logo

сиёсат

РУШДИ УСТУВОР

Дар доираи он бояд ба  масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим афзалият дода шавад.
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 сентябр дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд.

Бо ишора ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир, Сироҷиддин Аслов  зарурати ҳаллу фасли таҳдидҳои афзояндаи низоъҳои мусаллаҳона ва терроризму экстремизм тариқи дарёфти роҳҳои нави мубориза  ба хотири барқарор намудани субот ва ба ин васила таъмин кардани рушди устуворро таъкид намуд. Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати густариши ёрии мақсаднок ба Афғонистон, ки ба барқарорсозии иқтисодӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоии он равона шудааст, даъват намуда,  сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 - ро, ки моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуд, далели равшани омодагии Тоҷикистон баҳри иштирок дар барқарорсозии ҳамсоякишвар номид.
Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати расондани ёрӣ ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои камтараққикарда, рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд ишора намуда, таъкид кард, ки зимни баррасии масъалаҳои марбут ба рушди устувор бояд афзалият ба масоили вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим дода шавад.
Дар фарҷоми суханронӣ Сироҷиддин Аслов Маҷмаи Умумии СММ - ро бо натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Дастрасии ҳамагонӣ ба обу беҳдошт”,  ки 9 -11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, шинос намуд.  Бино ба иттилои масъулони вазорат, вазири корҳои хориҷӣ, инчунин аз кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 бори дигар даъват ба амал овард.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 2912

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед