logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мардуми шарафманду меҳмоннавози ин сарзамини бостонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешвоз гирифтанд.


Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб нахуст дар деҳоти Даҳанаи ҳамин шаҳр бо буридани лентаи рамзӣ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 624 ҷойи нишаст аз солҳои 90 - уми қарни гузашта ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда буд. Идомаи сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2015 аз ҳисоби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, марҳилаи III” бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонда шуд.
Мактаби нав дар масоҳати умумии 2,4 гектар сохта шудааст. Дар ҳавлии мактаб як варзишгоҳи калон барои бозии футбол ва як майдончаи хурд барои бозиҳои волейболу баскетбол воқеъ аст. Синфхонаҳои мактаб дар фасли зимистон тавассути маркази мустақили гармидиҳӣ, ки бо ангиштсанг кор мекунад, гарм карда мешаванд.
Ҳамаи корҳои сохтмонӣ босифат ва пеш аз муҳлат аз ҷониби ҶДММ “Ёхсу”- и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфтаанд. Дар сохтмони бинои мазкур, ки як сол идома ёфт, аз 350 то 400 нафар коргари маҳаллӣ бо ҷойи кор ва музди меҳнати баланд таъмин гардиданд. Маблағи умумии корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, 16 миллиону 639 ҳазор сомониро ташкил дода, барои ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ашёи аёнии таълим ва дигар лавозимоти мактабӣ 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Бинои таълимии муассиса аз 2 ошёна ва 6 қисм иборат мебошад. Дар қисми якуми бино ду синфхонаи лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар утоқҳои маъмурӣ ҷойгиранд. Дар қисми дуюми бинои мактаби нав синфхонаҳои махсус барои омӯзиши касбу ҳунар бунёд гардидаанд. Дар ин синфхонаҳо, ки бо тамоми лавозимоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд, барои писарон имконияти аз худ кардани касбҳои дуредгарию харротӣ ва барои духтарон омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию қаннодӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи аввали қисми сеюми бинои мактаб ошхона барои 144 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм толори барҳавои варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин толори варзишӣ имконияти гузарондани машғулиятҳо дар намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва гӯштин вуҷуд дорад. Ҳамзамон, дар толори мазкур барои обутоби бадан дигар лавозимоти варзишӣ низ насб гардидааст.
Мактаби нав, инчунин, дорои толори бошукӯҳ барои гузарондани ҳаргуна ҷамъомадҳо мебошад. Дар ин толор, ки 300 ҷойи нишаст дорад, аз ҷониби дастпарварони мактаби мазкур намоишнома ба Пешвои миллат пешниҳод шуд.

Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ба деҳоти Зиракӣ ташриф оварда, бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд. Кооперативи номбурда дар заминаи хоҷагии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 7 ҳазор гектар ташкил гардидааст, ки 5 ҳазору 500 гектари онро майдони зироати кишоварзӣ ташкил медиҳад. Аз ин 2 ҳазору 375 гектараш замини корам, аз ҷумла 2 ҳазору 100 гектар обӣ, 320 гектар лалмӣ буда, 330 гектарро боғ ва боқимондаро чарогоҳ дарбар мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонашон аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта бевосита шинос гардиданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло дар кооперативи мазкур беш аз 1000 нафар фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Кишоварзон соли равон дар майдони 830 гектар пахта кишт карда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ, сари вақт додани нуриҳои минералӣ ва шудгори байни қаторҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чинакчиён ва механизаторону саҳмдорон, ки ба ҷамъоварии ҳосил машғул буданд, суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда даъват намуданд. То имрӯз чинакчиён 700 тонна ҳосили ғундоштаи хешро ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Зарҳам", ки ашёи хоми кооперативро ҳамчун тухмӣ қабул ва коркард месозад, супоридаанд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 190 тонна бештар мебошад.
Кишоварзон дар қитъаҳои пахта навъҳои тухмии серҳосили «Ирам», «Сорбон», «Ориё» ва ғайра кишт кардаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Айни замон барзгарон аз майдони 800 гектар зиёда аз 400 тонна ғалладонагӣ, 15 номгӯйи тухмии гандум, аз ҷумла, «Сарвар», «Садоқат», «Сонмез», «Иршка», «Краснодар 99», «Старшина», «Сомонӣ», «Ормон» - ро таҷриба намуда, барои истифода ба дигар хоҷагиҳо ба фурӯш баровардаанд.
Кишоварзони кооперативи тиҷоратӣ соли ҷорӣ 3 ҳазору 700 тонна ғалла рӯёнданд, ки 500 тоннаашро тухмӣ ташкил медиҳад. Чуноне саҳмдорон иттилоъ доданд, соли равон онҳо аз кишти барвақтии сабзавот 6 ҳазору 440 тонна ҳосил рӯёндаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 280 тонна зиёд будааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастранҷи боғу токпарварон, ки меваҳои шаҳдбори боғоти кооперативро муаррифӣ мекарданд, таваҷҷуҳ намуданд. Боғпарварон таъкид доштанд, ки алҳол майдони умумии боғҳои кооператив 344 гектарро дарбар мегирад ва 75 гектараш боғҳои ҳосилдиҳанда мебошанд, ки аз онҳо соли ҷорӣ 130 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст.
Дар кооперативи мазкур баробари боғдорӣ ба кишти полизиҳо ҳам диққати ҷиддӣ дода, номгӯйи зиёди тарбузу харбуза ва кадуро ба маъраз гузоштанд. Картошкапарварони хоҷагӣ зиёда аз 600 тонна картошка истеҳсол карданд, ки аз як гектар 250 - сентнериро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои кишоварзон, майдони кишти полизиҳо ба 35 гектар расонда шудааст ва имсол 420 тонна меҳсулоти полизӣ ба даст овардаанд.
Мутахассисони кооператив, инчунин, гулу гиёҳҳои шифобахшро, ки дар ин хоҷагӣ ба таври васеъ парвариш меёбанд, дар намоишгоҳ ба маъраз гузоштанд. Чуноне таъкид шуд, мутахассисон дар кооператив соли равон дар масоҳати 10 гектар кишт ва парвариши 22 номгӯйи гиёҳҳои давобахш, аз ҷумла «Нардсунбур», «Пудина», «Ноки заминӣ», «Қоқу», «Озариюн», «Лимугиёҳ», «Гули зарпоша» ба роҳ монданд. Дар ин самт ба кишоварзон мутахассисону олимони соҳавӣ тавсияҳо дода, раванди нигоҳубини рустаниҳои нодирро меомӯзонанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагидорони кооператив парвариши намудҳои беҳтарини чорвои калони шохдор, аз ҷумла зоти «Сиёҳало» мебошад. Алҳол саршумори чорво дар хоҷагӣ ба 600 сар, аз ҷумла 110 сар модагов, 100 сар асп ва зиёда аз 1000 сар моли майда мерасад. Соли равон беш аз 400 тонна шир ва 25 тонна гӯшт истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳри Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шуданд.
Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 адад сой мавҷуд аст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расондани зарар вуҷуд дорад.
Тавре ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ва Маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Даҳана, Зиракӣ, Тебалай ва шафати дарёҳои Қизилсуву Ёхсу ҷараён дорад.
Дар маҷмӯъ, имрӯз наздик ба 500 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, бо истифода аз техникаву механизмҳои мавҷуда корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пеш мебаранд. Корҳои лоиҳакашӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Институти лоиҳакашии Тоҷикгипроводхоз» ба анҷом расонда шудааст.
Барои таъмир ва барқарорсозии соҳили рост ва чапи сойи Даҳана 5 миллиону 643 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дарозии қисмати барқароршаванда бошад, 2721 метрро дарбар гирифта, то имрӯз бештар аз 1600 метраш  пурра ба анҷом расонда шудааст.
Маблағи ҷудогардида барои корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Зиракӣ 7,5 миллион сомонӣ ва дарозии он 1745 метрро ташкил медиҳад. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Андок» мебошад.
Дарозии сойи Тебалай 13,2 километрро ташкил медиҳад, ки 5,7 километраш ба ҳудуди шаҳри Кӯлоб рост меояд. Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2016 оғоз шуда, барои пешбурди он 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб гардидааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ шумораи коргарон дар сойи Тебалай 140 нафар ва техникаву механизмҳои истифодашаванда 55 ададро ташкил медиҳад. Сохтмончиён ҳамарӯза дар самти пешбурди кор ба муваффақиятҳои назаррас ноил мешаванд ва то охири соли равон зиёда аз 3,5 километр қисматҳои харобгаштаи сой барқарор карда мешаванд.
Барои анҷоми корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Тебалай бештар аз 21 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Баъди анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ беш аз 400 оилаи шаҳри Кӯлоб аз хатари обхезӣ эмин нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамзамон, барқарорсозии соҳили дарёи Ёхсу дар мавзеъҳои Сари Ангур, Ғофилобод, Ҷаврез, Кафтархона ва барқарорсозии соҳилҳои харобгаштаи дарёи Қизилсу дар мавзеъи Туғайи ноҳияи Восеъ идома доранд. Тамоми иншооти сохташаванда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби марказҳои татбиқи лоиҳаҳои назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор барои сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корҳои барқарорсозӣ дар тамоми мавзеъҳо дар асоси лоиҳа бо истифода аз техникаи муосир ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб то фасли сармо барқарорсозии қисматҳои харобгашта ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Даҳана, Зиракӣ ва Тебалай ба итмом расонда шуда, эҳтимоли хавфи зарари офати табиӣ ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел пешгирӣ карда мешавад.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст.
Пеш аз Истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гурӯҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.
Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии одамон, эҳсону муруват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромиш, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд. Ҳамин аст, ки ин шахсияти шинохта на як бору ду бор, балки ҳамеша аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстонаи хеш соли 2015 ба муносибати 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» - ро баргузор карданд. Дар баромадҳои хеш олимони кишварҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, барои хислатҳои нодиру наҷиб, ташаббусҳои инсондӯстона ва қадршиносию гиромидошти олимону орифони миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ин иқдомҳои ибратбахш баҳои баланд доданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

“Роҳи абрешим” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази замонавии хизматрасонии “Роҳи абрешим”- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази “Роҳи абрешим” дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Кулма ба маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фурӯши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст буда,  бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Соҳибкори ватанӣ Табаралӣ Амрохонов бо бунёди ин маркази муосири хизматрасонӣ, 50 нафар сокини маҳаллии шаҳри Кӯлобро соҳиби кори доимӣ кард.
Дар ошёнаи сеюми марказ меҳмонхонаи нав бо 13 ҳуҷраи хоб сохта шудааст. Мақсад аз бунёди чунин иморати зебо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирону ронандагони шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар рӯзи ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” дар ошёнаи якуми бино тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 25 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд гузаронда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хушбахти замон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37
Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди Умари Хайём ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни ҳавлии ин боргоҳи маърифат, ки бо тарзу услуби муосири меъморӣ бунёд гардидааст, Сарвари давлатро устодон ва хонандагони сершумор бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза нисбат ба роҳбари маорифпарвару ғамхор истиқбол гирифтанд.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҳабиб О" бо сифати баланд иҷро кардааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 13 миллион сомониро ташкил медиҳад ва пурра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Майдони умумии ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ наздик ба 3 гектарро ташкил медиҳад.
Мактаб аз се ошёна ва 28 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 624 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамшуда дар ин муассисаи таълимӣ бевосита шинос гардиданд. Роҳбарият ва масъулони ин боргоҳи адаб ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин ҷо барои хонандагон шароити муосири дарсомӯзӣ, бо истифода аз асбобу аёниятҳои зарурии таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ бо 30 адад компютер муҷаҳҳаз буда, бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад. Ҳамзамон, панҷ адад тахтаи электронӣ харидорӣ ва мавриди корбарии хонандагон қарор гирифтааст.
Дар ошёнаи якум китобхона бо фарогирии номгӯйи зиёди адабиёти бадеию дарсӣ, ошхона барои то 50 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва толори хуштарҳи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун, ки имкони ғунҷоиши беш аз 200 нафарро дорад, ташкил гардидааст.
Ҳамзамон, ба хотири касбомӯзии хонандагон дар ин муассисаи таълимӣ ду синфхонаи касбомӯзӣ ҳам ташкил карда шудааст, ки дар онҳо ба хонандагон ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва дуредгарию дигар ҳунарҳои зарурӣ омӯзонда мешаванд.
Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои футболу волейбол, бо дарназардошти талабот, бунёд гардидааст. Мактаб бо хати доимии барқ ва системаи огоҳсозӣ аз хатар пайваст мебошад.
Сарвари давлат аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, устодонро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагонро бошад, ба кӯшишу талошҳои ҳарчи бештар дар роҳи донишандӯзӣ даъват намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2016    №: 197    Мутолиа карданд: 2644

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед