logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТҲОИ ГУМРУКӢ ОШКОР МЕШАВАНД

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 14 -  уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Хадамоти гумруки Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Беларус,  Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат намуданд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, нақши воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки мамлакатҳои аъзоро дар фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодӣ муҳим арзёбӣ карда, хостори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд гардид.
 Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба натиҷаи чорабиниҳои муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои соҳаи гумрук, иҷрои нақшаҳои кори кумита ва маркази минтақавии вобаста ба фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Созмони байналмилалии гумрукӣ оид ба кишварҳои ИДМ «RILO Москва» дар соли 2016 - ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории муштараки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятии фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир пешгирӣ ва аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 21 тонна маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мусодира гардида, зиёда аз сад нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа доир ба таъсиси шабакаи боз дар самти дастрас намудани иттилоот аз шаҳрвандон - ҳуқуқвайронкунандагони гумрукӣ қарор қабул гардида, оид ба оғози кори шабонарӯзии нуқтаҳои иртиботӣ ҷиҳати табодули иттилооти ҳифзи ҳуқуқ тасмим гирифта шуд. Ҳамзамон, самтҳои ҳамкорӣ оид ба муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ дар татбиқи савдои интернети фаромиллӣ, мубориза бар зидди муомилоти байналмилалии ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, таҳқиқ ва тафтиши пешакии гумрукӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ ва фаъолияти кинологӣ муайян карда шуданд.
 Иштирокдорони ҳамоиш ба тавсеаи ҳамкориҳои кумита бо ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт лоиҳаи созишнома таҳия мегардад.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2955

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед