logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Хоҷа Ҳофиз. Девони ӯ аврупоиёнро шефтаву вола кардааст
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ тавассути ғазалҳои намакину дилошӯбаш на танҳо дар дилу дида, балки дар рӯзгори муқаррарии мардуми тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад. Шахсияти наҷиб ва осори бегазандаш маҳбуби пиру ҷавон аст. То рӯи кор омадани ҳукумати шӯравӣ девони Ҳофиз китоби дарсии мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, Хоразму Ҳисор… буд.

Ҳанӯз ҳам девони ӯро модарон дар зери сари кӯдаконашон мегузоранд, аз рӯи девонаш фол мекушоянд, дар рӯзҳои шодиву ғам ғазалҳояшро замзама мекунанд, бо Ҳофиз дар розу ниёз мешаванд. Ӯро бо эҳтиром «лисонулғайб» ва «тарҷумонуласрор» мегӯянд. Аммо аврупоиён аз Ҳофиз чӣ гуна истиқбол мекунанд, камтар огоҳӣ дорем. Шеъри оламгири Хоҷа ба аксари забонҳои дунё тарҷума шуда, хонандаи бешумори худро дошта бошад ҳам, вале ба қавли файласуфи маъруфи олмонӣ Фридрих Энгелс, «ашъори ринди бебок Ҳофизро ки забонаш басе ширину хушсадост, ба форсӣ хондан басо гуворост».
Иоҳан Ҳёте (1749 - 1832) соли 1814 бо осори Ҳофиз ошно мешаваду аз дунёи шеъри шарарбори ӯ дигарбора дил канда наметавонад. Саропо шефтаву волаи ашъори Хоҷа гашта буд. Мисли муридон чанде дар ба рӯи ёру дӯстон мебаст ва дар хилват бо Ҳофиз розу ниёз мегуфт. Рӯзе дар рӯзномааш навишт: «Ростӣ, девона мешавам, агар барои таскини ҳаяҷони худ ба гуфтани ғазал оғоз нанамоям. Нуфузи аҷиби ин шахсияти хориқулъоддаро, ки ногаҳон по дар зиндагии ман ниҳод таҳаммул наметавонам кард». Баъдан Ҳёте аз Ҳофиз илҳом гирифта «Девони шарқии муаллифи ғарбӣ»-ро офарид, ки аз беҳтарин осори ӯ дониста мешавад. Ӯ шеъре ба Ҳофиз мебахшад, ки устод Лоиқ онро чунин тарҷума мекунад:

…Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне,
Ман боки шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодиву ғам,
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем,
Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёти шодмонӣ.

Дар адабиёти классикиву муосири форсизабонон садҳо кас аз Ҳофиз пайравӣ намудаву дар ҳаққаш суханҳои баланду латифро арзонӣ доштаанд. Аммо ҳоло гӯш меандозем ба садои файласуф ва нависандаи олмонӣ Фридрих Нитсше, ки бо танини тарона нидо мекунад: «Ҳофизо! Майхонае аз ҳикмат бино кардӣ, ки аз бузургтарин кохи ҷаҳон бошукӯҳтар аст ва бодае аз лутфи сухан дар он фароҳам овардӣ, ки аз тоқати нӯшидани дунёе бештар аст. Ту ҳам майхонаи моӣ ва ҳам бодаи моӣ. Ҳам симурғи моӣ ва ҳам кӯҳи гарони мо. Баландии ҳар қулла нишон аз азамати ту ва умқи ҳар гирдоб ояте аз камоли туст. Сухани ту худ шароби мастибахши хирадмандони ҷаҳон аст. Дигар шароби ангурӣ ба чӣ кор меравад, эй Ҳофиз?!»
Таҳияи
Бузургмеҳри БАҲОДУР

Дабир ва ҳозирҷавобии ӯ
Рашидуддини Ватвот, шоир ва нависандаи бузурги охири қарни шашум, дар хидмати Хоразмшоҳ ба сар мебурд ва мансаби дабирӣ дошт, чунон ки воқеан ба ватвот, яъне парасту шабеҳ буд.

Рӯзе дар маҷлиси Хоразмшоҳ уламо гирд омада буданд ва дар мавзӯе баҳс мекарданд. Ватвот низ бо ҷуссаи лоғару қадди кӯтоҳи худ дар гӯшае аз маҷлис нишаста ва давоте пеши рӯ ниҳода бо  худ гарми сухан буд.
 Дар ин ошиён Хоразмшоҳ нигоҳ кард ва ӯро монанди чӯҷае  пушти давот мушоҳида намуд. Ба шӯхи гуфт: «Он давотро бардоред, то бубинам дар пушти он кист?»
 Рашид фавран ҷавоб дод: « Хурдӣ нишонаи ҳақорат нест, зеро шарафи одамӣ ба ду узви кӯчак аз аъзои ӯст: яке забон, ки нишонаи суханони некӯ аст ва дигаре қалб, ки муҳаббати инсонӣ дар он ҷо мегирад».
Таҳияи Умар АЛӢ

«Гарм Чашма»
Чашмаҳои маъдании «Гарм Чашма» на танҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он ҳам машҳуранд. Тибқи маълумот чашма асрҳо боз мавҷуд аст, зеро танҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо чунин таҳшини бузурги оҳаксанг, шалолаҳои ба дарёафкананда ташаккул ёфта метавонист, ки шаршараи афсонавии шахшударо ба хотир меорад.

Ин шалолаҳо сафед, зард ва хокистарранг буда, дар шакли талҳои хамида, бо дарозии 1,5 километр, паҳноии 35 - 45 метр, баландии аз 7 то 35 метр тӯл кашидаанд. Оби чашма аз қаъри замин дар шакли фавворазанӣ дар як сония то 5-7 литр ба боло мебарояд. Об саққочаҳои оҳакдори калсийгиро ба сатҳи замин мебарорад, ки қутрашон аз 5 то 3 - 4 сантиметр мебошанд. Таҳшини саққочаҳо ва дурда тали оҳаксангиро ба вуҷуд овардаанд, ки дар охири онҳо як қатор «ҳавзҳои» андозаашон гуногун аз 0,5 то 2 метри квадратӣ ва умқи то 0,5 метр ҷойгиранд. Онҳо бо оби софи кабудтоби дар таркибаш оҳан, алюминий, магний, стронсий, фтор ва дигар элементҳо дошта пур мебошанд. Ҳарорати об ҳангоми баромад ҳудуди 620 С ва дар дохили «ҳавзҳо» аз +38 то +500 С аст. Оби сулфиди ангидриди карбони чашма фоидаовар аст.
Чашма дар қисмати ҷанубу ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 45 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар мавзеи  зебоманзар, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ва соҳили рости дарёи ҳамном ҷойгир аст.
Шифохонаи Осиёи Миёна «Гарм Чашма» маконест, ки он ҷо  метавон аз бемориҳои пӯст, занона, дарди миён, узвҳои нафаскашӣ ва дилу рагҳо табобат ёфт.  
Сокинони маҳаллӣ обҳои чашмаро «муқаддас» мешуморанд. Зеро хусусияти табобатии оби чашма аз замонҳои қадим маълуму машҳур аст.
Таҳияи Шаҳноза ҚУРБОНОВА

Деваштич қаҳрамони истиқлолхоҳ
Дар таърихи халқи тоҷик  Деваштич, ки замоне ҳокими Панҷакент буд, ҳамчун марди далер, қаҳрамони муборизаҳои озодихоҳона бар зидди истилогарони араб шинохта шудааст.

Бостоншиносон аз бойгонии  Қалъаи Муғ мактубҳоеро дарёфтанд, ки Деваштич ба ҳокимони  вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона бар зидди арабҳо даъват намудааст. Муаррихон собит намуданд, ки дар солҳои 719 – 720 Деваштич, ки дар дил орзуи озодии Ватанро мепарварид, дар якҷоягӣ бо ишхиди Суғд Ғӯрак бар зидди арабҳо мубориза мебарад. Аммо баъдтар Ғӯрак хиёнат карда, ба тарафи арабҳо гузашту ҳамроҳи онҳо бар зидди раъияти худ ҷангид. Деваштич бошад, ба Қалъаи Муғ ақибнишинӣ ва давоми 3 - 4 моҳ  алайҳи арабҳо муқовимат  мекунад. Баъдан, мувофиқи аҳднома розӣ мешаванд, ки дар сурати ба ҳаёти исёнгарон ва аҳли оилаи онҳо, аз ҷумла худи Деваштич, кафолати амният додан ба арабҳо таслим шаванд. Аммо  арабҳо аҳдшиканона Деваштичро ба қатл мерасонанд.
Деваштич агарчи аз ҷониби истилогарон  кушта шуд, аммо номи ӯ то ба имрӯз миёни мардум ҳамчун қаҳрамони истиқлолхоҳ, муборизи роҳи озодӣ боқӣ мондааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

Муаммо
Рақамҳои маъмулӣ аз аломатҳои 0,1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 иборатанд ва дар тамоми ҷаҳон истифода мешаванд. Аммо, дар навиштаҳо баъзан рақамҳои римӣ, бахусус дар нишон додани моҳҳо ва санаҳои таърихӣ истифода бурда мешаванд.
1. Рақамҳои римӣ аз чанд аломат иборатанд ва рақамҳои чандро ифода мекунанд?
2. MCML XIX рақами чандро ифода мекунад?
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

Шаршараи баландтарин дар ҷаҳон
Боре фикр кардаед, ки кадом шаршара аз ҳама калонтарин бошад?

Шаршараи Ниагара? Не. Сухан дар бораи шаршараи мутаассири Анхел меравад, ки дар боғи миллии Канаймаи Венесуэлла ҷойгир аст.
Худи мавҷудияти шаршараро метавон ғайриоддӣ номид, зеро он аз барфу пиряхҳо об намегирад. Тамоми оби он аз боронҳои тропикии ба қуллаи кӯҳ резанда, маншаъ мегирад.  Баландии умумии он 979 метр буда, оби он 807 метр муттасил парвоз мекунад. Баъд кӯҳпораҳо оғоз мешаванд…
Шаршара ба дараҷае баланд аст, ки саргаҳаш дар рӯзҳои абрнок намоён нест. Ҳангоми аз буни шаршара назар афкандан, чунин менамояд, ки об ҳеҷ куҷо сарозер намешавад. Бинобар баландии зиёди резиш қисми об дар роҳ ба сӯи ҳавзи дарё бухор мешавад.
Шаршара аз ҷониби ҳавонаварди амрикоӣ Ҷим Анхел дар соли 1937 кашф шуд. Пас аз фуруд омадан ба ин ҷойи дурдаст Ҷим ба кофтукови одамон шурӯъ кард. Пас аз 11 рӯзи ҷустуҷӯҳо ба одамон расида, ҳавонавард дар бораи  кашфиёти худ нақл кард.
Айни ҳол ин шаршара маъруфтарин мавзеи шоёни диққати  Венесуэлла мебошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

Чойи сабз фишори хунро паст мекунад
Олимони соҳаи тиб исбот намуданд, ки чойи сабз ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Он ҳангоми гирифторӣ ба бемории қанд, фишорбаландӣ шифобахш буда, дандонро аз пӯсидан ва аз микробҳо эмин нигоҳ медорад.

Инчунин, ба кас осудагӣ бахшида, дар фасли зимистон масунияти инсонро бар зидди беморӣ пурқувват месозад. Оксидшавии равғани баданро низ суст карда, хусусиятҳои гуногуни табобатӣ дорад. Хавфи гирифторшавӣ ба бемории саратон ва таъсири зараровари сигорро коҳиш медиҳад.
Чойи сабз дар таркибаш полифенол дошта, таъсири радикалҳои озодро, ки боиси корношоямии КДН (ДНА), тағйироти хусусияти ирсии организм ва ташаккули ҳуҷайраҳои саратон мегардад, кам мекунад. Фишори хун, сатҳи холестерин ва равғаннокиро паст карда, барои кори муътадили қалб кумак мерасонад.
Таҳияи Р. ҲАМИДОВ

Микророботҳо ба чӣ қодиранд?
Қаблан ба хонандагон ва ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» иттилоъ дода будем, ки дар Амрико як қатор  лоиҳаҳои  давлатӣ ва мустақил   ба таҳияи моделҳои нанотехнологияҳои  гуногун машғуланд. Яке аз онҳо дар соҳаи тиб ва тандурустӣ таҳқиқот мебарад. Ин тадбиқи  лоиҳаи микророботи нанотехнологие мебошад, ки он ба рагҳои хунгард фиристода мешавад. 

Тибқи иттилои нашрияи «New Scientist» чунин нанороботро ба наздикӣ муҳандисони донишгоҳи Калифорния сохтанд, ки он  шабеҳи моҳӣ ҳаракат мекунад. Наноробот ба рагҳои хунгарди инсон ворид шуда, метавонад ҳамчун воситаи расондани маводи доруӣ кумак кунад. Тавсифи робот дар маҷаллаи «Small» нашр гардидааст.
Наноробот аз 4 қисмати бо часпакҳои нуқрагӣ пайвастшуда иборат аст. Дарозии ҳар як қисмат ба 800 нанометр баробар аст. Бадани «моҳӣ» аз ду блоки никелӣ, сар ва думаш аз зарраҳои тилло сохта шудаанд. Ҳангоми наздик намудани майдони магнитии беруна қисматҳои никелӣ ба ҳаракат даромада роботро ба пеш тела медиҳад. Суръат ва самти ҳаракат бо иваз кардани қувва ва тамоюли майдони магнитӣ танзим мешавад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

Бародарам
Нависандаи шаҳири рус Лев Толстой, ҳангоме ки ба сайру гашти бегоҳирӯзӣ баромад, ба наздаш як гадои харобу лоғар омад. Толстой ӯро дида, дарк кард, ки марди гадо чанд рӯз боз чизе ба даҳон набурдааст. Дар ҷой истод ва даст ба кисааш бурд. Вале аз ҷайби нависанда як танга ҳам набаромад.

Нависанда аз ин ҳол сахт хиҷил шуда, ҳар ду дасти лоғару сиёҳшудаи гадоро ба дасти худ гирифт ва узромез чунин гуфт:
- Маро бубахш, бародарам, бо худ чизе надорам, ки ба ту бидиҳам…
Чеҳраи зарду афсурдаи гадо дарҳол кушода шуд:
- Не, ҷаноб, аз ман узр напурс, чаро ки ту ба ман ҳадяи бузурге додӣ: маро «бародарам» гуфтӣ!

Худам ҳам намедонам
Боре Пикассо ба мактабе ташриф овард. Ӯро бо иззату икром истиқбол карданд ва муаллимае барои намоиши дониши амиқашон аз шогирдон хоҳиш кард, ки рассомони машҳури дунёро номбар кунанд. Духтарчае гуфт:
- Гойя, Дега, Сезанн… ва Пикассо.
- Чаро маҳз Пикассо? – ба хотири лутфи бештар ба меҳмон савол дод муаллима.
Духтарча ба ин савол омода набуд ва аз алам гиряаш омаду рухсораҳояш тар шуданд. Пикассо, меҳрубонона сарашро сила карда гуфт:
-Гиря накун, ҷонам, ман худам ҳам намедонам…

Лутфи бузургон
Шоири машҳури рус Михаил Светлов хамидақомат буд. Аз ин боис шӯхӣ мекард, ки:
- Медонед, аломати савол чист? Ҳамон аломати хитобе, ки пир шудааст!

Боғчаи кӯдакон. Таърихи таъсис ва афзалиятҳои он
Соли 1802 яке аз сотсиалист ва утопистон дар шаҳри Ню-Ланарки Шотландия муассисаеро бо номи «Мактаб барои кӯдакон» таъсис дод.
Мафҳуми «Боғчаи бачагон» соли 1837 аз ҷониби педагоги олмонӣ Фридрих Вилгелм Август Фрёбел пешниҳод шуд. Дар шаҳри Бад-Блангербурги Олмон ин муассиса барои машғулият ва бозии кӯдакон таъсис ёфт ва пас аз ду соли амал карданаш  номи «Боғчаи кӯдакон» - ро гирифт. Дар Русия аввалин боғчаҳои кӯдакон  солҳои 60 - уми асри 19 ба фаъолият оғоз намуданд.
 Боғчаи кӯдакони ройгон аввалин маротиба барои кормандони шаҳри Петербург соли 1866 кушода шуд. Зимнан, аз нигоҳи психологҳо ва коршиносони соҳаи педагогика  атфоле, ки дар боғчаи кӯдакон тарбия гирифтаанд, аз тифлони дар хона бавоярасида тафовути зиёд доранд. Фарқияти якум дар он аст, ки кӯдаки дар боғча тарбияёфта  дар бораи муҳите, ки ӯро иҳота намудааст, бештар маълумот пайдо мекунад. Муоширатро меомӯзад ва аллакай ӯ қобилияти фикррониву мақсад гузоштанро дорад. Яъне, боғчаи кӯдакон ба рушди зеҳнӣ ва инкишофи тафаккураш мусоидат менамояд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

Чунин гуфт. Афлотуни ҳушманд
Бар осоишу хоб иқдом накун! Магар баъди он, ки ҳисоби нафсро дар се чиз ба пеш расонда бошӣ. Яке он, ки саъю кӯшиш кунӣ то дар он рӯз аз ту ҳеҷ хатое воқеъ нашудааст.  Ки саъю кӯшиш кунӣ то ҳеҷ хайре касб кардаӣ ва сеюм он, ки ҳеҷ амал ба нуқсон аз даст додаӣ ё не.
***
Сармояи худ аз чизҳое, ки аз зоти ту хориҷ бувад  насоз. Дар кори хайр ба фақирон интизори пурсиш мабин, балки пеш аз илтимосашон кумак оғоз кун.
***
Ҳамеша бедор бош, ки фасодро асбоб бисёр аст ва он чиро ки нашояд кард ба орзу нахоҳ.
Таҳияи
Холназар КАСИРОВ

Ҳамён. хосияти ҷалбкунии пулро дорад?
Бисёриҳо бовар доранд, ки дар куҷое ҳамёнро кашф накарда бошанд, он аз аввал танҳо барои нигоҳ доштани пул пешбинӣ гардидааст. Аксарият тасдиқ мекунанд, ки гӯё ҳамён хосияти ба худ ҷалб кардани маблағро доштааст.
Дар Мисри Қадим ҳамён шакли ҷузвдони матоиро дошт, ки сарпӯшаш ба тарафи пеш маҳкам мешуд. Васеъ истифода гардидани ин гуна ҳамёнҳоро дар замони қадим аз рӯи девор нигораҳои  биноҳои қадимаи Миср мушоҳида намудан мумкин аст. Ин ҳамёнҳо на танҳо барои нигоҳдории пул хизмат мекарданд, балки ҷои маҳфуз нигоҳ доштани сангҳои қиматбаҳо ва рустаниҳои нодир низ буданд.
Нахустин маротиба аз чарм сохтани ҳамёнро римиҳо  фикр карда баромаданд. Одамон ҳамёни худро на танҳо  бо гулдӯзӣ, балки бо сангҳои  қиматбаҳо оро медоданд. Бинобар ин, аз рӯи ҳамён то чӣ андоза  сарватманд будани  инсон муайян карда мешуд.
Дар асри 17 дар Русия ҳамёнҳои чармӣ ва коғазӣ пайдо шуданд, ки  барои нигоҳдории пулҳои коғазӣ пешбинӣ гардида буданд.
Барои тайёр кардани ҳамёнҳои муосир аз чармҳои  пӯсти тимсоҳ, мор, шутурмурғ, пӯсти чорво ва ғайра истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамён барои аз фарсудашавӣ нигоҳ доштани пул воситаи хуб аст. Зеро пулро қат карда ба ҷайб андохтан боиси зуд фарсудашавии он мегардад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

Аввалин шаҳр бо батареяҳои офтобӣ
Дар Австралия сохтмони шаҳри «Тесла» оғоз гардид. Шаҳр аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои қонеъ кардани тамоми эҳтиёҷоти инфрасохтори он аз неруи офтоб истифода хоҳад шуд.

Шаҳри «Тесла» («Tesla Town») дар наздикии пойтахти кишвар шаҳри Мелбурн сохта мешавад. Ҳар як хона бо батареяҳои офтобӣ ва аккумуляторҳои «Tesla PowerWall» ҷиҳозонда хоҳад шуд. «PowerWall»  ба таъмир ва нигоҳубин ниёз надошта, 10 сол муҳлати кафолатӣ дорад. Дар назар аст, ки неруи офтобии истеҳсолшаванда барои нерубахшии электромобилҳои сокинони шаҳр низ бирасад.
Ба туфайли технологияҳои муосир масрафи оби мавриди ниёз дар биноҳо то 43 дарсад коҳиш ёфта, ҳаҷми партовҳои маишӣ то 80 дарсад  кам мешавад.
Номи расмии шаҳри Тесла аз сабаби он ки дар соҳили дарёи Ярра сохта мешавад, Яррабенд  (YarraBend) номгузорӣ шудааст.
Барои сохтмони шаҳр 16,46 гектар замин ҷудо шудааст. 60 хонаи аввалин аллакай моҳи август ба фурӯш гузошта мешавад. Арзиши хонаҳо аз 1,48 то 2,1 миллион доллар муқаррар шудаанд. Аз оғози соли 2017-ум одамон метавонанд дар манзилҳои нав зиндагӣ кунанд.
«Tesla Town» аввалин лоиҳае хоҳад буд, ки дар он ба таври куллӣ батареяҳои «Tesla PowerWall»  истифода мешаванд.
 Р. КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 3601

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед