logo

иқтисод

АНОРПАРВАРӢ. ДАРОМАДИ ХУБ ГИРИФТАН МУМКИН, АГАР...

Анорпарварӣ як соҳаи муҳими боғдорист. Ниҳоли он дар сурати риояи қоидаҳои нигоҳубин ҳосили фаровон медиҳад.  Меваи тару тоза ва нӯшобааш хосияти хуби табобатӣ доранд ва талабот ба ин маҳсулоти серфоида дар дохил ва хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Вале солҳои охир дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ ба шинондан ва парвариши анор диққати зарурӣ надода, анорзор ба ҳар гуна касалиҳо гирифтор шуда, чандон ҳосили дилхоҳ намедиҳанд. Ҳол он ки дар барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул намудааст,  зиёд кардани боғҳои дарахтони субтропикӣ, аз ҷумла анор таъкид шудааст. Дар ҳолате ки меваи анор барои содирот  хеле мутобиқ асту даромади бештар оварда метавонад, майдони анорзорро кам кардаанд. Чунончи, агар майдони анорзор дар соли 2014-ум дар ҷумҳурӣ 5298 гектар бошад, пас дар соли 2015 он то 4680 гектар коҳиш ёфтааст.
Диловар Одинаев, анорпарвар, сокини Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ, иддаои баъзе масъулони соҳаи кишоварзиро  беасос медонад. Ҳоло ӯ дар нафақа буда, дар 0,8 гектар боғи анор бунёд намудааст.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи беандоза дошта, ба он диққати зиёд медиҳад, - мегӯяд Диловар Одинаев. - Ман ҳар сухани  Сарвари давлатро зимни кашидани тарҳҳои боғҳои нав бо рағбати афзун гӯш карда, ба худ панде мегирифтам. Аз ин рӯ, ба бунёди боғи интенсивии анор даст задам. Масофаи ҳар ниҳолро 2 метр монда, ба парвариш шурӯъ намудам. Чидани меваҳои дарахтони қадпаст осон буда, ҳосилнокӣ аз ҳисоби бешии ниҳолҳо зиёд аст. Нигоҳубини дарахтони қадпаст ташвиши иловагӣ надошта, харҷи барзиёдро низ наметалабад.
Парвариши ниҳолҳои анорро дар зимистон оғоз намуда, ба ин восита ҳашароти зараррасонро нест мекунам. Моҳи май дарахтони анор гул мекунанд ва дар ин давра ба ҳар гуна касалиҳо дучор меоянд. Бинобар ин, барои муҳофизати гулҳо аз алафи бурган дору тайёр карда, оби онро ба ниҳолҳо мепошам. Меваи анор нигоҳубини махсусро талаб менамояд ва муҳлатро нагузаронда, ҳар амалро ба ҷо овардан даркор аст. Чунончи, вақте ҳаҷми меваи анор пиёла барин шуд, бо чӯб ҳар яки онро меафшонам, ки кирмҳо афтанд.
Барои беҳтар истифода бурдани қитъаи замин дар байни қаторҳои анор пахта кишт намудам, ки ҳоло ниҳолҳо нашъунамои хуб доранд ва ҳосили фаровон бастаанд.
Жайлов ҲАСАНОВ,
ноҳияи Панҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2016    №: 196    Мутолиа карданд: 2798

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед