logo

иҷтимоиёт

ҒИЗОИ НОДУРУСТ БОИСИ ТАВАЛЛУДИ АТФОЛИ МАЪЮБ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваллуди тифлони гирифтори маъюбии модарзодии сутунмуҳра (Спина бифида), ки дар пайи беэҳтиётии модарон ба ҳангоми ҳомиладорӣ ва истеъмоли ғизои камвитамин сурат мегирад,  изҳори нигаронӣ мекунад.
Табибон тавсия медиҳанд, ки бояд занони қобили таваллуд ҳангоми ҳомиладорӣ ва қабл аз он ҳам ба истеъмоли ғизоҳои сервитамин аҳамият диҳанд. Иллати асосии бо бемории модарзодии  маъюбии сутунмуҳра таваллуд шудани тифлон низ аз норасоии  витаминҳо дар вақти ҳомиладории  модарон аст. Он ба тифлон ҳангоми афзоиш дар батн таъсир мегузорад. Табибон мегӯянд, ки иллати гирифторӣ ба “Спина бифида” норасоии баъзе аз микроэлементҳо дар вақти ҳомиладорист.
Ба андешаи Шералӣ  Раҳматуллоев, сардори раёсати  хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, солҳои қаблӣ низ таваллуди тифлони гирифтори ин намуди беморӣ ба қайд гирифта мешуд. «Муҳлати ташхиси беморӣ дуру дароз давом мекунад ва то 8 моҳа ва ё 1 сола шудани кӯдак  тасдиқ кардани ин беморӣ душвор аст. Қаблан шароит ва имкони ҷарроҳии ин навъи беморӣ дар кишвар мавҷуд набуд. Ҳоло вазъ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Акнун табибон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд гирифторони ин бемориро ҷарроҳӣ мекунанд. Беҳтарин витамин барои модарон ба ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъди он истеъмоли себ ва лӯбиё аст. Ба хотири пешгирии ин беморӣ, ки хатари зиёдшавӣ дорад, ба занҳои қобили таваллуд истеъмоли кислотаи фолиевиро (фолиевая кислота) тавсия додем. Ин дору дар ташаккули найчаи асаб аҳамияти калон дорад”.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим дорад, ки барои пешгирӣ аз ин ва дигар бемориҳои вобаста ба ғизо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғанӣ гардондани таркиби орд” – ро таҳия намояд. Зарурати қабули ин қонун аз паҳлуҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи солимии генофонди миллат арзёбӣ мегардад. Баъди ба тасвиб расидани қонун истеҳсолкунандагони орд муваззаф мешаванд, ки ба таври ҳатмӣ ба таркиби он микроэлементҳое назири оҳан, витаминҳои А ва В 12, йод, фолат илова кунанд.
Шералӣ Раҳматуллоев қабули қонуни мазкурро зарур медонад ва мегӯяд, ки «ин иқдом метавонад аз афзоиши бемориҳое мисли “Спина бифида” ва камхуниву лоғарӣ пешгирӣ кунад».
Таҳияи қонун ба ин хотир аст, ки ғизои аслии аксар сокинони кишвар аз маҳсулоти нонӣ иборат аст. Тибқи омори расмӣ, аҳолии мо аз меъёри муқарраршудаи тиббӣ 17 дарсад бештар нону маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд. Дар ҳоле, ки иқлими кишвар ба парвариши меваю сабзавот мусоид буда, мардум метавонад бештар мева ва сабзиҷот истеъмол намояд.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2016    №: 199    Мутолиа карданд: 2453

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед