logo

иҷтимоиёт

САНГВОР ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ маҳалҳои аҳолинишини навоҳии дурдаст   ба тадриҷ ободу зебо гашта, ҷамоату шаҳракҳо  дар муддати кӯтоҳ  ҳусни худро  дигар мекунанд. Пешрафту гулгулшукуфоии  маркази ноҳияи Сангвор - деҳаи Тавилдара мисоли ин гуфтаҳост.

Масъулони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и ноҳия  дар ободонию  тозагӣ,  таъмини равшании гузаргоҳҳо ва  дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ дар деҳаи Тавилдара саҳми назаррас мегузоранд.    Талабшо Назаров, сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии  ноҳия,  изҳор дошт, ки ороиши биноҳои истиқоматию  маъмурӣ,  кӯчаю  хиёбонҳо,  гулгаштҳо ва шукуфоию озодагии  маркази ноҳия аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. 
Корхонаи номбурда  имсол бо ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон наздики 250  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.  Ҷиҳати иҷрои корҳои ободонию  созандагӣ ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия дар ин муддат ба муассисаи мазкур  беш аз 180 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 - солагии истиқлолияти кишвар кормандони бахши коммуналӣ зиёда аз 300 метри муккааб  партовҳои маиширо аз маконҳои аҳолинишин берун бароварданд. Ҳамчунин, дар кӯчаю биноҳои маъмурӣ қариб 300 метри мураббаъ  парчаму овезаҳои ороишӣ насб намуданд. 
- Ҳамаи роҳҳои маркази ноҳия асфалтпӯш гардида, дар хиёбонҳо 66 фурӯзонак насб карда  шуд. Сокинони ҷамоати деҳот  пурра ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.  Бо  кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 300 метр қубурҳои обгузар, ки 10 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи омадани сел онҳо вайрон гардиданд,  аз нав васл карда шудаанд. Ҳоло кормандони соҳа таҷдиду барқарорсозии  ҷӯйҳои бетонии шафати роҳҳои ноҳияро ба нақша гирифта, техникаҳои заруриро барои анҷоми  ин кор сафарбар намуданд, - мегӯяд Талабшо Назаров.
Х. ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.07.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 2800

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед