logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ БОҒИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ФАЙЗИ САИД” - И НОҲИЯИ ВОСЕЪ

3 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” боздид ба амал оварда, бо нашъунамои дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинос шуданд.
Аҳли меҳнати Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар майдони 23 гектар парвариши намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, полизӣ ва кишти дигар зироатҳоро ба роҳ мондаанд.

Имсол 3 гектар боғи нав бунёд гардид, ки акнун майдони боғот 26 гектарро ташкил дода, дар майдони 13 гектар ангур, дар 10 гектар дарахтони гелос, зардолу, нок, бодом, олу, олуи сурх, чормағз, анор, арча ва дар майдони 1 гектар гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, нашъунамои хуб доранд.
Зимни тамошои боғ Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнаткашони хоҷагӣ барои хуб ба роҳ мондани парвариши дарахтон, ки меваи аксари он ба содирот нигаронда шудааст, баҳои баланд доданд.
Аз рӯи маълумоти боғдорони хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” имсол ҳосили боғот, аз ҷумла ангур фаровон буд. Даҳҳо тонна ҳосили хушсифати ангуру пиёзи боғ ба Федератсияи Русия содирот карда шуд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки гулу буттаҳои мухталиф ва дарахтони сояафкани ин боғ барои корҳои ободонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоат ва қад - қади шоҳроҳи мошингард шинонда мешавад. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Хоҷагии  деҳқонии “Файзи Саид” дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 5 гектар  майдони   бекорхобидаи  санглоху  шӯразамин  боғи  арча бунёд кардаанд, ки ба симои ҷамоат ҳусни тоза зам кардааст.
Барои истифодаи самараноки заминҳои ин боғ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати гирифтани даромади хуб аз замин, гузарондани кишти такрорӣ бармеояд, хоҷагидорон дар байни қаторҳо дар 3 гектар пиёз кишт карда, 80 тонна маҳсулот ба даст овардаанд. Дар кишти такрорӣ ба ҷойи пиёз тарбузу харбуза шинонданд. Аз кишти 3 гектар картошка бошад, аҳли меҳнат 45 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба бозор бароварданд.        
Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи парвариши дарахтон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин боғ ба таври доимӣ 40 нафар ва мавсимӣ беш аз 70 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Таъсиси ҷойҳои корӣ як омили муҳими беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки аз ҷониби фарзандони ватандӯсти ин ҷамоат, роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” амалӣ шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2618

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед