logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ ИЛМ, ФАРҲАНГ ВА ЗАБОНИ СУЛҲУ ОСОИШ

«Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад»  
                                                                                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН
Бо вуҷуди аз сар гузарондани ин қадар нокомиҳои замона, тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сӯхтору куштор ва парокандагии милливу мазҳабӣ ва дар чорсӯи таърих танҳо мондани  ниёгонамон на ин ки аз доираи таърих берун нашуданд, балки барқарору густариш ва ташаккул ёфта, бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доштанд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот доданд. Забони тоҷикӣ дар тӯли ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст. 
Маҳви забон маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Дар замони хатарҳои ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра аз байн рафтани забони миллии халқу миллатҳои бузург, ба сифати забони давлатӣ ва коргузорӣ қабул намудани забонҳои ғайр бояд ба ҳар миллату миллатҳои соҳибзабон сабақи ҷовидонии таърихӣ бошад. Таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, махлутӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба забон, таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир метавонад омили эҷоди хатарҳои ҷаҳонишавӣ бошад. Боиси хушнудӣ аст, ки мувофиқи иттилооти мавҷуда забони тоҷикӣ дар қатори 70 забони расмии устувори ҷаҳонӣ аз хатари нобудшавӣ эмин аст.
Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар  қарор дорад, ин густаришу ба мақоми комили забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст.  Хушбахтона, дар ин самт иқдомҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд.
 Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар масъалаи дар низоми байналмилалии докторантураи PhD тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ шароит муҳайё намуда истодааст.  
Тақозои раванди мазкур он аст, ки забони тоҷикии давлатӣ ба забони илм табдил дода шуда, рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ таҳия ва таълиф гарданд. Таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, масъалаи муҳим аст. Ҳамчунин, таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ, фарҳангномаҳои гуногун, таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ, технологӣ, биология ва тиб, таҳияи вожаномаву муҳовараҳои дузабонаю  сезабона, таъмини тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ, таҳияи Барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, фарҳангҳои истилоҳотии соҳавӣ, тафсирии англисӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи компютерӣ, истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерӣ, таҳияи барномаҳои компютерии омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дигар ба забони давлатӣ, таҳияи барномаҳои тарҷумаи компютерӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ, ворид намудани шакли электронии “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар шабакаи интернет ва даҳҳо чунин тадбирҳои нақшавии Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2016 омили ташаккул ва татбиқи забони давлатӣ ҳамчун забони илм ва истилоҳоти илмӣ шуда метавонад. Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳониро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд, мебошад. Забон рукни муҳими давлатдорӣ, нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолати миллат ба шумор рафта, гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани онро вазифаи фарзандии худ шуморем.  
Раҷабалӣ САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 3310

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед