logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ба сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ санги асос гузошта шуд
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.
Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шуда, соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11 - ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани 3000 донишҷӯ шароит фароҳам оварда шуда, ҳамчунин, хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ, ҳамчунин, бинои истиқоматии 9 - ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи дурнамои барномаи тараққиёти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 октябри соли 2003, таъсис дода шуда, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва технологияҳои муосири соҳавӣ мебошад. Ҳоло дар донишкада дар 5 факулта аз рӯйи 35 ихтисос 2015 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда, дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин, дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.
Оғози расмии сохтмони бинои минтақавии Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб
5 октябр дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмони бино ва иншооти қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии тарҳи бино иттилоъ дода шуд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил дода, оғози корҳои сохтмонӣ соли 2017 пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур аз 9 ошёна ва таҳхонаи дорои 52 утоқи корӣ, ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 125 ҷойи нишаст, қисми навбатдорӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
Бо мақсади фароҳам сохтани шароити моддию техникии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Танҳо дар давоми 10 моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маблағи қариб 20 миллион сомонӣ 14 иншооти гуногун барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки нишона аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сохторҳои қудратии мамлакат аст.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмон ва васлкунии рақами 2 - и ҳамин вазорат аст.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ширкат барои иҷрои корҳои босифати сохтмон ва дар вақти муайяншуда ба охир расондани корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бунёди Меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ
Худи ҳамон рӯз, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба бунёди як меҳмонхонаи муосири баландошёна  санги асос гузоштанд.
Маҷмааи меҳмонхона аз дувоздаҳ ошёна ва таҳхона  иборат буда, ошёнаи аввал барои бунёди Маркази маданияти кӯдакону наврасон, маркази зебоӣ, толори фурӯши маҳсулоти дастӣ, аз қабили чакану  зардӯзӣ ва дигар марказҳои савдою тарабхона пешбинӣ шудааст. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар  Маркази маданияти кӯдакону наврасон синфхона ва толорҳои махсус барои омӯзишу азхуднамоии рақсҳои кӯдаконаи балет, гимнастика, ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ ташкил карда мешавад. Маркази зебоӣ аз толори мӯд ва студияи тарроҳон иборат хоҳад буд.
Мувофиқи лоиҳа аз ошёнаи  3 то 11  барои меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ  402 ҳуҷра барои қабули то 500 меҳмон бо намунаи санъати меъмории миллӣ ва шароиту имконоти замонавӣ сохта мешавад. Дар ошёнаи 12 – ум толорҳои истироҳату фароғат, машқи бадан ва толори бузург барои маҷлису конфронсҳо ҷойгир мешаванд.
Баъди бунёд дар ин маҷмаа то 300 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.

Ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар расми ифтитоҳи Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ва фазои самимии идона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯйи лавҳаи мармарини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштанд, ки бо санъати меъмории нотакрор бунёд шудааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳр қомат афрохта, дар пояи аз металли махсус омодашуда насб гардидааст, ки баландии поя бо фарогирии нишон дар маҷмӯъ 27,7 метрро ташкил медиҳад. Аз ин андоза 5 метр таҳкурсии Нишони давлатӣ мебошад, ки бо мармари холис рӯйпӯш карда шудааст. Рамзи Нишони давлатӣ аз ҷониби ходимони Корхонаи рассомӣ - ҳайкалтарошии ҶДММ "Нури Шамс" - и шаҳри Кӯлоб таҳия ва сохта шуда, бо рангу ҷилои махсус оро ёфтааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншоот мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳали Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки дар ҳамин мавзеъ ҷойгир шудааст. Истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иншооти навбунёд самимӣ ва ба таври хоса доир гардида, дар як вақт бо расми истиқбол матои Парчами давлатӣ аз ҷониби сарбозони Горди миллӣ зери навои мутантан ба майдон оварда шуд ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ба таври зинда иҷро гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ, пардабардорӣ аз рӯйи лавҳаи мармарин бо навиштаҷоти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барафроштани Парчам дар пояи баландияш 52,5 метр ин рӯйдодро дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи воқеаҳои муҳими таърихӣ дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи татбиқи Нақша - чорабиниҳои таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардида, аз матои андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст. Пояи асосии Парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд. Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпӯш бо мармар буда, 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи рӯйи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва узви Иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст.
Баъди барафроштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулони дахлдорро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид бар он доштанд, ки дар як рӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб якбора қомат афрохтани намунаи ду муқаддасоти миллӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Кӯлоб нақши муҳим мегузорад.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Кӯлоб
Нимаи дуюми 5 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоти судманду созанда доир карда, дар барномаи бошукӯҳи идона ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо Ҷашни муқаддаси умумимиллӣ 25  - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешрафту дастовардҳои сокинони шаҳри таърихӣ ва куҳанбунёди Кӯлоб ёдовар шуда, нақши басо арзишманди ҷавонмардони онро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон бузург арзёбӣ карданд. Инчунин, Президенти мамлакат аз истиқболи самимӣ ва дастгирии сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҳамаи соҳаҳо дар ин шаҳри бостонӣ андешаронӣ карда, татбиқи ҳадафҳо ва тадбирҳои ҳукумати кишвар баҳри ҳалли мушкилоти мардум, рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии Кӯлоб, тараққиёти соҳаҳои саноату сохтмон, таъсиси ҷойҳои корӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии таълимӣ, иншооти варзишӣ, роҳҳои мошингарду фурудгоҳи байналмилалӣ ва ғайраро махсус таъкид карданд.
Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми ватанпарвару фарҳангдӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли ҳамватанони азизамонро ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди кишвар сулҳу субот, хонаободию сарбаландӣ орзу намуданд.
Шоми ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангии идона ва намоиши театрикунонидашуда, ки таҷассумгари дастовардҳои 25 - соли соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагию муттаҳидии мардуми шарифу сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик буд, баргузор шуд.
Бо ҳамин Ҷашни таърихии 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар саросари кишвар бо дастовардҳои беназир бо барпо кардани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ таҷлил шуд, ҷамъбаст гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2016    №: 199    Мутолиа карданд: 3123

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед