълуму машҳур аст ва дар намоишгоҳи имрӯза низ устоҳои ҳунарманди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия табақҳои гуногуншаклу қошуқ, гаҳвора, сандуқ, дару тиреза, сабад ва асбобҳои мусиқиро бо ҳунари воло сохта, ба намоишгоҳ оварданд.
Ҳарчанд дар замони навин истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ ва асбобҳои рӯзгор пеш рафтаву тараққӣ карда бошад ҳам, сифати маҳсулоти оҳангарон аз мадди назар дур намонд. Онҳо намудҳои гуногуни асбобҳои дар хоҷагӣ зарур, аз қабили корд, досу болға, табар ва дигар таҷҳизотро истеҳсол карданд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар навозандагию овозхонии як модари тоҷик, ки дуои бақои давлату Пешвои миллатро карданд, маъқул афтод ва Президенти мамлакат ба ҳунари онҳо баҳои баланд додаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳ ба ҳунари волои занону бонувони ҳунарманд, устоҳои чирадаст, оҳангарону дуредгарон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёи расму оинҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои хоси аҷдодон ҳидоят намуданд.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт ва иштирок дар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ
Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинони ноҳияи Рашт, ки барои вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскоронро ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тамошо намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли сокинони кишварро бо ҷашни муқаддасу мубораки 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва бо туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон симои ноҳияи Рашт куллан дигаргун шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бунёди як қатор иншооти хурду калони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла мактабу марказҳои саломатӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои нави хизматрасониву маъмуриро намунаи дастовардҳои ноҳия дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ дар замони истиқлолият дар ноҳияи Рашт барои сохтмону таҷдиди иншооти гуногун қариб 500 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳаҷми 360 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 310 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқароркунӣ ба анҷом расонда шудааст. Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия дар 10 соли охир 149 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 270 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия ва, бо ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаҳои боғдорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дигар бахшҳои муҳим дар ноҳияи Рашт тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳияи Рашт барои пазироии самимии Пешвои миллат ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Рашт минбаъд низ рисолати муқаддаси худро, ба хотири тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон ва таҳкими пояҳои он, содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайраташонро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар менамоянд.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунрмандони ноҳия ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  оғоз гардид.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ ба таври идона ороста шуда, базмгоҳи ҳақиқиро мемонд. Аҳли ҳунар бо барномаи рангини хеш дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро тараннум карда, дар васфи Пешвову қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва файзи ваҳдату истиқлолият суруд хонданд.
Тантанаҳои идонаи ҷашни бузурги истиқлолият хеле бошукӯҳ ва барои тамошобинон хушу хотирмон баргузор шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2016    №: 193    Мутолиа карданд: 2753

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед