logo

ҳуқуқ

БОЗДОШТ. СУХАН ДАР БОРАИ ЗАНЕ МЕРАВАД, КИ БА ҚАТЛИ ДУ КӮДАК ДАСТ ЗАД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, ки бевосита бо оила, таълиму тарбия ва таъминоти ӯ алоқаманд аст, дар кодексҳои оила, гражданӣ, меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе падару модарон масъулияту уҳдадориҳои оилавиро нодида гирифта, ба поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак роҳ медиҳанд.
Ҳодисаи бо иштироки Мавлудаи Зиёдулло, сокини 23 - солаи шаҳри Истаравшан рухдода низ далели гуфтаҳои болоянд. Номбурда дар як ҳолат писари хоҳаршӯ ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст ва аз тарафи кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан бо гумони қотилӣ боздошт шуд. Асрори куштори бераҳмонаи аввал вақте ифшо гардид, ки гумонбаршаванда аллакай кӯдаки дувумро аз ҳаёт маҳрум сохта буд. Дар ҳар ду ҳолат пайвандон фарзандони хурдсоли худро барои нигоҳубини муваққатӣ ба ихтиёри ӯ гузоштаанд.
Бино ба иттилои  масъулони Вазорати корҳои дохилии мамлакат, марги Абубакр Шафиеви якунимсола 29  августи соли равон дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуқӯъ пайваст. Пайдо кардани ҷисми беҷони кӯдак дар дохили гаҳвора ҳарчанд ҳодисаи ғайричашмдошт буд, аммо шубҳаи касе аз наздиконро ба вуҷуд наовард ва онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надода, тифлро ба хок супурданд. Дар асл, сабаби марг бастани роҳи нафас аст, ки ин кирдори ҷиноятӣ аз тарафи гумонбаршаванда Мавлудаи Зиёдулло содир шудааст. Баъдан, дар ҷараёни тафтишот, аз ҷумла кушодани қабр (эксгуматсия) ва гузарондани ташхиси судӣ - тиббӣ муайян гашт, ки кӯдак бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба ҳалокат расидааст.
Ба амал омадани ҳодисаи дувум шубҳаи гурӯҳи тафтишотиро аз рӯи ҳаракатҳои гумонбаршаванда ба вуҷуд овард. 4 сентябри соли ҷорӣ оид ба бедарак гум шудани Фотима Бобоева, ки 8 феврали соли 2015 ба дунё омадааст, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан ариза ворид гардид. Бо гузашти як рӯз ҷасади Фотима дар дохили ҳуҷра, зери ғарами кӯрпаҳо пайдо шуд.  Ҳарчанд ин ҳолат ба ҳодисаи нохуш ва ё беэҳтиётӣ шабоҳат дошт, дари қулфшудаи ҷойи ҳодиса боиси шубҳа гашт. Дар ин ҷиноят гумонбаршаванда бо истифода аз кӯрпача кӯдакро буғӣ намуда, ба ҳалокат расондааст. Сабаби чунин кирдор ҳанӯз норӯшан аст. Зеро муносибати сард ва ё ғаразноки ӯ бо волидони кӯдакон, ки боиси сар задани ин ҳодисаҳо гардида бошад, мавҷуд нест. Тафтишот васвосӣ ва доштани ҳисси бадбинӣ нисбат ба кӯдаконро ба гумонбаршаванда нисбат медиҳад.
Аз рӯи далелҳои зикршуда нисбат ба Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Албатта, ҷавобгарии қонунии гумонбаршаванда ҳатмист, аммо бепарвоии падару модари кӯдакони ҳалокшуда низ бояд пурра таҳлилу баррасӣ гардад. Онҳо барои чӣ ва бо кадом сабабҳо кӯдакони ширхораву навроҳаи худро ба ихтиёри Мавлуда гузоштанд? Инҳо муаммоҳое ҳастанд, ки бояд аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ омӯхта шаванд.

Д. МУНАВВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 3477

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед