logo

сиёсат

ИЛҲОМ АЛИЕВ: "ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БОИСИ ХУШҲОЛИИ МАРДУМИ ОЗАРБОЙҶОН АСТ"

Обрӯ ва эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи дар сатҳи минтақа ва чи дар арсаи ҷаҳонӣ сол ба сол баланд мегардад. Се ташаббуси марбут ба об, ки аз тарафи Сарвари давлати тоҷикон ба Ассамблеяи генералии СММ пешниҳод шуд, қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо гузашти чандин сол ҳанӯз ҳам барои кишварҳои ноором пешниҳод мешавад. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон, тайи солҳои фаъолияти худ тавонист, ки Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳад.

Ин нуктаро Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, зимни пазироии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Боку ироа намуд. Зикр кард, ки пешрафти бесобиқа ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо боиси хушҳолии мардуми Озарбойҷон аст. Доштани таърих, тамаддун, дину мазҳаб ва фарҳанги муштарак ба мо имкон медиҳанд, ки робитаҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ тақвият бахшем. Заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба мавҷуданд ва ман мутмаинам, ки ин имконот ба нафъи Боку ва Душанбе истифода хоҳанд шуд.
Тарафҳо, ҳамзамон, раванди мавриди иҷро қарор гирифтани қарордодҳои дуҷонибаеро, ки қаблан дар самти равобити сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар сатҳи олӣ ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
 Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки дар муносиботи ду кишвар ҳамкорӣ дар заминаи металлургияи ранга мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Бахши асосии мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро ашёи хом ва маҳсулоти КВД Ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО), ки маҳсулоташро аз корхонаҳои Ганҷа, Сумгаит ва Боку харидорӣ менамояд, ҳамчунин, ҳамлу нақли нақлиётию транзитии молҳои ин ширкат ташкил медиҳанд. Маҳсулоте, ки Ширкати алюминийи тоҷик истеҳсол менамояд, тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Корхона барои истеҳсоли алюминий аз заводу ширкатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.
Илҳом Алиев зикр намуд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар симои Тоҷикистон ба худ дӯсти самимӣ ва шарики боэътимодро ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мебинад.  Мавсуф аз коҳиш ёфтани гардиши мол байни Боку ва Душанбе изҳори таассуф карда, таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон кӯшиш менамояд, то пеши роҳи ин таназзул гирифта шавад ва дар солҳои оянда ба рушди устувор муваффақ гарданд.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавриди ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон ва тавсеаи ҳамкориҳо бо Ширкати алюминийи тоҷик мароқ зоҳир намуда, зикр намуд, ки ин масъалаҳо дар сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар рӯзҳои наздик баррасӣ ва таҳлил хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешниҳодҳои муфид ва мушаххаси Шукурҷон Зуҳуровро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон муҳим арзёбӣ намуда, амалӣ шудани ин тавсияҳоро ба нафъи ҳар ду кишвар унвон кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 3024

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед