logo

фарҳанг

ФИЛМҲОИ МУСТАНАД. АЗ ШИНОХТ ТО ИНЪИКОСИ ВОҚЕИИ МУШКИЛОТИ ЗАМОНИ МО

Солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар як сол аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ тақрибан на камтар аз 20 филми достонӣ (ҳунарӣ, бадеӣ) ва зиёдтар аз ин филмҳои кӯтоҳу мустанад (ҳуҷҷатӣ) тавлид мешаванд. Истеҳсолкунандаи асосии филмҳо фақат киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” нест. Яъне монополияи истеҳсоли филмҳо, тавре ки дар замони шӯравӣ буд, вуҷуд надорад.
Метавонем чанд филми мустанад ва достониеро, ки аз назари ман ба мақсаду мароми замон мувофиқанд, мавриди муҳокима қарор бидиҳем. Сухан аз филмҳои мустанаде меравад, ки бо самимияту пухтакории хеш дар шинохту инъикоси мушкилиҳои ҷомеаи кунунӣ баҳс мекунанд.
Бояд иқрор шуд, ки солҳои охир филмҳои ҳуҷҷатӣ хеле кам таҳия мешаванд. Бозори намоиши ин гуна филмҳо вуҷуд надорад.  Солҳои шӯравӣ пеш аз намоиши филми ҳунарӣ як филми ҳуҷҷатӣ низ намоиш медоданд. Арзиши онҳо муайян буда, ба нархи филми бадеӣ зам карда мешуд. Филмҳои мустанадро шабакаҳои телевизионӣ низ харидорӣ мекарданд ва ба намоиш мегузоштанд. Ҳоло на мехаранд ва на намоиш медиҳанд. Филмҳои мустанаде, ки дар дохили шабакаҳои телевизионӣ (ба мисли бахши “Тоҷиктелефилм” -  и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон) бо сабки телевизионӣ сохта мешаванд, мавзӯи баҳси дигаранд.
Аз синамогарони ҳирфаӣ ва маъруфи мо Георгий Дзалаев, Орзу Шарифов, Сафарбек Солиев  ва Озод Маликов  ғолибан дар сабки филми мустанад асар меофаранд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ созандагони филмҳои мустанади тоҷик хеле маъруф буданд. Ҳар сол дар жанрҳои гуногун то 25 – 30 филм сохта мешуд.
 Солҳои охир чанд филми мустанади фармоишиву тарғибӣ низ таҳия шуданд. Одатан ҳар чизе, ки фармоишӣ аст, дар он ҳар чизеро, ки фармоишгар мехоҳад, нишон медиҳанд. Вале, дар баробари ин, ҳуҷҷатнигорони асилу ҳирфаии мо ҳатто дар филмҳои фармоишӣ низ тавонистаанд роҷеъ ба масоили мубрами инсон ва ҷомеа сухани наву ҷолиб ва, аз ҳама муҳим, воқеӣ бигӯянд. Дар асл тарзе бояд бошад, ки таҳиягар ё  коргардони  мустанадсоз озодона филм биофарад, вазъи аслии ҷомеаро воқеъбинона инъикос намояд.
Яке аз дастовардҳои назарраси  кинои мустанад филми “Комил” бо коргардонии Сафарбек Солиев ба ҳисоб меравад.  Филм дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз асосгузорони синамои Осиёи Марказӣ – Комил Ёрматов нақл менамояд. Филм бо ташаббуси худи Сафарбек дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Русия ба маърази тамошо гузошта шуд. Тамошобинон бо тақдири мураккаби устод Комил Ёрматов ошно шуданд.
Дар маҷмӯъ филм хеле ҷолиб ва комил ба назар мерасад ва боиси қадрдонии ин ташаббуси ибратбахш низ ҳаст. Филм чеҳраи нотакрори Комил Ёрматовро дар сурати хеле бамаврид овардани суҳбатҳо ва пайдо кардани маводи таърихӣ (аксҳо, мактубҳо) баррасӣ намудааст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки Сафарбек қаҳрамонашро танҳо бо обуранги мусбӣ нишон надодааст. Ёрматов бо тамоми хислатҳои мураккаби инсониаш, ки ҳам хубӣ дошту ҳам костагӣ, ҳам ғамхор буду ҳам бераҳм, инъикос ёфтааст ва боиси эътимоди тамошобини нуктасанҷ низ шудааст. Ҳамаи ин аз соҳибкасбии Сафарбек аст, ки филмро муваффақ гардондааст. 
Филми дигари ҷолиби мустанад “Маҳмадулло – аз кишвари хуршед” аст, ки бо коргардонии Аловуддин Абдуллоев  рӯи навор омадааст. Филми мазкур соли 2015 дар Кинофестивали дувуми миллӣ таҳти унвони «Нигоҳи баробар», ки ба ҳаёти одамони “маълул” - дорои маъюбият бахшида шуда буд, ба ҷоизаи аввал қадр карда шуд. Ин филм низ бо ташаббус ва маблағи худи офарандагони он тавлид шудааст ва аз зиндагии Маҳмадулло – як нафаре, ки ба иллати “дауна” гирифтор аст, нақл мекунад.
Филм аз нигоҳи усули пешниҳод анъанавӣ аст. Аммо чеҳраи қаҳрамонаш хеле ҷолиб инъикос ёфтааст. Маҳмадуллоро бисёриҳо на ба хотири иллаташ таърифу тавсиф мекунанд. Номбурда ходими Театри Қӯрғонтеппа буда, дар намоишҳои мухталиф ва ҳам дар филми машҳури Муҳсини Махмалбоф “Марде, ки бо барф омад” нақши намоёнро бозидааст. Яъне мароми филм дар он аст, ки дигар шахсони дорои маъюбият аз зиндагӣ рӯҳафтода нашаванд, мисли Маҳмадулло фаъол бошанд. 
Набудани толорҳои муосири филмнамоишдиҳӣ ва умуман мавҷуд набудани системаи дистрибутсияи (пахши) филмҳо мушкили умдаи синамои миллии мо аст, ки на танҳо ҷавонони ташаббускор, балки студияи давлатии “Тоҷикфилм” - ро низ мувоҷеҳ кардааст. Ин ҳолат замони ба сарзамини мо омадани ҳунари “ҳафтуми инсоният” – синаморо дар солҳои 20 - уми асри ХХ ба ёд меорад.
Сафар ҲАҚДОДОВ,
раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 3344

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед