logo

иҷтимоиёт

ЖУРНАЛИСТИКА. ВАЗЪИ ТАРБИЯИ КАДРҲО БЕҲТАР МЕГАРДАД

Дар таърихи навини мо беҳтар аз истиқлол санае нест. Маҳз дар ҳамин давра ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар рӯ ба тараққӣ овард. Дар муддати кӯтоҳ системаи нави таълимии ҳозиразамон дар ҳамаи соҳаҳо, ҳам таҳсилоти миёна, ҳам таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ ба вуҷуд омад ва дар амал тадбиқ шуд. Кадрҳои болаёқат тарбия ёфтанд.
Ман ҳамчун мутахассиси соҳа дар бораи журналистика сухан гуфтан мехоҳам. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ як шуъбаи журналистика дар ҳузури Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мавҷуд буд, ки ҳар сол то 25 нафар шогирд қабул мекард. Дар он се нафар доктор ва се номзади илм кор мекарданд. Ҳоло бошад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети алоҳидаи журналистика ва шаш шуъбаи журналистика дар донишгоҳҳои дигар амал мекунанд. Дар онҳо бештар аз 50 нафар муаллимон дарс медиҳанд ва ба ин ихтисос солона то 250 - 300 нафар донишҷӯ қабул карда мешавад. Барои мисол, ба факултети журналистикаи ДМТ ҳар сол қариб 120 донишҷӯ қабул карда мешаванд, ки онҳо дар чор шуъба аз рӯйи шаш ихтисоси журналистика касб меомӯзанд. Инак, се сол мешавад, ки дар факултет гурӯҳи русӣ низ амал мекунад. Ҳоло дар факултет шаш нафар доктор ва қариб 20 нафар номзади илм ва як идда муаллимони соҳибкасб ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Боз ду нафар доктори илм дар раванди таълим ҳамкорӣ мекунанд. Аз ин аст, ки барои аксарияти фанҳо дастур ва барномаҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои ҳозиразамон сохта шудааст.
Баъзеҳо ба шубҳа меоянд, ки ин миқдори зиёди журналистон оё аз рӯйи эҳтиёҷоти кишвар аст? Оре, ин мувофиқи талаботи иқтисоди кишвар аст, зеро дар замони истиқлолият ба сабаби амалӣ шудани сиёсати давлатӣ оид ба озодии матбуот теъдоди зиёди воситаҳои ахбори омма дар ҳамаи навъҳои расонаи гурӯҳӣ ба амал омадаанд, ки онҳо ба кадрҳо эҳтиёҷ доранд. Ҳоло танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз 20 номгӯйи рӯзнома, қариб 10 - то маҷалла, 7 барномаи телевизионӣ, як телевизиони мустақил, шабакаҳои радиоии мустақил ва ҳукуматӣ, агентиҳои хабарӣ амал мекунанд. Дар ҳамаи вилоятҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон рӯзномаҳо ва дар иддае аз онҳо телевизион ва радиои маҳаллӣ амал мекунад, ки ҳамаи онҳо низ ба кадрҳои журналистӣ эҳтиёҷ доранд. 
Мутахассисони ҷавони ҳозира на танҳо дарсҳои анъанавиро, ки ба назария ва таърихи журналистика иртибот доранд, балки, ҳамчунин предметҳои наверо, ки ба технологияҳои муосир марбутанд, аз ҷумла интернет, кино ва камера, сабти навор ва сабти овозро меомӯзанд ва дар амалия тадбиқ мекунанд. Вале, муҳимтар аз ҳама, барои журналистон дарки ҳодисаҳои муҳими иқтисодӣ - сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон муассир аст ва устодон бо дониши назариявӣ ба васеъ намудани ҷаҳонбинии журналистон саҳм мегузоранд. Ҳамчунон, омӯхтани анъанаҳои неки публитсистикаи тоҷик аз публитсистикаи китобии асримиёнагӣ сар карда, то публитсистикаи китобии сиёсии Аҳмади Дониш, Фитрат, Мирзо Сироҷ, аз публитсистикаи тоҷикшиносонаи устод Айнӣ сар карда, то публитсистикаи ватанпарваронаи Лоҳутӣ, публитсистикаи сиёсии Турсунзода, публитсистикаи мавзӯъҳои истеҳсолии Мутеулло Наҷмиддинов ва Аъзам Сидқӣ, эҷоди публитсистии Фазлиддин Муҳаммадиев, Шодон Ҳаниф, Шодӣ Саид, Отахон Латифӣ, Бахтиёр Муртазоев ва дигарон омӯзонда мешавад. Мо ҷавононро ба эҷоди асарҳое ҷалб мекунем, ки дар онҳо имрӯз ғояҳои миллатпарварӣ ва сулҳу ваҳдат, ки дар амали Сарвари давлат ифода меёбанд ва боиси шукуфоии кишвар мешаванд, баён гардад. Шогирдони мо бояд иштирокчӣ ва мубаллиғони он дигаргуниҳои азиме гарданд, ки ба шарофати истиқлол дар Тоҷикистон ба амал меоянд.
Дар маҷмӯъ Истиқлолият ба тарбияи кадрҳои журналистикаи Тоҷикистон, беҳтар шудани базаи моддию таълимии соҳа дар муассисаҳои олӣ, баланд гардидани сатҳи дониши касбии публитсистони тоҷик заминаи мусоид фароҳам  овард.
Н. УСМОНОВА,
мудири кафедраи матбуоти
факултети журналистикаи ДМТ


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 2980

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед