logo

иҷтимоиёт

МОЯИ ФАХР БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ИҚТИСОДЧИИ ХИЗМАТНИШОНДОДА КАРИМ ШАРИФ

Ӯро хеле барвақт ҳанӯз аз овони мактабиям мешинохтам. Чун дар борааш зиёд мешунидам, аз маҳсули фаъолият ва кору пайкораш низ то ҷое огаҳӣ доштам. Медонистам, ки Карим Шариф дар кӯдакӣ ятим мондаву дар маҷрои пурталотуми зиндагӣ ҳанӯз дар хурдияш бузург шудааст. Зеҳни тезу ақли расояш аз назари масъулони давр пинҳон намонду пас аз хатми синфи 7 - ум вазифаи басо пурмасъулият - ҳисобчии колхози “Октябри Сурх” - и ноҳияи Балҷувонро бовараш карданд. Пас аз чанде Карим Шарифи ҷавон вазифаи дигари пурмасъулият- котиби прокуратураи ноҳияро ба зимма гирифт.
Фаъолияти минбаъдаи ӯ баъди адои хизмати аскарӣ ба ҳайси котиби шӯрои деҳоти Саталмуш, мудири шуъбаи кумитаи ноҳиявии комсомол ва мудири шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Балҷувон идома ёфта, миёни мардум чун шахси кордону масъулиятшинос маъруф гашт.
Соли 1956 баъди хатми Техникуми омори ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ҳамчун мутахассиси соҳибмаълумот ба ноҳияи дурдасти Шӯрообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) ба сифати сардори шуъбаи ноҳиявии  омор ба кор рафт. Чун таҷрибаи бойи корӣ дошт, дар як муддати кӯтоҳ низоми дафтардориву ҳисобро пурра барқарор кард. Дар ҳамаи идора, муассисаву хоҷагиҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд. Соли 1959 маъракаи барӯйхатгирии чоруми аҳолӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ба давраи роҳбариии Карим Шариф рост омад. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди шароити кӯҳсори Шӯрообод, барои ҷамъбаст, ширкати фаъолона дар омодагӣ ва баргузории чорабинии сатҳи умумииттифоқӣ хизмати ӯро бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Раҳматномаи Совети Вазирони Тоҷикистон (1959) қадр намуданд.
Ҳамаи онҳое, ки Карим Шарифро мешинохтанд, чунин қадршиносии сатҳи баландро хеле хуб истиқбол намуданд, зеро чӣ гуна шахс ва ба чӣ қодир будани сардори шуъбаи оморро ҳамагӣ нағз медонистанд. Ҳалолкориву серталабӣ ва масъулиятшиносиашро, ки сарварони хоҷагиву корхонаҳо ба хубӣ эҳсос менамуданд, супоришу нақшаҳоро сари вақт ва бе каму костӣ ба сомон мерасонданд. Ба қавли худи мардум заҳматҳои тӯлонӣ ва хастанопазири кадри ҷавони кордӯст ниҳоят самари нек доданд.
Пас аз  барҳам хурдани ноҳияи Шӯрообод Карим Шарифро сардори шуъбаи омори ноҳияи Данғара таъйин намуданд. Ва ӯ 29 сол бетанаффус роҳбари  ин идора буд. “Ҳама обрӯ, қадру манзалат, зиндагонии хушу хуррами оилавӣ, саодати хонаводагиро ман аз кор, аз меҳнати ҳалол ёфтам”, - мегуфт худи Карим Шариф, ки дар суҳбатҳои хос воқеан ширинсухан буд.  Ба қавли Қурбоналӣ Шариф, собиқадори маориф: “Карим Шариф номи некро аз поквиҷдонӣ ва ростиву росткорӣ дарёфтааст”.
Воқеан, хизматҳои тӯлонӣ ва босамари Карим Шариф бо медалҳои “Барои меҳнати шоён ва фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Барои меҳнати шоён ба муносибати 100 - солагии зодрӯзи В. И. Ленин”, унвони “Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон”, ордени “Нишони фахрӣ” ва амсоли инҳо қадр шудааст.
Ба ёд овардани кору пайкор, зиндагӣ, заҳмати софдилонаи чунин мардони давр барои насли наврас мояи фахру намунаи ибрат аст.
Умари ШЕРХОН,
Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 2846

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед