logo

фарҳанг

ҲАСТИИ МИЛЛАТ. ИН БОР СУХАН АЗ БОБИ ЗАБОН АСТ

Халқи тоҷик тӯли ҳазор соли  бенасибӣ аз давлату давлатдорӣ аз байн нарафт, зеро онҳое, ки болои ӯ ҳукумат мекарданд ва ӯро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд, ҳамеша ниёз ба забон ва неруи эҷодкориву созандагиаш доштанд.

Аҳди Сомониён давраи тиллоии давлатдорӣ, даврони дар авҷи таҷаллӣ қарор доштани илму фарҳанги миллӣ беш аз асре тӯл накашид ва халқи тоҷик ба роҳи дарози таърихӣ, роҳи пур аз имтиҳони сахту сангин, саркӯбҳои хушунатомез, сахтиҳо, озору азият раҳсипор шуд то ин, ки фақат баъд аз  даҳ садсола соҳиби давлат гардад. Вале, ҷолиб ин аст, ки миллати тоҷик на танҳо он ганҷинаеро, ки дар бағал дошт дар  шебу фарозҳои пурхатари роҳи ҳазорсолаҳо гум накард, балки болои он боз ганҷҳои гаронбаҳо илова карда, барои ояндагон арғувон  овард. Президенти кишвар дар ин бора гуфтааст: «Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳувият, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва истиқлолро то замони мову шумо расонад».
Таърих гувоҳ ҳаст, ки алорағми печидаву мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт аз ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон фориғ набудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 1992 ва аввали соли 1993 ба тақвият бахшидани мақоми забони давлатӣ ба иқдом пардохт. 21 октябри соли 1997 вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи рушди забон барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави кишвар қабул гардид ва 3 сентябри соли 1998  Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ карда шуд.
Пешвои миллат ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ ба андешаи ӯ  аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ мебошад. Ӯ аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ дар баробари анҷом додани вазифаҳои мураккаб ва печидаи марбут ба таҳкими сохтори сиёсии давлат омода ва баргузор намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои ҳаёти давлатӣ ҳамеша мекӯшад, бо мардум дидору мулоқот намуда, аз омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллӣ сухан бикушояд ва мардумро ба роҳи фарогирӣ ва сабақандӯзӣ аз таърихи миллати хеш ҳидоят намояд. Дар ин замина   нахустин қадамеро, ки барои худшиносӣ ва огоҳии миллӣ тавсия медиҳад гиромидошти забон аст. Сарвари давлат забонро появу бунёди ҳастии миллат медонад ва бо далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки эҳёи давлатдории миллии тоҷикон пас аз ҳукмронии 200 солаи арабҳо аз ба саҳнаи сиёсӣ баргардондани забони модарӣ оғоз гардидааст ва бо рӯй овардан ба саҳифаҳои таърих иброз медорад, ки барои гузаштагони  мо ифтихор аз ватан ва забон ҳамеша ангезаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддас арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунон, ки таърих шаҳодат медиҳад дар воқеъ ҳам бо ба майдони сиёсат зуҳур намудани Тоҳири Пушанҷӣ, Яъқуби Лайси  Саффорӣ растохези бузурге дар ривоҷ додану ба кор гирифтани забони тоҷикӣ ба ҷои арабӣ оғоз шуду суръат гирифт. Ин давра ба ривоҷи забони адабии тоҷикӣ замина гузошт, ки баъдан дар замони Сомониён забони меъёрӣ ва расмӣ неруманд гардид.
Забони тоҷик нигаҳбони ҳастии ӯ тӯли садсолаҳо гардид ва шукри истиқлоли кишвар, ки ин забон чун ҳазор соли пеш забони расмӣ гардид ва мақоми пешинаи худро касб кард. Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забонро ба минбарҳои баланди дунё баровард, бо ифтихору сарфарозӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан кард ва бори дигар паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии ватани азизи моро ин соҳибзабони арзанда ба оламиён расонд. 
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 3148

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед