logo

фарҳанг

КОНФРОНСИ «ҶУМҲУРИЯТХОНӢ»

Ин ташаббуси устодон ва донишҷӯёни коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом буд, ки барои бори аввал дар таърихи беш аз 90-солаи ин нашрияи бонуфуз хеле ҷолибу хотирмон доир гардид. Дар конфронс, ки бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва доираи васеи устодону толибилмони коллеҷ баргузор шуд, таърихи гузаштаву имрӯзаи рӯзнома ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Нахуст меҳмонон бо корҳои ихтироотии донишҷӯёни коллеҷ, ки дар намоишгоҳи махсусгардонидашуда ҷамъ оварда шудаанд, ошно гардиданд. Донишҷӯён ба меҳмонон бо камоли майл аз навовариҳои худ ҳикоят намуданд. Як гӯшаи махсуси намоиш маводҳои доир ба фановарӣ ва навгониҳои соҳаи маориф нашрнамудаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро дар бар мегирифт. 
Замира Ашӯрматова, муовини раиси шаҳри Конибодом, дар баромади худ қайд намуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» имрӯз дар байни нашрияҳо пешсаф буда, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон, ҳамчунин тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ нақши бориз дорад.
Музаффар Ҳамидов, директори коллеҷи технологӣ дар суханронии хеш аз ҳамкориҳои доимии коллеҷ бо ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ёдовар шуда, гуфт, ки «Дар раванди таълиму тарбия аз матолиби нашрнамудаи рӯзнома васеъ истифода мебаранд. Барои мисол метавон мақолаҳои «Таҳсили духтарон. Кадом омилҳо ба он монеъ мешаванд?», «Мушкили асосӣ - надоштани касб»,  «Экология. Биёед сарзамини худро эҳтиёт кунем», «Истиқлолияти энергетикӣ. Мардум набояд аз бетарафӣ кор бигиранд» ном бурд, ки масъалаҳои дар онҳо бардошташуда ба касби интихобнамудаи донишҷӯёни мо алоқаманд ва аз мушкилоти соҳа хони баҳс оростаанд. Аз мутолиаи чунин матолиб хонандагони мо бо вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳаи интихобнамудаашон шиносоӣ пайдо намуда, дониши худро васеъ мегардонанд».
Н. Юсуфов, ҷонишини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, ки хонандаи доимии рӯзнома маҳсуб меёбад, аз солҳои 80 – уми асри гузашта ёдовар шуда, нақл намуд, ки он солҳо аз ҳаёти пешқадамони истеҳсолоти шаҳри Конибодом дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») мақолаҳои зиёде нашр мешуданд. Бо пешниҳоди хабарнигорони ин рӯзнома дар хоҷагии Ленингради шаҳр рӯзномаи «Заркор» таъсис ёфт, ки пас аз ба ҷамъияти саҳомии «Ирам» тағйири ном намудани хоҷагӣ номи «Субҳи Ирам» - ро гирифт. Н. Юсуфов аз маводи таҳти унвони «Канди куҳан. Аз «Меваи Канд» то «Шаҳдрез» - и дар таърихи 22 сентябр дар рӯзнома нашрнамудаи раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки аз ин иқдоми неки пешгирифтаи коллеҷи технологӣ ва ҳайати эҷодии рӯзнома аҳли ҷамоатчигии шаҳр низ хеле хушнуд гардиданд.   
Сипас, миёни хонандагон ва кормандони рӯзнома суолу ҷавоб баргузор гардид. Хонандагон ба пурсишҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.
Дар ҷамъбасти конфронс ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва коллеҷи технологии шаҳр «Сипоснома» - и рӯзнома супорида шуд. Муаллифони фаъол ва ғолибони озмуни «Ҷумҳуриятхонӣ» бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои таъсисдодаи рӯзнома сарфароз гардонда шуданд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 2959

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед