logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ

Дар зеҳну хотираҳои мо нишаставу сахт нақш бастааст, он рӯзгор, рӯзгори даҳшатбору ваҳшатбор. Ҳанӯз ҳам дар пеши назар ҷилвагар мешаванд ва дар хоб ба изтиробамон меоранд. Не, нахуст аз пушти қуллаҳои кӯҳ сапеда медамид. Хуршед ба оҳистагӣ ва тамкини хос тулӯъ мекард. Осмони софу беғубор башорати ободию амнияти заминро медод. Баъд садои бод ба гӯш расид. Абрҳои сиёҳи тирафом хуршедро иҳота  намуданд ва чеҳраи зебояшро пӯшиданд.

Хавф таҳдид мекард, ба ҳар соат таҳдид мекард. Хавфи одӣ набуд, хавфи парокандагии  миллату давлат ва аз миён рафтани фарҳанги волои он буд. Саранҷом фитнаҳо дарҳоро шикастанд. Хун рехта шуд. Сарвари вақти давлат имзои истеъфои худро гузошт ва фирор намуд. Ҷонибҳо дар даст силоҳ бо ҳам ба ҷанг бархостанд. Бародарон дар симои ҳамдигар душманони ҷону имону ақидаро диданд. Душманон аз берун табли зафар заданду шодӣ карданд. Ва низ умед бастанд, ки номи ин кишварро аз харитаи ҷаҳон барои умре мезудоянд ва миллате ба номи тоҷик дигар арзи ҳастӣ нахоҳад намуд.
Садоҳои тир бо гиряҳои кӯдакон омехт. Хонаҳо сӯхтанду хароб гардиданд. Мардум бо даҳшатзадагӣ фирор кард. Гаҳвораҳои холӣ ва рӯкушода ба хомӯшии мармуз баёнгари баргаштагии бахти миллат буд ва аз омадани ҳодисоти нохуштар хабар дод.  Чароғҳо хомӯш шуданд. Бар ҷои базму тараб ғаму мотам омад. Гӯристонҳо пур аз кӯдакону ҷавонон шуданд.
Гуфтанд: Куҷо шуданд ононе, ки бар мо бахту тахт ваъда доданд?
Гуфтанд: Ҷоҳ хостанд, вазифа хостанд, мансаб хостанд, аз чӣ ҳамаро гузоштанду рафтанд?
Гуфтанд: Ин миллат дигар ҳеҷ бо ҳам намеояд, сарҷамъ намегардад.
Гуфтанд: Мо роҳбару раҳнамову пешвое шоиста надоштаем.
Гуфтанд: Офтоб ҳам дигар он нур, он гармиро надорад.
Гуфтанд, аз он гуфтанд, ки музтар гардиданд, умедҳояшон барбод рафт ва дар ин маврид аз касе намешуд имдод хост. Гушнагӣ, бехонумонӣ ғамро бар ғам меафзуд. Дар ин ҳол одам ба Худо рӯ меорад, бо ҳама сидқ рӯ меорад ва танҳо ба ӯ рӯи ниёз меорад, зорӣ, илтиҷо мекунад, то аз ин бало, гирифторӣ, нигаронӣ, даҳшату ваҳшат ва фоҷеаҳои гӯшношуниди инсонӣ наҷоташон бибахшад.
Дастҳо ба боло, бо дуо, бо ашкҳои бари рӯ, ба сӯи  Худо бардошта шуданд, ки раҳнамояшон, пешвояшон, наҷотбахшашон ато бикунад, то бо ҷанг биҷангад ва сулҳ биёраду кишварро аз нав эҳё бикунад, обод бисозад. Дуоҳо мустаҷоб гардид. Ӯ, Эмомалӣ Раҳмон, раису роҳбару раҳнамои шоиста интихоб шуд. Хиради воло, чеҳраи зебо, қади расо ва ба ин ҳангом чил сол дошт. Ин ҳама нахустин сифатҳое буданд, ки Худованд бар бузургони қавму миллат додаасту медиҳад. Ҷасорату ҷавонмардӣ, ҷонфидоӣ аз сифатҳои дигараш маҳсуб мешуд.
Ба ин ҳолу вазъе, ки миллату кишвар дошт, ҳаргиз касе дигар сарварию роҳбарии онро намепазируфт. Аммо чун амри Худо дар ин маврид бар ӯ рафта буд, онро бо шинохти масъулият хуш истиқбол кард, агарчи медонист, ки чи роҳи душвору ноҳамвораш дар пеш аст. Аз таҳдиди марг, аз таҳдиди душманон натарсид, балки Худо неруи тоза додаш, то ин ҳамаро ба ҳеҷ нагирад.
Оре, мо дидем, дар гуфтору кирдору пиндораш фазл, хирад, дониш, ҷасорат, сидқ ва  меҳру муҳаббаташро ба мардум, ба сарзамини аҷдодӣ, ба фарҳанги воло дидем. Ба дилпурӣ умед бастем, ки ӯ, танҳо ӯ метавонад, ки оташи ҷангро хомӯш бисозад, мардумро ба ҳам орад ва сулҳро пойдор бисозаду кишварро ободу хуррам.
Магар мо надидаем, магар аз ёд меравад, ки дар қабули Парчами миллат ба нишони эҳтироми он сар фуруд овард, таъзим намуду онро бӯсиду бар дидаҳо  молид? Ба ин ҳангом ашк рехт. Дар он дам шояд ҷуз ӯ касе намедонист, ки ин миллат, ин давлат пойдор мегардад ва парчамаш барои умре барафрошта мешавад.
Магар мо надидаем, нашунидаем, ки ӯ ба ҷасорат, бо боварӣ, бо сидқ изҳор дошт: Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро осуда намеҳисобам?
Ва бар аҳдаш вафо кард. Вафо ба  чунин як аҳд дар он ҳол, дар он рӯзгор ҳеҷ осон набуд, балки дар пай хавфи аз даст додани ҷон дошт.
Ростию сидқаш бештар аз он ҳувайдо гашт, ки бо зорӣ ба гурезаҳои тоҷик муроҷиат кард: - Баргардед, ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем, ин Ватанро, ин сарзамини аҷдодиро обод месозем.
Бо гуфтан кафолати амнияташонро низ дод. Додани  чунин кафолат дар он рӯзгор аз ҳама мушкилтар буд. Силоҳҳо ва силоҳбадастон аз ду ҷониб ва душманон аз шаш ҷониб инро ҳеҷ хостор набуданд.
Мерафту бо мухолифин ва бо душманон сари мизи гуфтушунид менишаст. Дар ҳама ҳол Худо бо ӯ буд, Худо ӯро нигоҳ медошт. Чун медиданду мешунидандаш, дӯсташ медоштанд. Дармеёфтанд, ки воқеан, назаркардаи Худост ва сидқу ростӣ, меҳру муҳаббат, нияти неку  мақсадҳои олӣ ӯро ёр аст.
Аз суханони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари мухолифини тоҷик, аст: «Эмомалӣ Раҳмон чархи таърихро ба дигар тараф тоб дод ва миллатро аз марг наҷот дод».
Аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари ҷавони чилсола, бо роҳбарии вақти мухолифин Абдуллоҳи Нурӣ аст: «Дар сурате, ки ба ифоқа наоем, ҷанги шаҳрвандӣ давом мекунад, миллати тоҷик пароканда мешавад, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз байн меравад ва мову шумо дар  таърихи миллати тоҷик ҳамчун миллаткуш боқӣ мемонем».
Ва низ аз суханони Сарвари давлат дар он замон аст: «Дар як Мазори Шариф якуним ҳазор мардуми мо мурдаву хуфтааст, якуним ҳазор. Ин нанг бар миллати мо нест? Гӯристонҳои нав пайдо шудааст. Ҳазорсолаҳо мегузарад, миллати моро таъна мекунанд. Ҳар як нафаре, ки аз ин мавзеъ мегузарад, мегӯяд, ки ин гӯристони гурезаҳои мардуми тоҷик аст».
Зарурати барқарории сулҳ аз ҷониби ӯ бисёр хуб ва ҳадафрас таъкид мешавад. Ва пас чаро бовар накунем, ки ин ҳама бе лутфу иноёти Худовандӣ нест?
Ҷой додани гурезаҳо, таъмини амнияти онҳо, обод намудани харобаҳо садҳо мушкил дар пай дошт. Ин дар ҳоле буд, ки ҷанг идома меёфт, ҷонибҳо дар симои ҳамдигар душманони ҷонияшонро медиданд, гуруснагӣ, бемориҳои сироятӣ таҳдид мекарданд ва дар хазинаи давлат пул набуд.
Қадамаш чун хуҷаста ва иқбол ёраш буду мардум дӯстдораш, сулҳ овард, гурезаҳоро баргардонд, харобаҳоро обод сохт, кишварро пешрафта ва миллатро маъруф намуд. Тирҳои душманон хок хӯрд. Агарчи дидем ва медонем, ки ин ҳама туфайли ӯ моро даст дод, аммо ӯ ин дастовардҳоро, ки таъриху миллат ҳеҷ фаромӯшаш намесозанд, танҳо аз худ намедонад: «Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хирадманди тоҷик мебошад».
Иқтисод рушд кард, сатҳу сифати зиндагӣ баланд бардошта шуд. Акнун душманон дар ин андеша афтоданд, ки ҷисман маҳваш бисозанд. Борҳо бар ин амали нангини ноҷавонмардона даст заданд, аммо муваффақ нагардиданд. Ба ҳар бор Худо нигоҳаш дошт ва Худо нигоҳаш медорад, зеро ҳастии ӯ ҳастии  миллат, ҳастии давлат буд ва ҳамчунин мемонад. Бар асари яке аз ин суиқасдҳо, ки ҷисму ҷонаш аз дарду захм месӯхт, вонамуд месохт, ки хуб аст ва бо мардум вохӯрду гуфт: «Душманони миллат ба мақсуд нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ намерасанд».
Ин мусаллам аст ва собит шудааст, ки нигоҳу пойдор доштани давлат аз ба даст овардани он басо душвортар мебошад. Ва ӯ тавонист, беш аз бист сол нигоҳу пойдораш бидорад, дар ҳолу вазъи мураккаби ҷаҳони муосире, ки басе абармардону сарварон аз уҳдаи рисолати худ набаромаданд ва оташҳои ҷанги афрӯхтаро хомӯш карда натавонистанд.
Ӯ дур, ояндаи бас дурро диду мебинад ва тадбир андешиду меандешад, тадбири дуруст. Мо, албатта, ба умқи ин тадбирҳову ҳадафи онҳо бовар дорем, ки фарҷомашон нек аст. Чаро? Чунки вақт борҳо ин ҳақиқатро бароямон ба рӯшанӣ собит сохтаасту месозад.
Хирадмандон ҳам, чи дар дохил ва чи берун аз он бовар ҳосил карданд ва эътироф намуданд, ки ин ҳама тадбирҳои дуруст, корҳои некро ба илҳоми Худовандӣ ба анҷом мерасонад.
Агар ҳам ба ҳар бор зиёрати Хонаи Худоро мекунад, аз соҳиби Хона амният, сулҳу осоиштагӣ, пешрафту ободии кишвару миллаташро таманно мекунад ва барои ин ҳама ба сӯи ӯ дасти дуо бармедорад. Эътироф кардаанд, эътироф мекунем, ки то ӯ чун ӯ сарвару раҳбару раҳнамои шоиста, дӯстдори миллат надоштем.
Кадом сарвару раҳбару раҳнамо аз сифр давлату миллатро ба нуқтаи баланд расондааст?
Сарвару раҳбару раҳнамои мост, ки доимо ва ба ҳар сол дар рӯзе муайян бо аҳли зиё во мехӯрад ва ба хотири гиромидошту рушди забону фарҳанг тамоми тадбирҳои заруриро меандешаду иҷро менамояд.
Сарвару раҳбару раҳнамои мост, ки ба тамоми гӯшаву манотиқи кишвар рафта, бо мардум во хӯрда, онҳоро бо меҳру муҳаббати хос шунида, дар рафъи мушкилоташон фавран чора меандешад.
Сарвару раҳбару раҳнамои мост, ки пиронро эҳтироми хосса ва кӯдаконро дӯст доштаву бо онҳо во хӯрдаву гарму бомуҳаббат суҳбат мекунад.
Сарвару раҳбару раҳнамо бо сидқу муҳаббат гуфтааст, ки ман ятимонро дӯст медорам ва ҳаргиз онҳоро хор шудан намегузорам.
Ҳамин заминиву хоксорияш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад,  мардум бо сидқ, чеҳраи  кушода хуш истиқболаш мекунад ва барояш дасти дуо бармедораду таманно менамояд, то Худо ҳамчунон тандуруст нигоҳаш бидораду барои умре ӯ, танҳо ӯ, Сарвару Раҳбару Раҳнамову Пешвояшон бошад. Замоне ҳам, ки ӯ аз ҳар кӯдак мепурсад, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳад, ин посухро мешунавад: «Президент». Кӯдакон, ба он синну соле, ки доранд, албатта, намедонанд, Президент будан чӣ аст, чӣ масъулият дорад. Ва посухи онҳо барои расидан ба ин мақоми баланд нест. Агар касе дигар Президент мебуд, шояд ҳеҷ гоҳ чунин посух намегуфтанд. Оре, онҳо Эмомалӣ Раҳмон шудан мехоҳанд, нафаре, ки ҳамаро, хосса кӯдаконро дӯст медорад ва ҳам чун дӯстдоштанӣ аст.
Бо чунин дуоҳо, бо чунин таманноҳо, бо чунин орзуҳои нек Худованд ӯро ба бахти миллату кишвари азизамон нигоҳ медорад ва ояндаамонро дурахшон месозад. Ва ҳамеша пеш аз тулӯи зебои офтоб, ки аз рӯзи нави пурсаодат башорат медиҳад, сапеда медамад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 3141

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед