logo

фарҳанг

ИШҚИ ХОМӮШ

Дар ин хомӯшии лабҳо нигоҳат сад забон дорад,
Суруди ишқро аз ёр пинҳон мекунӣ то кай?
Навакак ба ҳаждаҳ даромада буд, аммо охирин рӯзҳои умрашро зиндагӣ мекард. Марг ба дараҷае ваҳму тарсовар буд ки фаҳмиданаш барои як ҷавони ҳаждаҳсола имкон надошт. Шабҳо ба ҳадде ҳузнангез менамуд, ки паси сар карданашон барои ҷавони ҳаждаҳсола мушкил буд. Ӯ гирифтори бемории табобатнашавандаест. Ночор худро ба хона ҳабс кард. Ба кӯча намебаромад. Ҳаёти одие дошт. Худаш буду модари ғамхораш. Рӯзе аз ин хонанишинӣ дилгир шуда, кӯча баромад…
Ғарқи тамошо шуд. Одамонеро дид, ки фикри маргу мурдан азобашон намедод. Инсонҳоеро дучор омад, ки бепарвою аҳамият, хушнуду болидарӯҳ буданд. Қатори дӯконҳои рангин чашмашро бурд. Аз пеши онҳо тамошокунон роҳ мерафт. Аз назди дукони дискфурӯшӣ мегузашт, ки чашмаш ба фурӯшанда бархӯрд. Бори дигар нигарист, фикр кард хобу хаёл аст. Вай духтаре буд ҳамсоли худаш. Хеле зебову дилрабо ва дар чеҳрааш табассум гул карда. «Ба як нигоҳ ошиқ шудан» ҳаминро гӯянд. Духтари чеҳрахандон бо чолокӣ назди ӯ омада, лаб ба сухан ширин кард.
- Хуш омадед. Марҳамат, ҳар чӣ лозим бошад…
Чеҳраи гарми духтар дили ҷавонро гармтар кард. Худоё, ин чӣ табассуме буд… Ҷавон худро гум  карда, даступо хӯрд ва ҷои ҷавоб додан ба илтифоти  духтар нидои ҳайронӣ дардод:
- Ҳа?...
Аз миёни дискҳои бисёр якеро нишон дода, гуфт:
- Ҳамин дискро бароям медиҳед?
Духтар бо як табассуми ба ӯ зебанда дискро гирифту вориди хоначаи хурде шуд. Пас аз чанд дақиқа аз он ҷо дар даст халтачаи селофанӣ баромад. Чеҳрааш ҳамоно мешукуфт. Хеле самимӣ муносибат мекард бо ҷавони муштарӣ. Ҷавон халтачаро аз дасти духтар гирифта, миннатдорӣ кард ва ба хона  рафт. Онро накушод ҳамон тавре ки гирифта буд ба ҷевонаш гузошт. Субҳи рӯзи дигар боз ба дӯкони  духтар рафт. Боз диск гирифт ва боз духтар бо табассуми ширине онро  дар халтаи  селофанӣ печонда, ба ҷавон дод. Дили ҷавонро табассумҳои духтар гарм мекард. Дискҳоро бурда ба ҷевонаш мегузошт. Онҳоро  намекушод, Барои ӯ на диск муҳим буду на тамошояш, балки дидор, табассум ва муносибати гарми духтар. Ӯро ҳар рӯз ҳамин табассуми гарм  сӯи дукони духтар мекашонд. Ҳар бор чашмаш ба чашми духтар бармехӯрд, ҳар рӯз чеҳраи ӯро медид ва дилаш гарм мешуд. Аммо наметавонист он чӣ дар дил дошт, ба духтар изҳор кунад. Ҷасораташ камӣ мекард. Ҳамин тавр рӯзҳо бо дискхарӣ сипарӣ мешуд.
Ниҳоят рози дилашро ба модар кушод. Модар гуфт:
- Ибо накун, писарам. Рафта ба духтар бигӯ, ҳар чӣ дар дил дорӣ…
Субҳи рӯзи дигар ҷавон ҷасораташро  ҷамъ карда, ба дукони духтар рафт. Дискеро нишон дода, хоҳиш кард, ки онро печонда диҳад. Духтар бо ҳамон табассуми ба вай зебанда дискро гирифту ба ҳуҷраи дарун даромад. Ҷавон он чӣ дар дил дошт, ба коғаз рехт: «Туро дӯст доштам, духтари нағз». Дар кунҷи дигари коғаз рақами телефонашро низ сабт кард. Коғазро ноаён зери миз гузошт. Духтарак дискро ба ҷавон дод. Ҷавон онро гирифту гӯё касе таъқибаш мекарда бошад, башаст аз дукон бадар шуд.
Баъди чанд рӯз занги телефон садо дод. Телефонро модараш бардошт. Духтар занг мезад. Хоҳиши бо ҷавон гап задан дошт. Хатти гузоштаи  ӯро нав  пайдо карда буд… Вале дар телефон модар мегирист.
- Нашунидӣ? – суол кард модар, ки овозаш пур аз ғусса буд. Писарамро дирӯз дафн кардем.
Аз он тарафи гӯшӣ ба ҷуз нолаи ҷонсӯз чизи дигаре шунида нашуд ва алоқа барканд. Модар танҳо баъди чанд рӯзи дафни писараш тавонист вориди утоқи ӯ шавад. Хотираҳояш ҳанӯз гарм. Бӯйи писараш дар ҳуҷраи хурд ҳанӯз боқӣ. Ҳар ашёро, ки даст мекард, ҷудоии фарзандашро бештар ҳис менамуд. Ҳар як ашё аз ӯ буд. Модар мегирист. Гиряаш садо дошт. Ҷевони писарашро  кушод. Халтачаҳои селофании зиёдеро дид. Онҳоро гирифт. Рӯи кати хоби писараш нишаст ва якеро кушод. Аз дарунаш як диск ва як коғази хурд баромад. Рӯи коғаз чунин навишта шуда буд:
 «Ассалом… Туро хеле меҳрубон дарёфтам… Мехоҳам аз наздик шинос шавам. Умедворам ин даъфа ба таклифам дар хусуси ҳамроҳ қаҳва  нӯшидан ҷавоб медиҳӣ».
Модар халтачаи дигареро кушод. Дохили  он низ як диск ва як коғаз буд. «Ту дар ҳақиқат инсони хубӣ. Чӣ мешавад, ки ин бегоҳ вохӯрем? Бо эҳтиром…»
Башир УСМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2016    №: 199    Мутолиа карданд: 3514

21.10.2019


Баррасии рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо Шэн Юэюэ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҷонсон аз Иттиҳоди Аврупо то январи соли 2020 мавқуф гузоштани Брекситро хоҳиш намуд

Трамп умед дорад, ки ба қарибӣ бо Чин шартномаи тиҷоратӣ мебандад

Кандашавии сарбанд дар қарибии Красноярск боиси марги 15 нафар гашт

ИМА аз Афғонистон 5 ҳазор низомиашро мебарорад

Володин: «Россия ба кормандон аз Тоҷикистон ниёз дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед