logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб, 4 октябри соли 2016

Устодон ва шогирдони азиз!
Имрӯз дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, яъне 25 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон дар идомаи татбиқи сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон доир ба фароҳам овардани шароити муосири таълим дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб мактаби навбунёди замонавӣ ифтитоҳ гардид.
Ба ин муносибат, яъне ба ифтихори биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва оғози фаъолияти муассисаи нави таълимӣ ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва аҳли маорифи шаҳри Кӯлобро табрик гуфта, орзумандам, ки шогирдони ин макони илму тарбия бо донишу маърифат ва одобу ахлоқи ҳамида ба мисли фарзандони барҷастаи халқамон, аз ҷумла Умари Хайём дар олами илму маърифат шуҳратманду бообрӯ гарданд.
 Муассисаи таълимии имрӯза барои 1250 нафар хонанда пешбинӣ гардида, барои бунёди он 13 миллион сомонӣ сарф шудааст. Бояд зикр кард, ки ин 69 - умин муассисаи таълимӣ дар шаҳри Кӯлоб буда, бо қабули хонандагон ба ин мактаб шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба 44300 нафар мерасад.
Шаҳри Кӯлоб яке аз марказҳои фарҳангии кишварамон буда, сокинони он ба илму маърифат ва хусусан, шуғли омӯзгорӣ эҳтироми хоса доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки устодону омӯзгорон бо истифода аз шароити муҳайёгардида барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз саъю талоши бештар мекунанд. Дар ин раванд, омӯзгорони мо бояд, пеш аз ҳама, ба номи баланди муаллим, яъне шахси соҳибилм ва таълимдиҳандаву тарбиятгар содиқ бошанд ва хуб дарк намоянд, ки онҳо ду рисолат доранд, яъне ҳам меомӯзанд ва ҳам омӯхтаҳои худро ба шогирдонашон меомӯзонанд.
Ҳозирини гиромӣ!
 Истиқлолияти давлатии кишвар ба мо имкон дод, ки тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, масъалаву  мушкилоти дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ҷойдоштаро  зина ба зина ҳаллу фасл карда, рушди бонизому устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварро таъмин намоем.
Аз ҷумла, маҳз ба шарофати истиқлолият ва суботу оромӣ дар кишвар имконияти рушди муназзами илму маориф фароҳам омадааст. Вобаста ба ин, омӯзгорону устодони муҳтарамро зарур аст, ки ба насли наврас, яъне насли хушбахти замони соҳибихтиёрии Ватанамон таърихи истиқлолият, қадру қимати сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро фаҳмонанд. Зеро танҳо тавассути шинохти дурусти таърихи халқамон мо метавонем фарзандони хешро дар рӯҳияи  ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву созандагӣ ба воя расонем.
Мо дар оянда низ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва нақши онҳо дар рушди неруи инсонӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар баробари ин, аз устодону омӯзгорон масъулиятро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба шогирдон амиқ омӯхтани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо техника ва технологияҳои муосир ва умуман, тарбияи шахсиятҳои ҳамаҷониба пешрафтаро   тақозо хоҳем кард.
Омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ ҳамчун неруи пешқадами ҷомеа бояд дар масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бисёр ҷиддӣ ва серталаб бошанд. Дар баробари омӯзгорон падару модарон низ вазифадоранд, ки ҷараёни дарсхонӣ ва ахлоқу рафтори фарзандони худро доим ва ҷиддӣ назорат кунанд.
Аз иштироки падару модарон, аҳли маҳаллаи Умари Хайём ва омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, таъкид месозам, ки мо дар соли ҷашни камолоти давлати соҳибистиқлоламон бо иродаи мардумамон ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид сохта, масъулияти омӯзгор, падару модар ва ҷомеаро нисбат ба тарбияи фарзанд ва ҷавобгарии фарзандонро доир ба нигоҳубини падару модар дар давраи пиронсолӣ асоси ҳуқуқӣ бахшидем. Бинобар ин, шумо, фарзандони азиз, хуб дарк намоед ва огоҳ бошед, ки яке аз қарзҳои асосии инсон дар зиндагӣ расидан ба қадри падару модар  ва ранҷу заҳмати онҳо, эҳтироми шахсони калонсол мебошад, ки ман масъалаи мазкурро ба таври доимӣ таъкид месозам. Ҳамзамон бо ин, падару модарон, омӯзгорон ва масъулини мақомоти дахлдор бояд дар самти татбиқи босамари муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд ва ба масъалаи тарбияи наслҳои соҳибмаърифату донишманд ва хушахлоқу баодоб, яъне ба ояндаи миллат бо камоли ҷиддият муносибат намоянд.
Мо соҳиби давлати мустақил ҳастем ва фарзандони мо, яъне наврасону ҷавонон бояд ба хотири таҳкими истиқлолият ва пешрафту тараққиёти давлат, инчунин, барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистон дорои донишу маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои муосир, ахлоқи ҳамида ва ватандӯсту ватанпарвар бошанд. Ба хонандагоне, ки ин ҷо ҳузур доранд, муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки фарзандони азиз, давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз барои фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таҳсил ба шумо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст ва ин корро минбаъд низ идома медиҳад. Вазифаи асосии шумо танҳо хубу аъло таҳсил кардан аст. Мо аз шумо умедҳои зиёд дорем, ки ин сарзамини аҷдодӣ, Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз оянда бо дасти шумо боз ободу зеботар мегардад ва парчами истиқлолияташ ҳамеша парафшонӣ менамояд.
Миллати фарҳангсолори тоҷик аз замонҳои қадим тавассути осори адабии олимону донишмандонаш ба ҷаҳониён ганҷинаи бебаҳои панду андарз ва донишу таҷрибаро додааст. Бахусус, шаҳри Кӯлоби бостонӣ, ки зодгоҳу иқоматгоҳи бисёр  донишмандону орифон мебошад, бояд минбаъд низ бо донишу фарҳанги баланди мардумаш намунаи ибрат бошад.
Бо ҳамин умед, бори дигар ҳамаи шумо, устодони арҷманд ва фарзандони азизро ба ифтихори ҷашни истиқлолият, Рӯзи забони давлатӣ, ки мояи ифтихори ҳар яки мо мебошанд ва оғози фаъолияти боз як даргоҳи илму боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон хушбахтиву саодатмандӣ, тани сиҳат ва иқболи нек орзумандам.
Ҳамеша сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 9918

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед