logo

иҷтимоиёт

ҒАМХОРӢ. СОБИҚАДОРОН АЗ ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БАРХӮРДОРАНД

Дар шаҳри Душанбе Конфронси VII Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр гашт, ки аъзои шӯро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафар намуда, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва баланд бардоштани нақши созмони собиқадорон, бавижа мустаҳкам намудани робита бо Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, истифодаи таҷрибаи пешқадам оид ба корҳои ташкилӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии ҷавонон корҳои назаррас анҷом додаанд.
- Масъалаи ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар гурӯҳҳои собиқадорон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Мувофиқи маълумот, дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ба маъюбону иштирокчиёни ҷанг, илова ба нафақа, 11 миллиону 286 400 сомонӣ ёрдампулӣ расидааст. Аз ҷумла, 762 аробаи маъюбӣ, 435 асбоби шунавоӣ дастрас гардида, 348 хонаи истиқоматӣ барои маъюбону заҳматкашони ақибгоҳ сохта ба истифода дода шудаанд, - изҳор дошт раиси шӯро Раҳматулло Қудратов.
Бино ба гуфтаи Раҳматулло Қудратов, бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, фаъолияти баъзе аз созмонҳои ибтидоии минтақаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, комиссияҳои доимии шӯроҳо фаъолияти босамар надоштаанд. Дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳанӯз ҳам камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Бинобар ин, созмонҳои ибтидоӣ ва навташкил вазифадор карда мешаванд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, эмин будан аз гурӯҳҳои ифротӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо дастгирии Шӯрои собиқадорон 1254 хонаи иштирокчиёни ҷангу меҳнат таъмир гардида, ба манзили истиқоматии зиёда аз ҳазор нафар симҳои телефони хонагӣ гузаронда шудааст. Ба 3639 нафар ниёзманд 836 гектар замин барои бунёди манзили зист ва киштукор, инчунин 3725 роҳхати имтиёзнок ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо ҷудо гардидааст.
- Мо мехоҳем, - афзуд Раҳматулло Қудратов, - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо Шӯрои собиқадорон вусъати тоза бахшида, хизматрасонии тиббии ветеранҳои бемору бистариро таҳти назорат гиранд ва дар шаҳру ноҳияҳо барои бештар ҷудо намудани роҳхатҳои ройгон ба осоишгоҳҳо чораҳои амалӣ андешанд.
Вакилони Конфронси VII Шӯрои собиқадорон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» - ро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 2924

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед