logo

иқтисод

САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО. КАДОМ ОМИЛҲО САДДИ РУШДИ ИСТИХРОҶУ КОРКАРДИ ОНҲОАНД?

Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои захираи ғании сангҳои қиматбаҳо мебошад. Лаъли Бадахшон бо зебоиву таровати нотакрор аз замонҳои қадим машҳур буд. Вале соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳову рангаи Тоҷикистон ба таври бояду шояд рушд намеёбад. Чаро?
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ танҳо як корхона ба истихроҷи сангҳо машғул аст: ҶСК «Ҷамаст». 
Бино ба иттилои Убайдулло Изаттуллоев, сардори ҷамъият, «Ҷамаст», ки соли 1937 таъсис ёфта, ба ҳайати экспедитсияи «Варзоб» дохил мешуд, яке аз корхонаҳои кӯҳансолтарини мамлакат мебошад. Баътар ба ҳайати экспедитсияи «Союзкварссамотсвети» дохил гашт. Солҳои 70 - уми қарни гузашта номи «Помиркварссамотсвети» - ро гирифт. Вазифаи асосии он ҷустуҷӯ, иктишофи конҳо, коркарди ашёи хоми пезооптикӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ корхона иттиҳодияи истеҳсолии «Аметист» номгузорӣ шуд. Чанде пас, аввал ҳамчун КВД «Ҷамаст» ба фаъолият пардохт ва соли 2015 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфт.
Тӯли фаъолият, аз ҷумла аз соли 1937 то 2008 корхона конҳо ва зуҳуроти зиёди лаъл, лоҷвард, оникс (санги сулаймонӣ), ёқут, турмалин, офиакалсит, аквамарин, ақиқ, рухом ва ғайраро кашф кардааст.
Тавре сардори ҷамъияти «Ҷамаст» гуфт, корхона алҳол дар конҳои «Лаъл» - и ноҳияи Ишкошим, «Лоҷувард» - и ноҳияи Роштқалъа, «Патру» ва «Селбур» - и ноҳияи Шаҳринав корҳои истихроҷӣ мебарад.
Барои пешбурди корҳо бо Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия, ки фаъолияти онро маблағгузорӣ менамояд, шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Ҷиҳати рушди соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, таҳти рақами 235 «Барномаи  рушди соҳаи заргарӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009 - 2015» қабул шуд, вале метавон гуфт, ки татбиқи он муваффақ анҷом наёфт.
Мувофиқи маълумоте, ки аз сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дарёфтем, дар корхонаҳои кӯҳкорӣ то соли 2022, бо назардошти васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ дар самти коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ҷилодор, 17,5 баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар назар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот асосан аз ҳисоби барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Апрелевка», «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой», «Анзоб», ҶСП «Адрасмон», «Комбинати маъдантозакунии Такоб», артелҳои заршӯйӣ ва коргоҳҳои нав сурат хоҳад гирифт.
Коршиносон иброз медоранд, ки сабаби рушд наёфтани соҳаи истихроҷи сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳои Тоҷикистон дар он аст, ки дар конҳо бештар «истихроҷкунандагони ихтиёрӣ» кор мебаранд. Онҳо маҳсулоти бадаст- овардаро ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша мефурӯшанд. Ҳамин тариқ, сангҳои қиматбаҳо қочоқ мешаванд.
- Ҳоло дар кони ёқути «Барфӣ» экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба омӯзиш машғул аст, - мегӯяд Миралӣ Ташрифов, сардори шуъбаи назорати геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Ба ғайр аз ин, дар қитъаи «Умед» - и кони «Барфӣ» - и ноҳияи Мурғоб экспедитсияи муштараки «Сомон – Каенен» корҳои омӯзишӣ мебарад.
Ба гуфтаи Миралӣ Ташрифов, бинобар баландкӯҳ будан ва боду ҳавои сард доштани ин ноҳияҳо корҳои омӯзишиву истихроҷӣ дар як сол танҳо се моҳ гузаронда мешаванд. Дар кони «Лаъл» корҳои истихроҷӣ то 6 моҳ идома меёбанд. Дар конҳои «Селбур» ва «Патру» - и Шаҳринав то ҳашт моҳ дар як сол истихроҷ намудани  сангҳо имконпазир аст.
Дар самти коркарди сангҳои қиматҳову ранга ҳам дар ҷумҳурӣ танҳо як корхона фаъол аст: ҶДММ «Рухом». Он корхонаи илмӣ - истеҳсолӣ буда, ба омӯзиш ва  коркарди сангҳои ранга  машғул аст. Тибқи маълумоти дастрас, «Рухом» аз 20 навъи санг 60 намуд маҳсулот омода месозад ва чандин нуқтаи фурӯш дорад.
Коршиносон иброз медоранд, ки барои Тоҷикистон рушди минбаъдаи корҳои геологӣ - иктишофӣ ва истифодаи захираи маҳсулоти маъданӣ яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодӣ мебошад.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2360

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед