logo

фарҳанг

З - ОН, КИ РУМӢ МАҒЗРО ДОНАД ЗИ ПӮСТ...

Мавлоно Румӣ. Дар ҳақиқат ҳам, оид ба робитаи эҷодиёти ин донишманди бузурги тоҷик бо мутафаккирону адибони зиёди мардуми олам сухан гуфтан имкон дорад. Дар байни онҳо шоиру мутафаккири порсизабони покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) мақоми хосаро соҳиб аст. Бо такя ба осори ин мутафаккир метавон гуфт, ки робитаи эҷодиёти Мавлоно бо ӯ дар мавзӯъҳои мухталиф ба назар мерасад.
Дар ибтидои сухан бояд таъкид сохт, ки қисмати зиёди ашъори Иқбол бо эпиграф шурӯъ гардидаанд, ки аксарияти онҳо моли худи шоиранд ё манбаи баъзе  аз онҳо шояд зикр нагардида бошад. Ду асари ӯ бошад – «Асрори худӣ» ва «Румузи бехудӣ» бо эпиграф аз осори Мавлоно оғоз ёфтаанд. Дар маснавии аввал се байти ғазали машҳури Мавлоно («Инсонам орзуст») ва дар асари дуюм як байти мутафаккир аз «Маснавии маънавӣ» оид ба худшиносӣ ба ҳайси эпиграф истифода гардидаанд:
Ҷаҳд кун, дар бехудӣ худро биёб,
Зудтар «валлоҳу аълам биссавоб».
Бояд таъкид дошт, ки байтҳои мазкури Мавлоно на танҳо ба ҳайси эпиграфи муҷаррад интихоб шудаанд, балки раванди тафаккуру тахайюли шоирию фалсафии Иқболро пурра мазмунану шаклан бо такя бар афкори Мавлоно муайян сохтаанд – ҳар ду асар ҳам дар пайравӣ ба «Маснавии маънавӣ» ва таҳти таъсири андешаҳои муаллифи он оид ба худшиносӣ, бехудӣ ва амсоли он эҷод шудаанд.
Мавлоноро Иқбол зиёда аз понздаҳ бор иқтибос кардааст, ки аксарияти он аз «Маснавии маънавӣ» ва якто аз ғазалиёти ӯ буда, илова бар ин ду ғазали Румӣ дар дохили осори ин шоири покистонӣ қариб ба пуррагӣ оварда шудаанд. Яке аз ин ғазалҳо боз ҳамон абёти машҳури «Инсонам орзуст» буда, дигаре бо матлаи зайл шурӯъ мешавад:
Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,
Ҳала бархез, ки андеша дигар бояд кард.
Иқтибосҳои дигар аз осори Румиро Иқбол барои баёни мавзӯъҳои бартарияти гуфтани сир аз забони дигарон, тафовути илми дил аз илми дунявӣ, ҷустуҷӯи асрор аз ботини инсонӣ, волоияти ишқ бар хирад, тафовути маънию сурат ва амсоли он мавриди истифода қарор додааст. Барои айёният чунин сухани Мавлоноро, ки дар маснавии Иқбол «Пас чӣ бояд кард, ай ақвоми Шарқ?» иқтибос гардидааст, метавон мисол овард:
Ғам хуру нони ғамафзоён мах(в)ар,
З-он, ки оқил ғам хурад, кӯдак – шакар. 
Дар идомаи сухан қобили таъкид аст, ки зикри исми Рум ҳам дар асарҳои Иқбол асосан бо номи Мавлоно ва афкори ӯ алоқамандӣ дорад. Аввалан, ибораи «Шому Рум»-ро Иқбол ҳаммаънӣ ба ибораи «Шарқу Ғарб»-и Румӣ, яъне чор сӯ, ҳама ҷо истифода мекунад.
Дар осори Мавлоно «Шаҳпаре бигрифта Шарқу Ғарбро», «Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад» ё байти зерин ба ҳамин маъниянд:
Карда манзил шаб ба як корвонсаро,
Аҳли Шарқу аҳли Ғарбу моваро.
Сониян, Руму Табрез, Руму Рай, Руму Араб, Чину Рум ва амсоли он гуфтани Иқбол ба макони фаъолияти Мавлоно – Осиёи Сағир, Анталияи муосир, ки дар он даврон Рум хонда мешуд ва ба як гӯшаи ғарбии интишори ислом ишора мекунад.
Иқбол ҳамчунин номи Мавлоноро низ бо гуфтани «пири Рум», «муршиди Рум», «охунди Рум», «Румӣ» ва монанди он дар назми форсии худ зиёд истифода карда, зимни он баъзе далелҳои тарҷумаиҳолии мутафаккирро низ шарҳ медиҳад. Дар ин росто зикри вохӯрии Шамси Табрезӣ ва Мавлоно дар мадраса, ки боиси аз «қолу қил» - фиқҳ гусастани Румӣ ва ба «завқу ҳол» – ирфон рӯй овардани ӯ гардид, хело ҷолиб буда, пурра ба гуфтаҳои Афлокӣ ва тазкиранависони дигар мувофиқат дорад ва бо бадеияти томе аз ҷониби Иқболи фалакпаймо дар «Асрори худӣ» ба риштаи назм кашида шудааст.
Як нуктаи муҳими дигар, ки робитаи эҷодиёти Мавлоно ва Иқболро нишон медиҳад, ин тасвири тимсоли Румӣ дар осори мутафаккири охирӣ аст. Чунонки маълум аст, маснавии «Ҷовиднома» - и Иқбол асосан тасвири сайри Зиндарӯд ба олами боло буда, ӯро рӯҳи Мавлоно роҳбаладӣ мекунад. Зиндарӯд бошад, афкори муаллиф - Муҳаммад Иқболро баён мекунад, ки аксарияти он боз ҳам таҳти таъсири ақидаву андешаи Мавлоно қарор дорад. Ҳамин ҳолат дар китоби Иқбол «Паёми Машриқ» ва маснавии «Пас чӣ бояд кард, ай ақвоми Шарқ?» низ то андозае ба мушоҳида мерасад.
Қобили тазаккур аст, ки тимсоли Мавлоноро Иқбол дар «Ҷовиднома» дар қатори мутафаккирони дигари бузурги Шарқу Ғарб – Мансури Ҳаллоҷ, Носири Хусрав, Ф. Нитче, Л. Толстой ва ғайра офаридааст. Румӣ дар ин маснавӣ ба ҳайси орифе баромад мекунад, ки донандаи маънӣ ё пири маънавист:
З - он, ки Румӣ мағзро донад зи пӯст,
Пойи ӯ муҳкам фитад дар пойи дӯст.
Иқболро аз афкори Мавлоно қабл аз ҳама масъалаҳои маърифат, ки ба худӣ ва худшиносӣ алоқаманданд, яъне шинохти худ аз диди худ, аз диди дигарон ва аз диди Ҳақ, ҷалб сохтаанд.
Хулоса, Иқбол дар ашъори форсии худ аз Мавлоно ҳам дар шакл ва ҳам дар ақида пайравӣ мекунад. Вале боиси таъкид аст, ки пайравии ақидавии Иқболи фалакпаймо аз пири Румӣ ду ҷанба дорад. Аввалан, дар масъалаи маърифати зуҳуроти ҷовидонӣ ё мовароаттабиа Иқбол ҳамон маърифати ҳадсию завқии ирфонӣ ё фавқулақлонии Мавлоно ва орифони дигарро идома медиҳад. Яъне, орифон илми дил – ҳадсро болотар аз илми ақл донистаанд. Иқбол низ, агарчӣ кӯшишҳое барои оштии ақлу ишқ кардааст (Ақл ҳам ишқ асту аз завқи нигаҳ бегона нест…), вале дар маърифати масъалаҳои ҷовидона асосан дар ҳамон заминаи фавқулақлоният боқӣ мондааст. На танҳо ашъори форсии ӯ, балки асарҳои дигари манзуму мансури мутафаккир, аз ҷумла ақидаҳояш дар «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» гувоҳ бар ҳаминанд.
Сониян, масъалаҳоеро, ки Мавлоно оид ба маърифат, хусусан дар самти худшиносӣ гузошта ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод кардааст, Иқбол аз нигоҳи илми муосири ҷаҳонӣ баррасӣ карда, бо амалияи иҷтимоии мардуми давронаш пайванди ногусастание додааст. Ин мавқеи ӯ махсусан дар масъалаи худшиносии миллӣ ва робитаҳои Шарқу Ғарб баръало зуҳур мекунад.
Хуршед ЗИЁЕВ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 3435

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед