logo

иҷтимоиёт

МАВОДИ НАШЪАОВАР. ТАНҲО МУШКИЛИ ЯК КИШВАР НЕСТ

Мо талошҳои давлати дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи мубориза алайҳи маводи мухаддир хеле боаҳамият мепиндорем. Зеро корҳо аз нигоҳи иҷрооти қонунӣ хеле босамар буда, дар самти дастгирии муҷримони қочоқбар ниҳодҳои давлатии ин кишвар натиҷаҳои чашмрас доранд. Гузашта аз ин, барои тақвияти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Тоҷикистон омӯзишгоҳи вижае амал мекунад, ки дар омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ нақши бориз мегузорад. Ин гуна тадбирҳо барои Афғонистон минҳайси як кишвари дӯст аҳамияти зиёд дорад ва умедворам, ки дӯстиву ҳамгироӣ дар мубориза бо маводи мухаддир қавитар гардад.
Ин матлабро Саломат Азимӣ, вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» баён дошт. Бино ба гуфтаи Хонум Саломат Азимӣ воқеан дар Афғонистон кишти маводи нашъаовар сурат мегирад, вале он танҳо мушкили як кишвар нест. «Маводи мухаддир мушкили ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ, тамоми дунё бояд дар ин росто муборизаи ҷиддӣ ба роҳ монад. Чунончи, тааҳуди дунё дар қиболи мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Қатъномаи  19 апрели соли 2016-и Созмони Милали Муттаҳид минҳайси як масъулияти муштарак пазируфта шуд. Албатта, вақте мегӯем, ки мубориза алайҳи маводи мухаддир ба сурати ҷаҳонӣ ҷараён гирад, мушкили ҷаҳонӣ танҳо бо кишт дар Афғонистон наметавонад маҳдуд бошад ё ба дигар кишварҳо мушкил эҷод кунад. Масъулият инҷост, ки дар ҳар кишваре  маводи мухаддир мавриди истифода қарор мегирад, транзити қочоқ мешавад ва билохира мушкил эҷод менамояд. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳо дар роҳи бартараф намудани ин мушкил бояд  талоши муштарак  кунанд».
Ба гуфтаи вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, соли гузашта дар ин кишвар 19 дарсад кишт, 48 дарсад тавлиди маводи нашъаовар коҳиш ёфта, дар тахриби мазореъи кӯкнор (нобуд кардани киштзорҳо) 40 дарсад афзоиш сурат гирифтааст. Саломат Азимӣ ин нишондодро яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати мубориза алайҳи маводи нашъаовар дар соли гузашта арзёбӣ намуда, изҳори бовар намуд, ки соли ҷорӣ низ дар ин самт ба муваффақиятҳои чашмрас даст хоҳанд ёфт. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин мақоми баландпоя, барои муборизаи дақиқтар бо маводи мухаддир тарҳи қонуни нав ба порлумони Афғонистон пешниҳод шуда, ки қарор аст ба зудӣ тасвиб шавад.
Суҳбати мо бо хонум Саломат Азимӣ дар ин мавзӯъ замоне иттифоқ афтод, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як чорабинӣ дар ҳузури роҳбарияти намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, комиссияи махсус бо шумули намояндагони мақомоти прокуратура, суд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, воситаҳои ахбори омма беш аз 300 килограмм маводи нашъаоварро оташ зад.
Салимзода Шерхони Одина, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилооъ дод, ки ин миқдор маводи мухаддир аз ҷониби кормандони агентӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук ҳангоми гузарондани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи ҳабдаҳ соли охир дар бухории агентӣ беш аз 17 тонна маводи нашъаовар сӯзонд шуда, бо ин роҳ солимии ҷомеа аз хатари ин маводи марговар ҳифз шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2016    №: 199    Мутолиа карданд: 2908

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед