logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Баъди буридани лентаи рамзии иншооти навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи онро боз як қадами муҳиму боварибахш дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Бинои мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида маблағи сохтмони он тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ беш аз 47 миллиону 409 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ барои хариди таҷҳизот 17 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Бинои Сарраёсати консулии вазорат дар масоҳати умумии 6586 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 9 ошёна ва 45 утоқи корӣ иборат аст. Дар ошёнаҳои аз 1 то 9 - уми раёсат утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳои раёсат, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона ва синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда шудаанд.
Барои дар ҳама фасли сол мӯътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин гардидааст. Дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, муштариён ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ сохта шудааст, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошанд.
Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи ПИЛҶ САНИИОСП, Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжон мей” мебошанд. Бинои Сарраёсати консулӣ бо тарҳи зебои меъморию ороишоти миллӣ сохта шуда, бо шаҳомати хоси худ ба симои пойтахт ҳусни тоза зам кардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои алоҳидаи бинои нав бо шароиту имкониятҳои муосири корӣ бевосита шинос шуда, аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳу услуби бунёди он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи ИДМ дар пешбурди кори консулӣ, низоми раводид ва шиносномаҳои биометрию электронӣ аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда, бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст. Тамоми хизматҳои консулӣ дар Тоҷикистон тариқи электронӣ сурат гирифта, дар бинои нави Сарраёсати консулӣ низоми хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла навбати электронӣ, назорати видеоию электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои корӣ дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар масъулони соҳаро барои беҳтар гардондани сатҳу сифати хизматрасонии консулӣ ва ҷалби мутахассиони ҷавону лаёқатманди забондон ба корҳои дипломатӣ вазифадор карда, таъкид намуданд, ки хизмати босифат ва софдилонаи ҳар як корманди масъули вазорату Сарраёсати консулӣ дар пешбурди сиёсати бобарори хориҷии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани шуҳрату эътибори давлату миллати тоҷик дар асраи байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 2780

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед