logo

сиёсат

250 ПАТЕНТ БАРОИ ИХТИРООТ. ДАЛЕЛИ УСТУВОРИИ МАВҚЕИ ИЛМ

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Рушд ва дурнамои илм дар замони Истиқлолият» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш коршиносону мутахассисон, намояндагони сохторҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои олии касбӣ иштирок доштанд.
Дар робита ба мавзӯи мавриди назар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар чунин гуфт: «Асри ХХI замони инқилобҳои бузурги илмию техникӣ, иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ, омехташавии босуръати тамаддунҳо буда, дар ин замина миёни кишварҳои ҷаҳон рақобати шадиде ҳукмфармост. Рақобатпазирии давлатҳо низ аз рӯи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи донишбунёд муқаррар мегардад. Дар ин радиф, соҳаҳои маориф ва илм асоси тамоми пешрафу тараққиёт буда, меҳнати фикрӣ омили рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар ба шумор меравад».
Саркотиби Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов, дар маърӯзаи худ ҳозиронро бо вазъи илм ва мушкилоти он дар замони соҳибистиқлолӣ  ошно намуд: «Душвориҳои зиёде, ки дар оғози бунёди давлатдории навин арзи ҳастӣ карданд, ба рушди илми ватанӣ таъсири манфии худро гузоштанд. Ҳатто ҷомеаи моро хатари аз байн рафтани бузургтарин маркази илмӣ - Академияи илмҳо таҳдид мекард. Чандин нафар олимони варзида, ки ба ғановати зеҳнии миллати мо меафзуданд, бо мушкилоти молиявӣ ҷойҳои кории худро тарк намуданд.
Вале мавқеи устувор ва амалҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боис шуданд, ки хатари парокандагии олимон ва нобудшавии марказҳои илмӣ дур андохта шавад. Аз ҷумла, соли 1996 Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ таъсис ёфта, тавассути он корҳои илмӣ ва кашфиёту пажӯҳиши олимон аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ ёфтанд. Натиҷаҳои илмии пажӯҳишгарони тоҷик аз рӯи зиёда аз 100 мавзӯъ, аз ҷумла 65 мавзӯи бунёдӣ ва 35 мавзӯи амалӣ, 250 патент барои ихтироот аз устувор шудани мавқеи илм дар ҷомеаи Тоҷикистон дарак медиҳанд».
 Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2662

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед