logo

сиёсат

1993 ОҒОЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ВОҚЕӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Гузашта ҳамеша дар хидмати оянда аст ва набояд аз ёдҳо зудуда шавад. Зеро ободиву шукуфоии имрӯзи кишвар бо заҳмату талошҳои дирӯз кашидаи ҳамватанони мо ба даст омадааст. Бо назардошти ин ки 29 сентябр  ҳамчун «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» таҷлил гардид ва дар он дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ  таҷассум ёфт, месазад, то як саҳнае аз музокироти дипломатии сатҳи олии соли 1993 тасвир карда шавад.
Дар он шабу рӯзи ноором ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон  гуреза шуда, дар кишварҳои гуногун маскун шуданд, хиёбону гулгашт ва кӯчаҳои пуродами шаҳри Душанбе холӣ аз шарфаи по, садои хандаи кӯдакон гаштаанд. Муҳимтарин мавзӯъ ва сархати талошҳо барқарор кардани сулҳу ваҳдат ва бозгашти гурезаҳо буд. Пештозии ин ҳаракати миллатсозро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дошт.
Вазъият дар дохили кишвар, бавижа дар марзи Афғонистон чандон орому осуда набуда, тақрибан ҳар шабу рӯз ҳаводиси нооромкунандае сурат мегирифт. Гуфтушунидҳои дипломатӣ то ба сатҳи баланд - вазирони корҳои хориҷии ду кишвар сурат гирифта, роҳҳои бурунрафт аз вазъи баамаломада, мушкилоти сарҳади муштараки Тоҷикистону Афғонистон, мавзӯи бозгашти гурезаҳои тоҷик аз кишвари ҳамсоя ба Ватан мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дошт. Баъди баргузории мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат, дар назар гирифта шуда буд, то мулоқоти сатҳи олии ҳар ду кишвар сурат бигирад.
10  августи соли 1993 гурӯҳҳои мухолифин ва силоҳбадастоне, ки ба ягон марказ итоат намекарданд, дар минтақаи Курговати ноҳияи Қалъаи Хумби Ҷумҳурии Тоҷикистон, автомашинаи хидматии марзбонони неруҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки тибқи созишномаи байни давлатҳо қисмати ҷанубии сарҳади Ватанамонро ҳифз мекарданд,  боздошт намуда, панҷ сарҳадбонро, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрванди Русия ва як нафар шаҳрванди Қазоқистон буд, гаравгон гирифта, ба Афғонистон бурданд. Ҷон ба саломат бурдани онҳо зери суол монд.
Он рӯзҳо омодагӣ барои амалӣ гаштани сафари дарпешистодаи Сарвари давлат ба кишвари дӯст ва бародари  Афғонистон сурат мегирифт. Бар замми мавзӯъҳои мавриди назар, ки муҳимтарини онҳо даст ёфтан ба оғози музокирот бо мухолифин ва паст нишондани оташи ҷанг дар марзҳои муштарак буд, боз як мушкили дигар - озод намудани  сарҳадбонони багаравафтода ба шумор мерафт.
Вақт кам ва барномаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон низ таҳия шуда буд. Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат 18 августи соли 1993 расман барои қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом мекунад, ки дар асоси он се нафар шаҳрванди Афғонистон, ки ҳангоми убури марз дастгир шуда буданд, раҳо  ва ба сарҳадбонони афғон супурда мешаванд.
28 августи соли 1993 - рӯзи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Афғонистон фаро расид. Сарвари кишвар ба туфайли заковат ва зиракии сиёсӣ тавонистанд дар баробари мавзӯи сулҳ ва овардани оромӣ дар марзҳои муштарак, ба озод намудани гаравгонон низ муваффақ шаванд. Натиҷа ин шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат марзбононро ба Кобул оварда, ба ҷониби Тоҷикистон супурданд.
Дар ин вохӯрии сатҳи баланд, ки оғози дипломатияи воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар симои фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон буд, на танҳо аҳли сиёсати Афғонистон, ба монанди Бурҳониддини Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд, балки сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба заковату сиёсатдонии тоҷикон офаринҳо хонданд. Албатта, ин корномаи Сарвари давлат шуълаи умеду боварҳои мардуми гурезаи тоҷикро дар замини Афғонистон фурӯзонтар гардонд. Шахсиятҳои барҷастаи сиёсат ва ҳазорон мардуми аз ҷангу пархош бадодомада, эътимод пайдо карданд, ки дер ё зуд дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор мегардад.
30 августи ҳамон сол сафари  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон  муваффақона ба анҷом расид. Дар тайёраи Сарвари давлат панҷ нафар сарҳадбони гаравгонгирифташуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда шуданд. Дар мактаби музокироти дипломатӣ ин амал дастоварди бузургест.  
Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА,
муовини директори Марказитадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 2965

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед