logo

фарҳанг

ДАР БОХТАРИ БАРАФРОШТА ДИРАФШ

Бохтар, яке аз кишварҳои офаридаи Аҳуро аст, ки дар шимол ҳаммарз бо Суғд, дар ҷанубу ғарбӣ бо Арахосия, дар ғарб бо Ориён ва дар ҷанубу ғарбӣ бо силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш  ҳамто буд. Оид ба  Бохтар ва бохтариён нахустин ахбор дар сангнавиштаҳои  шоҳони ҳахоминишӣ ва сосонӣ мавҷуданд. Инчунин, дар сарчашмаҳои чинӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ ва паҳлавӣ санадҳо мавҷуданд, ки ба давраҳои таърихии ин сарзамин бахшида шудаанд. Оид ба таърихи тоҳахоманишинии Бохтар маълумоте мавҷуд нест.  Аз ин рӯ, барои муайян кардани давраҳои тотаърихии он, аз соли 1946  инҷониб дар ин минтақа ҳафриётҳои бостоншиносӣ сурат гирифтанд, ки бо натиҷаҳои назаррас анҷомиданд.
Бостоншиносон Бохтарро ба ду қисм марзбандӣ кардаанд. Қисмати рости дарёи Омуро Бохтари шимолӣ, қисмати чапи онро Бохтари ҷанубӣ ном бурдаанд.  Ҳудуди  ҷанубии Тоҷикистони  кунунӣ, ки қисми таркибии Бохтари қадим аст, барои пешрафти фарҳанги моддиву маънавии он дар аҳди санг, биринҷӣ ва ибтидои оҳан ҷойгоҳи хоси хешро дорад. Маҳз дар ҳамин давра ташаккулёбии фарҳанги моддӣ ва маънавии қабоили бохтарӣ оғоз мегардад, ки дар ибтидои асри оҳан ба таъсиси давлати Бохтари Қадим оварда расонд. Баъдан бохтариҳо – тохариҳо  яке аз унсурҳои асосии ташаккулёбии халқи тоҷик гаштанд.
Мо инҷо кӯшиш кардем, то базёфтҳои бостоншиносон, ки мутааллиқи асри биринҷӣ ва ибтидои асри оҳананду аз ин марз дар замонҳои гуногун, гоҳе тасодуфӣ, гоҳе дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ ба даст омадаанд, бозгӯ кунем, онҳоро тавзеҳ диҳем. То андозае натиҷагирӣ намоем, ки ин осор далел аз кадом фарҳанг ҳаст, офарандагони онҳо кистанд?
Аввалин бозёфтҳои хоси ин замон соли 1949 дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш ҳангоми сохтмони пул пайдо шуданд, ки аз ҷониби бостоншинос  А. П. Смойличев омӯхта шудаанд. Ин ҷо як гӯри замони охири ҳазорсолаи 2 - и то милод ёфт шуд, ки ҳамраҳи ҷасад зарфҳои сафолии дастсохт дафн карда шуда буд. Он солҳо аз тарафи  сокинони  деҳаҳои Шаршар ва Арақчини дараи Варзоб ҳангоми корҳои саҳроӣ табарҳои биринҷӣ ёфт шуданд, ки бостоншинос Тереношкин онҳоро омӯхтааст. Таъсис ёфтани экспедитсияи тоҷику Суғд дар соли 1946 имконият фароҳам овард, ки соли 1950 ҳангоми ҳафриёти гӯристони замони кӯшониён М. М. Дяконов 3 қабри мансуби давраи охири асри бириҷиро кашф намояд.
Баъд аз таъсис ёфтани шуъбаи бостоншиносии Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониш соли 1951 бо роҳбарии Б. А. Литвинский корҳои таҳқиқотии мунтазам оғоз ёфтанд. Солҳои 1955 - 1959 бо роҳбарии А. М. Манделштам ҳафриёт дар водии Бешкент ва поёноби Кофарниҳон оғоз гардид. Б. А. Литвинский ду гӯристони замони охири ҳазорсолаи 2 - и то милодро пайдо кард, ки  ҳоло бо номи “Фарҳанги бостоншиносии Бешкент” дар илм машҳур аст. Бо роҳбарии Б. А. Литвинский дар поёноби дарёҳои Вахш ва Сурхоб тадқиқоти ёдгориҳои ин давра шурӯъ шуданд. Дар натиҷа гӯристонҳои Вахш 1, Бешаи Палангон, Ойкӯл, Ҷаркӯл пайдо ва таҳқиқ шуданд. Ин ёдгориҳо, ки асосан дар водии Вахш ҷойгир буданд, аз нигоҳи сохти ашёҳо ҳамгуна буда, онҳоро Б. А. Литвинский дар маҷмӯъ бо номи “Фарҳанги бостоншиносии Вахш” вориди илм сохт.
Дар охири асри биринҷӣ дар ҳудуди Бохтари шимолӣ ақвоми бо ном андроновӣ  ворид мешаванд, ки бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуда, аз худ осори  хосеро боқӣ мегузоранд. Нишонаи осори ин ақвом бори нахуст дар хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Вахш аз тарафи Б. А.  Литвинский ва  В. Соловёв (соли 1972) кашф гардид.
Дар атрофи ёдгории антиқии Саксанохур бостоншинос Хуршед Муҳиддинов зуруфи сафолии ин ақвомро пайдо намуд, В. А. Ранов бошад, дар атрофи ёдгории асри санг - Қаробура,  дар соҳили чапи дарёи Вахш чунин осорро дарёфт намуд.
Соли 1973 бо таъсисёбии “Экспедитсияи бостоншиносии Ҷануби Тоҷикистон” корҳои бостоншиносӣ дар ин самт фаъолтар гардид. Дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва Эрмитажи давлатии  Санкт - Петербург як қатор ёдгориҳои нави аҳди биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан ҳаффорӣ шуданд.
Аз тарафи Л. Т. Пянкова дар ҳудуди НБО - и Норак ду гӯристон дар деҳаҳои  Даҳана ва Теғузак пайдо ва таҳқиқ  шуданд.  Муҳаққиқ Н. М. Виноградова осори кишоварзони аҳди биринҷиро дар водии Ҳисор (гӯристонҳои Тандирйӯл ва Заркамар), дар водии Тоҳирсу деҳаҳои Қунғуртут, Барраки Қурум дар водии Сурхоб гӯристонҳои Хоҷа Ғоиб ва Фархорро омӯхт.
Дар нимаи II ҳазораи II то милод ақвоми зиёди чорводорон ба манотиқи кишоварзии Осиёи Миёна ворид шуданд. Дар натиҷаи омехташавии ақвоми гуногун дар Ҷануби Тоҷикистон фарҳангҳои наве падид омад, ки дар илм бо номи фарҳанги археологии Вахш ва Бешкент маълуманд.
То имрӯз деҳаҳои охири асри биринҷӣ дар Қурғунтут, Бараки Қурум, дар назди деҳаи Конгуртут, Теғузак назди деҳаи Себистон, Даҳана дар ҳудуди шаҳри Норак, Каримбердии ноҳияи Восеъ, Сариҷари ноҳияи Ховалинг омӯхта шудаанд. Аҳолии ин деҳаҳо асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Таҳкурсии хонаҳои истиқоматӣ аз санг сохта шуда, деворашон похсагӣ, дар маркази хона сандалӣ ва оташдон воқеъ буд. Зарфҳои сафолин асосан дар чархи кулолӣ сохта шуда, комилан хоси зарфсозии Бохтари Қадим мебошад. Дар Қунғуртут ва Даҳана кӯраҳои сафолпазии дуқабата пайдо карда шудаанд. Ашёҳои биринҷии ёфтшуда низ хоси минтақаи Бохтар мебошанд.
Урфу одати гӯркунӣ дар фарҳанги археологии Вахш монанди “Маҷмӯи фарҳанги Бохтару Марғиён” мебошад.
Омӯзиши гӯристони  Қунғуртут аз тарафи Н. М. Виноградова (1975 - 2006) ва С. Бобомуллоев (2015) нишон дод, ки дар ин ҷо намуди дигари дафнкунӣ роиҷ будааст. Дар Қунғуртут мисли замонҳои гузашта ашёҳоро дар гӯр мегузоштанд, аммо ҷасади мурдаҳо дар гӯр гузошта намешуд. Чунин гӯристонҳо дар Бӯстон 6 (Н. Аванесова) дар водии Сурхундарё, дар деҳаи Ҷаландар назди Заводи сементбарории шаҳри Душанбе (С. Бобомулоев) омӯхта шудаанд. Ин гӯрҳои беҷасад (кинотаф) шояд далел аз ташаккулёбии фарҳанги наве, ки баъдан бо номи Зардуштия маълум аст бошад. Чи хеле ки дар илм маълум аст зардуштиён мурдаҳои хешро барои пок доштани чор унсур “Обу хок, оташу бод” ба замин намегӯронданд, дар оташ намесӯзонданд, дар об намепартофтанд. Аз ин хотир бозёфти чунин гӯрхонаҳо шаҳодат аз ташаккулёбии оини зардуштия дар ин минтақа - Бохтар мебошад. 
Дар деҳаи Қумсой ноҳияи Турсунзода (Н. М. Виноградова) гӯристоне омӯхта шудааст, ки хоси фарҳанги андроновӣ буда, далели омадани ин ақвом аз шимоли Қазоқистон ва ҷануби Урал ба ин минтақа мебошад. Чунин гӯристон аз тарафи А. Исҳоқов, Т. М. Патёмкина ва С. Бобомуллоев дар назди деҳаи Даштиқозии ноҳияи  Панҷакент ва Туюни ноҳияи  Ховалинг  (Н. М. Виноградова) омӯхта шудааст.
Гӯрхонаҳои мутааллиқи фарҳанги археологии Вахш дар поёноби дарёи Вахш, Вахш 1, Бешаи Палангон, Ойкӯл, Ҷаркӯл, дар водии Сурхоб, Макони мор, Фархор, Иттифоқ, Дарнайчӣ, Ғелот, Лӯликӯтал, Каримбердӣ дар ноҳияи  Ховалинг, Сариҷар, Туюн кашф ва омӯхта шудаанд.
Зарфҳои сафолини фарҳанги археологии Вахш асосан дастсоз мебошанд, истифодаи чархи кулолӣ тамоман кам дида мешаванд. Баъзе зарфҳо нақшҳои ҳайвонот, рустанӣ ва ҳандасӣ доранд.
Дар водии Кофарниҳон гӯристонҳои Тулхор, Ариқтоғ, Бешкент 1, 2, 3 аз тарафи бостоншинос Манделштам омӯхта шудаанд. Дар ин гӯристонҳо ашё гузошта шуда, ҷасади майит бошад, сӯзонда шудааст. Ба ақидаи Манделштам ин гӯристонҳо далел аз ташаккулёбии одати ҷасадсӯзонӣ буда, баъдан байни мардуми оини Ведоӣ паҳн шудааст. Омӯзиши ёдгориҳои охири асри биринҷии ҷануби Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки раванди ташакулёбии фарҳанги Бохтарӣ хеле мураккаб будааст. 
Кашфи гӯристони Фархор ва бозёфтҳои тасодуфи аз ҳудуди ҷануби Тоҷикистон баёнгари онанд, ки аз охири ҳазорсолаи III то милод сар карда дар ин сарзамин мардуми “Маҷмӯи фарҳанги археологии Бохтару Марғиён” (Сарианиди) ё ба истилоҳи дигар “Фарҳанги археологии ОКС” (Л. Карловский) зиндагӣ доштанд. Ақидаи маъмуле, ки аз тарафи В. А. Ранов пешниҳод шуда буд, гӯё то омадани ақвоми охири аҳди биринҷӣ дар ин мавзеъ одамони ибтидоии давраи неолит охири асри санг зиндагӣ мекарданд, ботил аст. Дар баробари ин, кашфи ин гӯристон имконият медиҳад, ки оғози ташаккулёбии фарҳанги археологии Вахшу Бешкент муайян карда шавад, ки решаҳои маҳаллӣ дорад.
Дар охири асри биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан дар натиҷаи омӯзишӣ, махлутшавии ақвоми кишоварзӣ Бохтари қадим ва чорводорон аз даштҳои Қазоқисттон ва ҷануби Урал тавассути водии Зарафшон ба ин кишвар омаданд. Тарзи нави хоҷагидорӣ, чорводории айлоқӣ ва кишоварзии лалмӣ шакл мегирад, ки баъдан байни тоҷикони кӯҳистон маъмул гаштааст.
Боқимондаи осори чорводорони аҳди биринҷӣ дар гӯристонҳои Бешкент 1, 2, 3, назди Чилучорчашма, ва Бешаи Палангон таҳқиқ шуданд.  Гӯристонҳои хоси фарҳанги бостоншиносии Вахш дар водии Сурхоб - дар Ғелот, Гулистон, Обкӯҳ ва дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Тошгузар омӯхта шуданд.
Таҳқиқоти ин ёдгориҳо дар маҷмӯъ нишон медиҳад, ки оғоз аз асри биринҷии миёна, охири ҳазорсолаи 111 - и то милод, дар ин сарзамин мардум ногусаста сукунат намудаанд. Дигар ин, ки мо дар ин давра омезишёбии фарҳанги чандин қавму қабилаҳоро мебинем: кишоварзони “Маҷмӯи фарҳанги Бохтару Марғиён”, чорводорони фарҳанги Вахшу Бешкент”, андроновиҳо ва ёдгориҳои хоси давраи Язд. Ин омезишёбӣ дар умум боиси ташаккулёбии давлати Бохтари Қадим гардид.
С. БОБОМУЛЛОЕВ,
доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 199, 203    Мутолиа карданд: 3970

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед