logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Муъминобод, 3 октябри соли 2016

Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз тамоми сокинони фарҳангдӯсту ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Муъминобод ва шумо, омӯзгорони муҳтарам, падару модарон ва фарзандони азизро бо ҷашни бузургу фархундаи миллӣ – биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори ободу осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки сафари кории худро ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ноҳияи шумо оғоз намоем. Ва ҳоло мо дар деҳоти Чашмасор ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъ омадаем, ки туҳфаи арзандаи идона ба хонандагону омӯзгорон ва сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Муъминобод мебошад. Ба ин муносибат, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба сохтмончиёну меъморон, ки барои бунёди ин муассисаи хуштарҳи замонавӣ софдилона заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Муассисаи таълимии нав барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шуда, барои сохтмони он беш аз 20 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар шароити кӯҳистон қомат афрохтани чунин мактаби замонавӣ имкон медиҳад, ки омӯзгорони мо раванди таълиму тарбияи шогирдони худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Муъминобод 28 бинои нав ва биноҳои иловагии таълимӣ бо 6000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд. Ин рақам баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи ин самти сиёсат ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Зеро пешрафти ҷомеа ва бақои давлату миллат бидуни рушди соҳаи маориф ғайриимкон буда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардондани низоми таълиму тарбия омили асосии баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати насли наврас ва, умуман, ҷомеа мебошад.
Марҳалаи имрӯзаи рушд аз устодону омӯзгорон тақозо дорад, ки шогирдони худро бо донишҳои наву замонавӣ ҳарчи бештар ошно намуда, онҳоро тавре ба воя расонанд, ки донишу маърифати андӯхтаи наслҳои навраси имрӯза барои рушду таҳкими минбаъдаи давлату ҷомеа хизмат намояд. Чунин талаби замон водор месозад, ки раванди ислоҳоти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вусъат бахшида, пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам гардонда, ба масъалаи омодасозии мутахассисони баландихтисосу забондон ва ватандӯсту кордон диққати аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад. Дар ин кори бисёр муҳим, ки ба оянда ва фардои неки давлат ва ҷомеа нигаронда шудааст, бояд падару модарони муҳтарами мо, аҳли зиё ва тамоми афроди ҷомеа саҳмгузор бошанд, яъне дар баробари таълиму тарбияи мактаб онҳо низ дар раванди тарбияи фарзандон ҳарчи бештар ва фаъолона  ширкат кунанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Муъминобод, эътибори махсус дода, ба масъалаи рушди маънавиёти насли наврас, пешрафти илму маориф, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои саводу донишомӯзии онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад. Боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Муъминобод дар муддати биступанҷ соли соҳибистиқлолӣ дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба натиҷаҳои хеле назаррас муваффақ шудаанд.
Дарвоқеъ, ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъйу кӯшиши халқи азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шумурда, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва, умуман, дар доираи қонун кору зиндагӣ кардан, омили муҳими таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа буда, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванд, хусусан, наврасону ҷавонон, ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақвият бахшида, робитаи худро бо оила боз ҳам мустаҳкам созанд ва бо ҳамин роҳ ҷиҳати коҳиш додани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон кӯшиш намоянд.
Бовар дорам, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод, аз ҷумла шогирдони мактаби зебои имрӯза, бо шукргузорӣ аз фазои орому ободи Ватан ва шароити муҳайёсохтаи давлату Ҳукумат дар самти омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунари ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ азму талоши дучанд меварзанд ва дар оянда барои пешрафти кишварамон ҳамчун ватандӯстони воқеӣ ва созандагони  асил саҳми муносиб мегузоранд. Ҳамчунин, итминон дорам, ки мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси ноҳияи Муъминобод ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо ифтихор аз суннату арзишҳои миллиамон дар оянда низ тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ободии сарзамини аҷдодӣ, оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ ва тарбияи дурусти фарзандон, яъне насли ояндасози Ватан, равона месозанд.
Дар фарҷоми сухан, бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва устодону шогирдони ноҳияи Муъминободро ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва ифтитоҳи боз як боргоҳи илму маърифат табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва ба шогирдони мактаби навбунёд хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2016    №: 196    Мутолиа карданд: 9806

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед