logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 ифтитоҳ ёфт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод нахуст бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 – ро дар деҳаи Чашмасор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ ҳанӯз аз соли 1991 ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда буд.
Бо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар меҳвари сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи мактабу маориф, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2015 аз сар гирифта шуд. Дар муддати як сол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти барои мардуми ин деҳа ниҳоят муҳиму зарурӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуд.
Ҷойи зикр аст, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 - ро бо дастгирии Ҳукумати кишвар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” марҳилаи III бо маблағгузории Бонки исломии рушд бунёд кардааст. Корҳои сохтмониро бошад ҶДММ “Махсус” - и шаҳри Кӯлоб анҷом додааст.
Сарвари давлат, аснои шиносоӣ бо шароитҳои муассисаи таълимии наву замонавӣ, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 сеошёна буда, дорои 624 ҷой дар як баст мебошад.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин муасиссаи таълимӣ аз 28 синфхона, аз ҷумла утоқҳои фанни химия ва физика, синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 15 компютери пайваст бо шабакаи интернет, маҷлисгоҳ бо 288 ҷойи нишаст, ошхона бо 144 ҷой, варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони муассиса 2,3 гектарро ташкил медиҳад. Барои анҷом додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншооти мазкур 16 миллиону 141 ҳазор сомонӣ сарф шуда, хароҷоти ҷиҳозондани муассисаи таълимӣ бо асбобу аёниятҳои хониш 2 миллиону 428 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва муҳассилини мактаб иброз доштанд, ки ба истифода додани боз як муассисаи нави таълимӣ, бо беҳтарин шароити илмомӯзӣ, туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба сокинони ноҳияи Муъминобод дар Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шиносоӣ аз боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур»
Имрӯз дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур»  боздид ба амал оварда, инчунин, бо намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия ошноӣ пайдо карданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод маҳсули дастранҷи худро, ки намунаҳое аз ҳунару маҳорати кадбонуҳои ноҳия, файзу баракати замини ҳосилхези ин диёр буд, ба намоиш гузоштанд. Дар намоишгоҳ масъулини 7 ҷамоати ноҳия иштирок карда, намунаи ҳунарҳои дастӣ, ки расму оини қадимаи мардуми ин диёрро таҷассум мекард, ба маъраз гузошта буданд. Сокинони ноҳия гӯшаи дигари намоишгоҳро бо маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварон оро дода буданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, феълан дар ноҳия 7531 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва ҳамасола то 106 тонна асали хушсифат истеҳсол мешавад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ, ҳамчунин, бо вазъи чорвопарварӣ дар ноҳияи Муъминобод ошно гардиданд ва ҷиҳати равнақ додани соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд. Аснои шиносоӣ маълум гашт, ки айни замон дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳия 34 ҳазор сар чорвои калон ва 116 ҳазор сар чорвои шохдори майда парвариш меёбад.
Зимни боздид аз боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки майдони ин боғ 1 гектарро ташкил дода, дар он асосан дарахтони себи хушсифат шинонда шудааст. Навъҳои себи «Гренни Смит», «Голден Делишес» ва «Супергиф», ки айни замон дар бозорҳои дигар кишварҳо серхаридор аст, ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар ин боғ парвариш карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки хоҷагӣ ҳанӯз соли 2000 таъсис ёфта, дар мувозинати худ 10 гектар замин дорад. Дар заминҳои хоҷагӣ, ҳамчунин, ғалладонагӣ, юнучқа, картошка ва сабзавот кишт карда мешавад. Айни замон дар ду гектар замин кишти такрории полизӣ ва бодиринг гузаронда шудааст, ки феълан нашъу намои хуб дорад.
Тавре маълум гашт, боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» соли 2015 бунёд гашта, айни ҳол дарахтони себ дар он серборанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои куҳна ва васеъ намудани майдони боғот ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия
Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қасри фарҳанги ноҳия оғоз бахшиданд. Дар саҳни Қасри фарҳанг Пешвои миллатро аҳли ҳунару санъат бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Бинои Қасри фарҳанг дуошёна буда, сохтмони он ҳанӯз моҳи августи соли 2008 оғоз ёфта буд. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои «Синдбод сохтмон», «Самар СН» ва «Меъмор 7» ба анҷом расонданд.
Пешвои миллат бо шароити бино ошноӣ пайдо карда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар масоҳати 1874,06 метри мураббаъ ҷойгир буда, бо сабку услуби муосири меъморӣ қомат афрохтааст. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 9 миллиону 755 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, толори калони намоишии он барои 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар бино, ҳамчунин, 21 ҳуҷра, 1 меҳмонхона, 1 айвон ва 1 синфхонаи рақс ҷойгир буда, барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Аҳли ҳунару фарҳанг ба Пешвои миллат барои чунин як туҳфаи арзанда ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд. Зеро то ин дам дар маркази ноҳия барои гузарондани ҷамъомаду чорабинӣ ва  маҳфилҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам набуд. Акнун бо ифтитоҳи Қасри фарҳанг ин мушкилӣ ҳалли пурраи худро пайдо намуд.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҳунару фарҳанги ноҳияро вазифадор намуданд, ки дар рушду нумуи санъати асил ва фарҳанги волои миллӣ талоши бештар намуда, пайваста дар роҳи эҷоду тақвият додани маҳорати касбӣ бошанд.

Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиби бинои нав шуд
Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуданд.
Бино сеошёна буда, бо маблағи 2 миллиону 154 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохтааст ва дар он барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Фармоишгари  иншоот Раёсати сохтмони асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати мамлакат сохта шудаасту кормандон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд.
 Корҳои сохтмонӣ соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сабр” дар муддати якуним сол бо тарҳу услуби хос бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино 6 утоқи корӣ барои кормандон ва дар ошёнаҳои болоӣ, ҳамчунин, шароити арзандаи истиқомат фароҳам оварда шуда, ба хотири таъмини шароити хуби зист манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Муъминобод ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳои 2 ва 3 - ҳуҷрагиро супурда, онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу субот даъват намуданд.
Воқеан, бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ шароити аразандаи корӣ ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ
Имрӯз дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Темуршо Раҳимови Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи марказии ноҳияро, ки барои беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони варзишгоҳ аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 15 августи соли 2011 оғоз гардида, то соли 2012 ба маблағи 594 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонда шуда буд.
Соли 2012 сохтмони нотамоми иншоот ба тавозуни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Аз моҳи сентябри соли 2012 то ин давра ба маблағи 13 миллиону 390 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгари иҷро гардидааст. Барои хариди таҷҳизоту дигар лавозимоти зарурӣ 625 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Варзишгоҳ барои 7000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, аз нишастгоҳҳои шарқӣ, ғарбӣ, ҷанубу шарқӣ, шимолу шарқӣ ва шимолу ғарбӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, дар зери нишастгоҳҳо, 2 толори варзишӣ, меҳмонхона, мағоза ва шароити муосири корӣ, аз ҷумла ҳаммом, ҳуҷраи либосивазкунӣ барои мураббиёну варзишгарон фароҳам оварда шудааст.
Масоҳати варзишгоҳ 11 ҳазору 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он дорои зеристгоҳи барқӣ бо 2 адад трансформатори 250/10кВт мебошад.
Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» мебошад.
Сохтмончиёну коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамз”, “Кӯлобдеҳотсоз” “Бинокор”, “Тиҷоратсохтмон”, “Трио сохтмон”, “Маҷидиён” ва “Самар СН” тавонистанд ин иншооти варзиширо бо риояи қоидаҳои меъморӣ, ҷавобгӯ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинону варзишгарони ноҳияи Муъминобод муборкабод намуда, иброз доштанд, ки маҳз пойдории сулҳу субот ва самараи соҳибистиқлоливу дастгирии сокинони мамлакат аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин иншооти варзишӣ дар дурдастарин ноҳияҳои кишвар бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
Акунун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин варзишгоҳ, имкон фароҳам меояд, ки ҳам варзишгарон машқу тамрин намоянд ва ҳам чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронда шаванд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия
Дар ноҳияи Муъминобод пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар таҳлилу натиҷагирӣ намуда, барои идомаи тадбирҳо, баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда, ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳими соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 450 миллион сомонӣ ва дар давоми 10 соли охир бо татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ барои беҳдошти вазъи соҳаҳо ҷудо карда шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки айни замон татбиқи 10 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ идома дорад ва изҳори боварӣ намуданд, ки бо татбиқи лоиҳаҳо сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло меравад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ теъдоди коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба 106 адад расида, садҳо нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла занону духтарони деҳоти кишвар, бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Муъминобод ноҳияи аграрӣ буда, маҳсулоти кишоварзӣ манбаи аввалиндараҷаи даромади беш аз 80 дарсади аҳолии он ба ҳисоб меравад ва кишоварзони ноҳия дар таъмини аҳолии минтақа ва кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносиб доранд. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки доир ба баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва рушди соҳа аз тарафи сохторҳои дахлдор чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Истиқболи гарму самимии Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ
Баъд аз анҷоми сафари корӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Муъминобод имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони ноҳия дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шодиву нишоти беандоза ва эҳтироми хос нисбат ба раҳбару Пешвои ояндасози хеш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар як ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи диёр пайки шодию нишот, муждаи ободкорию созандагӣ меорад, зеро аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум сулҳу ваҳдат оварданд ва халқро ба зиндагии шоиста ҳидоят карда, барояшон шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам сохтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ноҳияи Восеъ низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо сафари корӣ ташриф оварда, баробари ифтитоҳи иншооти гуногун, мулоқоту суҳбат бо сокинон барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳо андешиданд.

Ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг
Баъди  истиқболи бошукӯҳ дар ҷамаоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг иштирок намуданд ва расман онро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг 88 километрро ташкил дода, бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии навбати дуюми роҳи мазкур моҳҳои наздик шурӯъ гардида, асфалтпӯш кардан, чароғонкунӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагард ва дигар иншооти ёрирасон сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда шуда, роҳи мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад. Баъди ба истифода додани навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг акнун имкон фароҳам гардид, ки мушкили рафту омади воситаҳои нақлиёт, мусофиркашӣ бартараф гардида, интиқоли молу маҳсулот тариқи роҳи мазкур бештар гардад.
Сокинони ноҳияи Восеъ аз ин ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, бунёди навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ - Ховалингро аз ҳадафҳои бобарору созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг баҳои баланд доданд ва барои анҷоми корҳои навбати дуюми роҳи мазкур масъулон дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ
Дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ ва расму оинҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби хоҷагидорон ва ҳунармандону кадбонуҳо дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Бо тарзи омода кардани маводи ғизоӣ, аз ҷумла нонҳои пухтаи хушлаззати кадбонуҳо, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки анъанаву сунатҳои неку қадимаи миллати тоҷикро муаррифӣ мекарданд, Президенти мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд ва ба маҳсули эҷоди ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ занону бонувони ноҳияи Восеъ ғизоҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ, ки бо тарзу усули хос омода карда шудааст, пешниҳоди кулли иштирокчиён намуданд. Ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ки бештар хоси ин минтақаи ҷумҳурӣ мебошад, ба намоишгоҳ шукӯҳу ҷалоли хоса ва зебу зиннати нотакрор бахшиданд.
Дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагидорон анвои гуногуни меваҳои шаҳдбор, аз қабили себу нок, анор, ангур ва дигар меваҷоте, ки дар ноҳияи Восеъ истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод  гардида,  дарак аз  файзу  баракат ва  фаровонии  дастархони аҳли заҳмат медод. Аз кишти зироатҳои лӯбиёгӣ, ба монанди наск, нахӯд, мош, зағир ва дигар номгӯйи ғалладонагиҳо, ки бо меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат истеҳсол шудаанд, дар намоишгоҳ фаровон ба назар мерасиданд.
Маҳсули меҳнати занбӯриасалпарварон дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда, имсол аҳли заҳмат аз оилаҳои занбури асал 35,6 тонна асал истеҳсол карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Восеъ шумораи оилаҳои занбӯри асал сол ба сол зиёд шуда, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Восеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонон барои истифодаи босамари замин ва интихоби тухмиҳои серҳосил дастуру маслиҳат дода, таъкид карданд, ки ҷиҳати дар оянда таъмин кардани рушди бахшҳои соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.
Истеҳсоли картошка, пиёз, сабзавоти тару тоза, аз ҷумла помидору бодиринг, лаблабу, шалғам, полизиҳо - тарбузу харбуза, каду ва дигар номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Восеъ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд гардида, дар намоишгоҳ аҳли заҳмат дастовардҳои назарраси хешро ба маъраз гузоштанд.
Дар ҳамин ҷо хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастҷамъона гузаронда шуда, ба онҳо туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Анъанаҳои мардумӣ дар «Бозори ҳунар» бо пешниҳоди чакандӯзиву қуроқдӯзӣ, намадбофӣ, тӯйи домодиву арусӣ ва дигар маросимҳое, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва дорои таърихи бою пурғановат дар гузашта доир мекарданд, макони намоишгоҳро бошукӯҳу диданӣ гардонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди занону бонувон, санъаткорон, атласу адрасбофон ва дигар анъанаву сунатҳои қадимаи миллӣ шинос шуданд ва барои эҳёи бештари онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Оилаи ҳунармандони ноҳия Мирзо Ҳоҷиматовҳо бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилангез намошгоҳи ҳунарҳои мардумиро шукӯҳи дигар бахшиданд.
Дар маҷмӯъ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва «Бозори ҳунар» дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ монда шуд.

Ифтитоҳи ду иншооти варзишӣ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани варзишгоҳ ва майдони корти теннис иштирок намуданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгашта дар майдони корти теннис, ки бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд гардидааст, дидан карда, барои амалӣ кардани иқдоми мазкур ба ӯ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар муҳлати кӯтоҳ бо харҷи 320 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар он барои машғул шудани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар расми ба истифода додани варзишгоҳ барои 5 ҳазору 260 ҷойи нишаст ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ин иншооти муҳташами варзишӣ низ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ сохта шуда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон басо ҷойи мувофиқ мебошад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешаванд ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд. Ҳамин буд, ки дар рӯзи аввали ба истифода додани варзишгоҳ даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол - «Тӯби чармин» миёни дастаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Фархор доир гардид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ нахустин тамошобини ин чорабинии варзишӣ буданд. Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонда шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро, пеш аз ҳама, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва минтақа муҳим арзёбӣ карда, дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маънидод намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин ду иншооти варзишӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳам варзишгоҳ ва ҳам майдони корти теннис беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Беморхонаи № 3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатобод ба истифода дода шуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи № 3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки беморхонаи № 3 - и деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, бо фарогирии 50 кат барои беморон аз ҷониби хоҷагии деҳқонии “Файзи Сайид” бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Тавре таъкид гардид, беморхонаи нав бо сармоягузории Фонди хайрияи Араб бо пешрафтатарин таҷҳизоти ташхису табобат, аз қабили ултрасадо, дастгоҳҳои муосири физиотерапӣ, сабти барқии дил ва ғайра таъмин гардида, ин муассисаи тандурустӣ аз нигоҳи имконият ва шароити тиббӣ дар ноҳия назир надорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибони беморхона дастур доданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама, баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Гуфта шуд, ки беморхона дорои чор шуъба, аз қабили таваллуд, ҷарроҳӣ, калонсолон ва кӯдакона иборат буда, табибони ин муассисаи тандурустӣ дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумат ҳамаҷониба барои солимии ҷомеа талош меварзанд ва дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат чунин беморхонаҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои нодир бунёд карда мешаванд. Имрӯз бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона 150 нафар, аз ҷумла 14 нафар табибони дараҷаи олӣ, 50 нафар кормандони миёнаи тиб ва 30 нафар кормандони хурди соҳа бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.
Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар беморхона ҷойгоҳи махсус дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз ин пеш дар ин ҷо хизматрасонии тиббӣ дар як бинои вайрону валангор сурат мегирифт, ки он ҳам соли 1998 дар натиҷаи баланд шудани оби дарёи Ёхсу ва омадани сел зарар дида буд ва сокинон барои ташхису табобат ба маркази ноҳияи Восеъ ва шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе мерафтанд.
Имрӯз бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи нав мардум изҳори хушнудӣ менамоянд, зеро аз ин пас барои ташхису табобат ба ҳеҷ куҷо сарсону саргардон намешаванд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои сабзу хуррам гардондани ҳудуди беморхонаи нав корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Ҳавлии беморхона, ки дар он ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудааст, ба ин мавзеъ таровати хоса бахшидааст.
Зимни ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи тандурустӣ бо маблағгузории давлати Ҷопон ва Фонди хайрияи Араб, ки арзиши лоиҳа 826 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта шудааст. Ба гуфтаи роҳбари Фонди хайрияи Араб дар Тоҷикистон, таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо, дандонпизишкӣ ва сабти барқии дил имкон медиҳанд, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад.
Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан, дар маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳияи Восеъ як навоварии калон аст.
Ҳамзамон, маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулӯ, гӯшу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад.

Мактаби нав дар деҳаи Меҳнатобод
Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи нави таълимӣ моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, он аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд, ки арзиши лоиҳа беш аз 2 миллиону 973 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 аз ду ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва ҳудуди умумии мактаб 2 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот коргарону мутахассисони ҶДММ «Ниагара-А» дар асоси лоиҳаи пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Дар ду ошёнаи мактаби мазкур 13 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумлаи химия, физика, математика, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон мавҷуд аст. Ҳамаи синфхонаҳои ин мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электорӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз карда шуда, ҳамчунин, дорои ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо барои таъмини мактаб бо гармӣ як буғхона, ки бо истифода аз ангишт фаъолият хоҳад кард, сохта шудааст.
 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар синфхонаҳои барҳавои мактаби мазкур бо таълимгирандагон суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи мактаби навро дар рӯзҳои таҷлил аз 25 - умин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон, созандагони фардои кишвар муборакбод гуфтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд, зеро ба андешаи Пешвои миллат донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст. Ҳамчунин, хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар бораи шароити замонавии таҳсил, ки бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат барои фарзандон ва наврасону ҷавонони деҳаи Меҳнатобод муҳайё шудааст, сухан карда, ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки оянда дар ин ҷо се бинои дигар, иборат аз толори варзиш, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва 8 синфхона сохта мешавад, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди иншооти иловагӣ расман оғоз бахшиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1998 бо сабаби баланд шудани оби дарёи Ёхсу ва омадани сел бинои пешинаи мактаби рақами 51 пурра хароб гардид ва солҳои зиёд хонандагон дар шароити наонқадар хуб таҳсил доштанд.
Дар замони истиқлолият бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани мактаби нав боиси шодию нишоти омӯзгорон ва хонандагон гардид.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия
Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоту суҳбати самимию созанда доир намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Восеъ барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, дар ҷодаи боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барори кор орзу карданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли сокинони ноҳияи Восеъро ба ифтихори 25 - умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамон сидқан табрик гуфтанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки имрӯз дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Восеъ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 30 иншооти нави таъйиноти гуногун ба истифода супорида шуд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои сохтмон 40 миллион сомониро ташкил дода, дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки дар баробари бунёди иншооти гуногун ва обод намудани як гӯшаи диёр, инчунин, барои ҳамватанони хеш ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда, дар амри хайри дастгирии шахсони эҳтиёҷманд кӯшиш мекунанд, миннатдории самимии худро изҳор намуданд.
Баъди анҷоми суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои талошҳои шабонарӯзӣ баҳри ободии диёр ва осудагии мардуми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки бо шарофати сулҳу ваҳдати пойдор ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бахшҳо рушд карда, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил фароҳам омадааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2016    №: 196    Мутолиа карданд: 2596

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед