logo

маориф

МАОРИФ ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ СОҲА ДАР ТОҶИКОБОД

Азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, бунёди бинову синфхонаҳои наву замонавӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба таври доимӣ пайгирӣ карда мешавад.
Зебо Ҳиматова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикибод, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар ҳамин мавзӯъ ибрози назар намуд. Бино ба иттилои ӯ дар зарфи 25 соли охир дар ноҳия 42 бинои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Имсол ба шарофати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар биноҳои якошёнаи хобгоҳҳои писарона ва духтарона дар назди муассисаи таълимии № 4 - и деҳаи Ширинчашма,  биноҳои таълимии дуошёна дар назди муассисаҳои таълимии № 8  ва 11 - и деҳаҳои Зарафшон ва Сари пул, сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 15 - и деҳаи Сабзазор ва № 24 - и деҳаи Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони 2 бинои таълимии дигар дар назди муассисаҳои таълимии № 12 - и деҳаи Қалъаи Лаби об ва № 17 - и деҳаи Лангари Шоҳ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.
Дар ин муддат 8 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ таъсис ёфтааст. Бо мақсади пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони синни мактабӣ, хусусан духтарон тайи ду соли охир мақоми 11 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 8 муассисаи ибтидоӣ ба асосӣ ва 3 муассисаи асосӣ ба миёнаи умумӣ табдил дода шуд.
Ҷудо намудани квотаи президентӣ ва ҷалби довталабон аз деҳаҳои дурдаст барои ноҳияҳои кӯҳистон тадбири хуби андешидаи Сарвари давлат аст. Айни ҳол дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ 89 нафар ба тариқи квотаи президентӣ таҳсилро идома дода истодаанд. Маҷмӯан, дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 680 нафар дастпарвари муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил карда истодаанд. Тайи се соли охир муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро  дар риштаи омӯзгорӣ 76 нафар хатм карда, ба ноҳия баргашта, бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Бо мақсади дастгирии омӯзгорони ҷавон ба 20 нафар қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ ба тадриҷ фаъолтар мегардад. Соли ҷорӣ дар даври минтақавии олимпиада дар ноҳияи Рашт 40 нафар хонандагони синфҳои 9, 10 иштирок намуда, 12 медал ба даст оварданд.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015» муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 257 компютер ва 34 принтер таъмин гардидаанд, ки  ба 15 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Ин 100 дарсади иҷрои талаботи Барномаро таъмин менамояд.
Дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2016» дар назди 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил гардида, 303 нафар кӯдакон ба онҳо ҷалб карда шудаанд. Дар назди шуъбаи маориф 1 боғчаи бачагона бо фарогирии 60 нафар кӯдакон фаъолият дорад. Марказҳои инкишофи кӯдакон  ва боғчаи бачагона бо тамоми таҷҳизоту дигар маводи лозима муҷаҳҳаз гардидаанд.
Вобаста ба амалишавии Барномаи такмил ва омӯзиши забонҳо соли таҳсили сипаришуда 25 нафар мутахассиси ҷавон бо ихтисосҳои омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ донишгоҳҳои омӯзгории кишварро хатм карда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо ҷойи кор таъмин гариданд, вале ҳанӯз ҳам норасоии мутахассисон (7 нафар) дар ин самт ҷой дорад.
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Вақти он расидааст, ки омӯзгорон аз усулҳои наву муосир истифода намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд, зеро рушди минбаъдаи кишвар маҳз ба сатҳи дониши наврасони имрӯза вобастагӣ дорад. Мо кормандони шуъбаи маориф муваззаф ҳастем, ки масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва расондани ёрии методӣ ба омӯзгоронро тақвият дода, дар ҷодаи такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва мураббиён фаъолиятамонро таҳким бахшем, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Зебо Ҳиматова.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 6055

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед