logo

иҷтимоиёт

ТИБ. Сатҳи ташхису табобат беҳтар мегардад

Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ироа доштанд, ки «яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст».

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз соли 1998 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии клиникавии бемориҳои дил нахустин бор бо дастгоҳи ултрасадои Эхо Доплер КГ муҷаҳҳаз гардид. Албатта, он барои ташхиси дурусти бемориҳои соҳа ва тадқиқотҳои муҳиму пурарзиш заминаи мусоид фароҳам овард. Инчунин сифати хизматрасонии тиббиро нисбат ба солҳои қаблӣ боло бурд.
Маълум аст, ки пештар бо нарасидани мутахассисон ва набудани дастгоҳҳои ташхиси тиббии муосир яке аз омилҳои афзоиши бемории фишорбаландии шараён ва хатари он, яъне инсулт, сактаи миокардаи дил ва ғайраҳо дар фоизи баланди аворизнок қарор дошт ва мардум аз ин ҳама бисёр азият мекашид. Сол ба сол ин камбудиҳо бартараф гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки яке аз сабабҳои дигари фишорбаландии шараён бемории ҷоғар мебошад. Он аз норасоии маҳлули йод дар организми инсон сар мезанад. Чаро дар заминҳои хокии мо маҳлули йод нисбатан кам аст? Зимни посух бояд бигӯем, ки 93 дарсади кишвари моро  кӯҳ ташкил медиҳад. Заминҳои хокӣ дарахтони мевадиҳандаро бо маҳлули йод бояд бештар таъмин намоянд. Аммо обҳо аз кӯҳ ба тариқи сел, яъне бошиддат омада, маҳлули йодиро шуста мебарад. Истифодаи хурмо, сиёҳалаф, мавиз, моҳии баҳрӣ, карами баҳорӣ, намаки йодноки ошӣ, ҳаби йодбаланс, йодомарин, йодактив ба миқдори 2000 мкг дар як шабонарӯз ин бемориро пешгирӣ менамояд ва низ дар табобат нафъ мебахшанд.
Ба ҷуз ин бемории фишорбаландии шараён ба илтиҳоби гурдаҳо, санг дар гурдаҳо, варам ва омоси ғадуди болои гурда иртибот мегирад. Зарур аст, ки барои пешгирии ин бемориҳо шаҳрвандон дар вақтҳои муайянгардида аз муоинаи тиббӣ бигузаранд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соҳаи пайвандсозии хешовандии гурдаҳо дар ин чанд соли охир аз соҳаҳои пешрафта маҳсуб мешавад. То ба имрӯз беш аз 350  амалиёти ҷарроҳӣ барои иваз намудани гурдаҳо гузаронда шудааст. Ин амалиёт дар кишвари мо нисбат ба дигар кишварҳо арзон ва дастрас мебошад. Ҳамин аст, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон барои бо ҳам пайвандсозии хешовандии гурдаҳо, яъне иваз намудани онҳо меоянд. Аз ҷумла, аз Лубнон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ба кишвари мо барои ин амалиёт омаданд. Ҳамаи ҷарроҳиҳо дар сатҳи баланд, бе хавфу бе фавт гузаштанд, ки ин, албатта, боиси ифтихори табибони мамлакатамон мебошад.
Шамсуддин ШАФИЕВ, табиби бахши ташхиси
касбию вазифавии МДМҶКБД, табиби дараҷаи олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2617

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед