logo

ҳуқуқ

ҲИФЗИ ОИЛА - ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ ҶОМЕА

Чуноне ки маълум аст, издивоҷи хешовандӣ, никоҳи барвақтӣ, маърифати оиладорӣ ва коҳиш додани пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз масъалаҳои умда маҳсуб меёбад.

Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Солномаи оила» гузаронда шуд. Инчунин, дар давоми сол аз рӯйи нақшаи тарҳрезигардида дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Норак, Восеъ ва Муъминобод семинари ҷумҳуриявӣ бо иштироки кормандони соҳа гузаронда шуда, дар рафти он кормандон  аз кору фаъолияти якдигар шинос шуданд. Вохӯриву суҳбатҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, донишгоҳҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бори дигар нишон дод, ки масъалаи мазкур масъулияти махсусро талаб менамояд. 
Мақсад аз гузарондани ин чорабиниҳо баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, либоспӯшии ҷавондухтарон, эҳёи суннатҳои миллии аҷдодӣ, пешгирӣ намудани никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва ҳаракатҳои тундгаро  буда, барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани фарзандон нигаронда шудааст.
Дар натиҷаи чорабиниҳои гузарондашуда вайроншавии оилаҳо дар вилоят кам гардид. Мавриди зикр аст, ки дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ ва идоракунии давлатие, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омад, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Ҳадафи асосии фаъолияти соҳаро ба вуҷуд овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ баҳри пешрафти давлат ва бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Мисоли равшани дастовардҳои мазкур ба тарзи анъанаҳои миллӣ номгузорӣ намудани шаҳрвандон, аҳдномаи никоҳ, муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, созишномаи пардохти алимент, муқаррар намудани синни никоҳӣ, ҳатмӣ будани аҳдномаи никоҳ ҳангоми бастани ақди никоҳи унсури хориҷидошта бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарияти ҳуқуқҳои кӯдакон дар оила, муқаррар намудани фарзандхондӣ ва монанди инҳо ташкил медиҳанд, ки падидаҳои мазкур дар навбати аввал хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои мустаҳкам гардондани оила, ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои гурӯҳи шахсони осебпазир, аз қабили занон ва кӯдакон нигаронда шудааст.
Зинатгул САФАРЗОДА,
сардори шуъбаи раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати
адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 3005

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед