logo

сиёсат

ИҒВОГАРОН БОЗ ЧӢ МЕХОҲАНД?

Тавассути «Радиои озодӣ» иттилоъ ёфтем, ки гурӯҳи муаллифон - созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ филми мустанаде бо номи «Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад» таҳия намудааст. Ин филм 21 сентябр бо ибтикори созмонҳои зикршуда дар нишасти САҲА дар Варшава намоиш дода шуд. Ба ҳайси қаҳрамонҳои филм намояндагони ҳизби мамнуи наҳзати ислом ва Гурӯҳи 24 муаррифӣ шудаанд. Аслан, чунин ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ҳеҷ ҷое сабти ном нашудааст. Гурӯҳи 24 низ аслан дар шабакаҳои хабарии баъзе аз гурӯҳҳою иттиҳодҳои ба ном мустақили беруна номбар мешавад. Вале киҳо аъзои ин гурӯҳанд ва чӣ ҳадаф доранд, ба ҳеҷ кас рӯшан нест.
Собиқ ҲНИТ дар асоси фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию ифротгароӣ мамнуъ эълон шуда буд ва ҳатто, ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид гардидааст. Ҳанӯз дар давраи фаъолият дар дохили Тоҷикистон фирори аъзои ҳизб ё изҳороти охири собиқ ҳуқуқшиноси ҳизби мазкур Зарафо Раҳмонӣ шаҳодат аз фаъолияти «қонунӣ»-и ин ҳизб мебошад. Фаъолияти аъзои собиқ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, ки бешубҳа, бо ҳидояту дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ба вуқӯъ меояд, ҳамчун амали мухолифини тоҷик бояд қабул нашавад, зеро аввалан, инҳо ба таври расмӣ вуҷуд надоранд ва сониян, ҳамеша муқобили оромию субот ва ваҳдату пешравии Тоҷикистон ҳастанд. Аслан, ашхосе, ки хешро соҳибҳизб мепиндоранду дар хориҷи мамлакат паноҳ гирифта, иғво меангезанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ тарафдору ҳамақидае надоранд. Онҳо чанд нафари ангуштшумореанд, ки аз бадхоҳону кинаварон ва хоҷагони хориҷӣ маблағи ҳангуфт ба даст оварда, «обро лой мекунанду моҳӣ медоранд».
Ин нуктаҳо бедалел нестанд ва мо одат надорем, ки ба монанди нотавонбинону бадхоҳони Ватани азизамон беасос сухан бигӯем. Далели муътамад ва радношаванда боз ҳам ҳамон мусоҳибаи собиқ узви аршад ва роздони ҳизби мамнуъ Зарафо Раҳмонӣ мебошад. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамеша ба Ҳукумати мамлакат тавассути сомонаашон ва дигар воситаҳои техникиву интернетӣ санги маломат мезананду мекӯшанд, ки хешро покизаю озода ҷилва диҳанд. Аммо нисбат ба суханони З. Раҳмонӣ, ки асрори ниҳонӣ ва ҷинояткоронаи шахсан худи Кабириро ошкор намуд, ба лаб муҳри хомӯшӣ ниҳоданд. Дуруст аст, ки мегӯянд: «сухани ҳақ посух надорад». Дар ин маврид онҳо натавонистанд, ки худро «сафед» намоянд.
Изҳороти созмонҳои Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ доир ба он ки ҳоло «Тоҷикистон дар умқи як буҳрони шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад», фасонае беш нест. Маҳз дар 20 соли охир дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқниҳод ва ҳифзу риояи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон соҳиби дастовардҳои чашмрас гардидааст, ки инро ташкилоти бонуфуз ва намояндагони мамолики мутараққии ҷаҳон борҳо таъкид намудаанд. Як ё ду нафар, онҳое, ки бо қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ амалашон созгор несту тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нишонаи вайронкунии ҳуқуқи башар, фурӯравии Тоҷикистон дар умқи ин буҳрон нестанд.
Даъвои он ки «даҳҳо ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки нисбат ба ҳукумат андешаҳои интиқодӣ баён мекарданд, боздошт шуданд» дурӯғи маҳз аст. Тавассути ВАО ва сомонаҳои гуногуни интернетӣ шаҳрвандони Тоҷикистон озодона ва шаффоф фикрҳои худро баён месозанд. «Садҳо фаъолон»-и аз кишвар беруншуда, ки гӯё ҳадафи «шикор»-и Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтаанд, сирф беасос аст, зеро аввалан, чунин теъдоди «фирориёни фаъол» ҷой надорад, баъдан, ному насаби онҳое, ки мавриди «шикор» қарор гирифтаанд, барои ҳеҷ кас мушаххас нест.
Умуман, мазмуну муҳтавои гузориши «Радиои озодӣ» - «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад», асос ва далели воқеӣ надорад. Чунин амали носавоб, нодида гирифтани муваффақиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бо ҳар васила ноором сохтан ва халал ворид намудан ба амну осоиштагии мардуми ҷумҳурӣ мақсуду муроди ғаразноки ҳизби мамнуъшудаи наҳзат ва Гурӯҳи 24 - ро дар пай доранд.
Насрулло УБАЙДУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Бобоҷон САМИЕВ,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Ҳобил ЗИКИРОВ,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 3425

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед