logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Бӯи модар
Зан, ки ҳамроҳи писараш ба боғчаи аз ҳама замонавии шаҳр омада буд, аз навиштаи зебои пушти дар утоқи директор будани онро донист. Дарро тақ – тақ карда, иҷозаи даромадан хост.
- Писарамро ба боғчаи шумо доданиам, ҷаноб. Шунидам, ки аз ҳама боғчаи наву замонавии шаҳр ҳамин будааст, - гуфт баъд аз салому алейк.
- Дуруст шунидаед, хонум. Аз сар то пойи боғчаамон замонавист, - гуфт директори боғча.
 Зан аз шунидани ин гап хеле хушҳол шуд. Вай дарҳол кӯдаки дасташро ба директор  нишон дода, афзуд:
- Замонавӣ будан хеле хуб аст, шояд ин беқарори моро ором карда тавонад.
Директори боғча кӯдаки дар оғӯши модараш беқарорро ба даст гирифта, каме гирди утоқ гардонд. Сипас, пурсид:
- Духтар аст, ҳамин тавр не? Синну солаш ҳам якуним дусола…
- Бале, бале. Зуд пай бурдед, - гуфт модари кӯдак ва афзуд, - ман худ як одами ҷамъиятиям. Вале бо тарбияи ин майдаяк овора шуда, дар хона маҳбас мондам.
Директор баъзе коғазҳоро рӯи миз бароварда, ба зан нигарист:
- Шартномаро ҳармоҳ мебандем. Маблағ ҳам пешакӣ пардохта мешавад. Чунки ин нисбатан замонавитар аст. Шумо хонум, бо ин қисмат ошно шавед ва он чи дар ин бахши шартнома гуфта шудааст, бояд ба иҷро расонед.
Зан ба варақ як чашм давонда, сипас, иброз дошт:
- Пул муҳим нест, ҳар қадар лозим бошад, мепардозам, Фақат сатри аз ҳама поёниро  нафаҳмидам.
Директор ҳам варақаро аз дасти зан гирифта, нигарист ва нидо кард:
- Ҳааа… Бале, ин моддаи шартнома хеле муҳим аст. Як либосатонро ҳатман оварданатон даркор. Хоҳ курта аст, хоҳ ҷома, фарқаш нест.
- Ҷома? – бо ҳайрат пурсид зан. Чӣ кор  мекунед?
 Директор бо ҷиддият изҳор дошт:
- Як пажӯҳиш, хонум! Як пажӯҳиши илмӣ анҷом додем. Кӯдак вақте ба хоб рафт, рӯяшро бо  курта ё ҷомаи модараш мепӯшонем. Барои он ки  мисли оғӯши модар аст…
Башир УСМОН
 
Ҳафт гавҳар аз ганҷинаи шайх Саъдӣ
Ҳар киро душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст!
***
Заифе, ки бо қавӣ диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.
***
Зар аз маъдан ба кон кандан ба дар ояду аз дасти бахил ба ҷон кандан.
***
Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад!
***
Ду кас мурданду таҳассур (ҳасрат) бурданд: яке он, ки дошту нахӯрд ва дигар он, ки донисту накард.
***
Ҳар кӣ бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ӯ асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад…
***
Дурӯғ гуфтан ба зарбати шамшер монад: агар ҷароҳат дуруст шавад, нишон ҳамчунон бимонад, чун бародарони Юсуф, ки ба дурӯғе мавсум шуданд, ба рост гуфтани эшон эътимод намонд.
Таҳияи Б. БАҲОДУР
 
Посухи Искандар
Искандарро пурсиданд, ки чаро устоди хешро азизтар аз падари хеш медонӣ? Гуфт: «Аз баҳри он, ки падари ман сабаби зиндагонии ман аст ва устоди ман сабаби зиндамонии ман. Ва гуфт: «Агар корҳо ба қисмати Яздон аст, пас кӯшиши костани ҷон аст». Ва гуфт: «Агар замона барои ту наравад, ту барои замона рав, ки мардум бандаи замонаанд ва замона душмани одамӣ аст ва ҳар нафасе, ки мардум занад ба марг наздиктар аст ва аз зиндагонӣ дуртар».
Таҳияи Холназар КАСИРОВ
 
Лутфи бузургон
Черчилл на танҳо сиёсатмадор, балки рассом ҳам буд. Боре расмҳояшро ба шиносҳояш нишон дод. Яке аз онҳо пурсид:
- Барои чӣ шумо фақат расми манзара мекашед?
- Гап дар он ки, - ҷавоб дод Черчилл, - дарахтон, ба худ монанд наоянд ҳам, рассомро айбдор намекунанд.
***
Боре як ҳасуд кинояомез ба Хемингуэй навишт: «Шунидам, ки ҳоло барои ҳар калимаатон як доллар медиҳанд. Бароятон як доллар фиристода, хоҳишмандам намунаи эҷодиётатонро ба ман ирсол доред».
Хемингуэй ҷавоб гардонд:
«Ташаккур».
 
Аброҷ Ул-байт – муъҷизаи меъмории замони муосир
Соли 2012 дар Маккаи мунаввараи Арабистони Саудӣ, рӯ ба рӯи ибодатгоҳи калонтарини мусалмонон – Масҷид ул-ҳаром, маҷмааи биноҳои осмонбӯс – Аброҷ ул-байт қомат афрохт, ки дар ҷаҳон чун баландтарин меҳмонхона ва вазнинтарин иншооти ҷаҳон шинохта шудааст.
Моҳи августи соли ҷорӣ сомонаи иттилоотии «Флай Абу-Забӣ» рӯйхати гаронарзиштарин биноҳои дунёро интишор намуд, ки маҷмааи Аброҷ ул-байт дар мақоми дуввум қарор дорад. Тибқи иттилои сомона, сохтмони он ҳашт сол (2004 – 2012)  идома ёфта, барои бунёдаш 15 миллиард доллари ИМА харҷ гардидааст.
Маҷмаа аз ҳафт манора иборат буда, ҳар яке ба худ ном дорад: меҳмонхонаи «Манораи соати шоҳонаи Макка» (Makkah Clock Royal Tower), «Ҳоҷар» (баландиаш 260 метр), «Замзам» (260 метр), «Мақом» (250 метр), «Қибла» (250 метр), «Сафо» (240 метр) ва «Марва» (240 метр).
Меҳмонхонаи «Манораи соати шоҳонаи Макка» аз дигар манораҳо бо зебоӣ ва шаҳомати худ ба куллӣ фарқ мекунад. Баландиаш 601 метр буда, аз 123 ошёна иборат аст ва дорои 1542 ҳуҷра мебошад. Бар замми ин, манора бо соат ва ҳилоли зарҳалӣ оро дода шудааст, ки ба он шукӯҳи хоса мебахшанд. Диаметри соат, ки дар ҷаҳон калонтарин ба шумор меравад, 43 метрро ташкил медиҳад. Андозаи ақрабакҳои калон ва хурди «соати шоҳона» мутаносибан 22 ва 17 метр буда, дар маҷмӯъ вазнашон ба 15 тонна мерасад.
Инчунин, маҷмаа дорои манзилҳои истиқоматӣ, маркази савдои панҷошёна, идораҳои гуногун, толори конфронс ва майдон барои чархбол  мебошад. Умуман, ин иншооти беназир метавонад 100 ҳазор нафарро бо сарпаноҳ таъмин намояд. Ва мақсад аз бунёди он, то ҷое бароварда кардани ниёзи зоирон мебошад, ки ҳар сол аз гӯшаву канори гуногуни дунё панҷ миллион нафар барои адои маносики ҳаҷҷи акбар  ба Макка меоянд.
Маҷмааи Аброҷ ул-байт аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, яке аз муъҷизаҳои меъмории замони муосир эътироф мегардад, ки аз ҳақиқат дур нест.
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
Ҷон Ле Карре
Ле Карре, ному насаби ҳақиқиаш Дэвид Ҷон Мур Корнуэлл, дар Пуле, графии Дорсети Англия, дар соли 1931 чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Дар шашсолагӣ модараш шавҳари дигар гирифт ва ӯ пурра дар тарбияи падар монд. Баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи Берн дохил шуд, барои омӯхтани забони немисӣ. Дар ҳамин ҷо бо намояндаи хадамоти махфӣ вохӯрд ва ин шиносоӣ тақдири минбаъдаи ӯро ҳал кард.
Дар соли 1949 донишгоҳро хатм намуд, ба сафи артиш даъват шуд, хизмат дар «корпуси ҷосусӣ» дар Австрия сурат гирифт. Бо гурезаҳои Чехословакия кор мебурд, ин давраи гузаштан аз «ҷанги гарм» ба «ҷанги сард» буд. Баъди хизмати ҳарбӣ ӯ бо хадамоти махфӣ робитаро нигоҳ дошт ва супоришҳои махсусро адо мекард. Сипас ба Форин Офис (идораи разведка) ба кор гузашт ва дар Бонн дар самти разведкаи бритонии МИ-5, ки ба он Максвелл Найт роҳбар буд, вазифа гирифт.
Худи Корнуэлл (баъди чун адиб  Ле Карре машҳур гаштан) «ҷосус» буданашро рад мекард. Вале инро шахсони барӯманд ва ҳам маълумотномаи бритонӣ тасдиқ месозанд. Ғайр аз ин ҳамчун мутахассиси соҳа собиқ сардори СРУ (идораи марказии разведкаи Амрико) Уилям Колби зикр намудааст, ки баъди мутолиаи асарҳои Ле Карре мутмаин гаштам, ки муаллифи онҳо дар гузашта ҷосус будааст. Дар маълумотномаи «Собиқ ҷосусони бритонӣ» рӯирост гуфта мешавад, ки аз МИ – 5 Ле Карре ба урдугоҳи Саррат – лейки Шотландия барои омӯхтани илми ҷосусӣ фиристонда шуд ва ӯ дар ин ҷо барномаи махсуси тайёриро хатм намуд.
Тобистони соли 1961 Дэвид Корнуэлл котиби дуюми сафорати бритонӣ дар Бонн таъйин гашт. Вай дар он ҷо то бардоштани девори Берлин монд ва ба Берлин зуд – зуд бо корҳои хизматӣ сафар мекард ва ӯ ин сафарҳояшро дар романи «Ҷосуси аз кишвари сард омада» акс намудааст. Ҳамин асар ӯро машҳури ҷаҳон кард. Дар борааш бисёр мақолаҳо навиштанд ва ҳама мунаққидон фол мезаданд, ки Ле Карре кӣ бошад?
Тахаллуси асрорангези муаллиф дар матбуоти даврӣ ҳаёҳуй барангехту китобҳояш бо теъдоди ҳангуфт нашр мешуданд. Дар соли 1963 дар ду ҳафта дар ИМА 70 ҳазор нусха китоби ӯ ба фурӯш рафт.
Дар соли 1964 Ле Карре ба истеъфо баромад. Барои китоби «Ҷанги шаффоф» 50 ҳазор фунт стерлинг пешпардохт гирифта, буҷеташро хеле ғанӣ гардонд. Аз рӯи асарҳои вай чандин филмҳои пурмоҷаро офариданд. Дар ҳар 2 – 3 сол як романи нав ба нашр мерасонд. Яке аз машҳуртарини онҳо «Ҷосуси идеалӣ» соли 1986 рӯи чопро дид.
Бо гузашти солҳо ва тағйир ёфтани замона ҷаҳонбинии нависанда низ ба «чап» майл намуд. Вай бар зидди ҷанги ҳастаӣ баромада, ҳамзамон сиёсати Исроилро дар Шарқи Наздик зери тозиёнаи танқид мегирад. Охири солҳои 80 – уми асри ХХ  ба Русия чанд маротиба ташриф меорад ва романи «Хонаи русӣ» (албатта, дар бораи ҷосусон) - ро ба мардуми ин кишвар мебахшад ва орзу мекунад, ки байни Шарқу Ғарб ҳамдигарфаҳмӣ ғолиб ояд. Моҳи апрели соли 1989 дар мусоҳибааш бо рӯзномаи «Литературная газета» гуфта буд, ки «англисҳо аз бемории маҷзубият (шизофрения) – и  миллӣ нисбат ба ҷосусгароӣ» азият мекашанд ва баъди анҷом ёфтани «ҷанги сард» хадамоти разведка бояд дар фаъолияти худ дигаргуниҳои мусбатро дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба инобат гиранд. 
Мутахассисони соҳаи разведка ба асарҳои Ле Карре баҳои мухталиф додаанд. Шефи разведкаи ҳарбии Исроил боре гуфтааст, ки китобҳои Ҷон Ле Карре барои кормандони ӯ чун воситаи таълимии ғайрирасмӣ хизмат мекунанд. Шефи СРУ Ричард Хелмс, аз рӯи гуфтаи писараш, Ле Карреро чашми дидан надоштааст. Яке аз ҳамкорони собиқи нависанда, ҷосуси англис, ба рӯяш гуфтааст: «Ту бадзот! Ту комилан бадзотӣ!».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
Дарахтони роҳгард
Тасаввур кардан душвор бошад ҳам, дар ҷангалҳои тропикии Эквадор “нахлҳои роҳгард” аз оилаи Socratea месабзанд, ки метавонанд дар рӯи замин ҳаракат карда, соле то 20 метр масофаро тай созанд.
Албатта, ҳара-кати онҳо бағоят суст аст: ҳар кадоми ин қабил дарахт рӯзе 2 - 3 сантиметр “роҳ меравад”. 
“Вақте хоки зери нахл беқувват мешавад, решаҳои дарози он дар ҷустуҷӯи хоки нави серғизо мешаванд, - мегӯяд палеобиолог Петер Врсански аз Академияи илмҳои Словакия. - Бо пайдо кардани ҷойи мувофиқ решаҳои нав ба хок фурӯ мераванд. Дарахт бошад, оҳиста ҷониби онҳо хамида, тадриҷан решаҳои куҳнаашро аз замин берун мекашад. Муҳлати кӯчидани нахлҳо ба ҷои нави бештар офтобӣ ва серғизо метавонад чанд сол тӯл кашад”.
***
Баландтарин ҳарорати бадани одам - 46,5 дараҷа соли 1980 дар шаҳрванди амрикоӣ Уилли Ҷонс ба қайд гирифта шуд. Пас аз 24 рӯзи табобат офият ёфт.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 
Рут Ҳэндлер – офарандаи лӯхтаки Барби
Рут Ҳэндлер аз зумраи занони муваффақи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, ки бо заҳмати бурдборонаи худ  соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гаштааст.
Дар олам Рут Ҳэндлерро ҳамчун офарандаи лӯхтаки Барби мешиносанд.  Ҳэндлер Барбиро бори аввал соли 1959 дар ярмаркаи бозичаҳои кӯдакона, ки  ҳамасола дар Ню-Йорк баргузор мешуд, муаррифӣ намуд. Пас аз ин, шуҳрати лӯхтаки Барби тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва ба Рут Ҳэндлер миллионҳо даромад овард. Ба ҷуз ин, муваффақият боиси он гашт, ки ширкати таъсисдодаашон «Mattel» (ҳамроҳи ҳамсараш ва дӯсти ӯ Мэтсон Гаролд)  ба корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи бозичаҳои кӯдакона табдил ёбад.
Тайи солиёни зиёд лӯхтаки Барби аз дӯстдоштатарин бозичаҳои кӯдакон ба шумор мерафт. Тибқи маълумотҳо, дар олам дар зарфи 1 сония 3 лӯхтаки Барби фурӯхта мешуд. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир шуҳрати лӯхтак коҳиш ёфта бошад ҳам, он дар беш аз150 кишвар ба фурӯш гузошта шудааст.
Рут Ҳандлер собит сохт, ки бо саъю кӯшиши пайваста ва меҳнати софдилона метавон дар дилхоҳ касб ба қуллаҳои мурод расид. Ҳамзамон, барои ин майлу хоҳиш ва азму иродаи қавӣ лозим аст ва онҳо дер ё зуд самараи худро хоҳанд овард.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Латифа
Марде бо нияти худкушӣ худро ба дарахти лаби дарё овехтан хост. Аммо ҳангоми овехтан, шохи дарахт шикаст ва ӯ ба дарё афтод. Ӯ бо илоҷе аз об берун шуд. Ба худ гуфт: «Худоро шукр, қариб ғарқ шуда мемурдаме».
Таҳияи Х. КАСИРОВ
 
Билл Гейтс боз одами аз ҳама бойтарини ҷаҳон дониста шуд
Асосгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс дар рейтинги одамони бойтарини ҷаҳон боз ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора «Bloomberg» иттилоъ додааст.
Мувофиқи маълумоти ширкат, дороии Билл Гейтс 90 миллиард доллар – ҳудуди 0,5 дарсади ММД ИМА - ро ташкил медиҳад. Маблағҳои соҳибкор дар натиҷаи болоравии нишондиҳандаҳои ширкатҳои он - Canadian National Railway Company ва Ecolab Inc афзудаанд.  
Фаъолият ва муваффақияти Б. Гейтс
Вилям Генри Гейтс III 28 октябри соли 1955 дар Сиэтл дар оилаи ҳуқуқшиноси шинохта ба дунё омадааст. Ӯ донишҳо оид ба метематика ва барномарезиро дар мактаби миёна аз бар карда, ба фанҳои гуманитарӣ тамоман диққат намедод. Вай ба барномарезӣ шавқи беандоза дошт, барномаи аввалини худро ҳанӯз дар 13 – солагӣ тартиб дод. Он барои мошинаҳои калони ҳисоббарории ҳамон давр пешбинӣ шуда буд. Соли 1970 барномаи танзимсозандаи ҳаракати роҳро тартиб дод ва бо ин 20000 доллар ба даст овард. Пас аз ду сол, пешниҳоди коркарди бастаи барномавӣ оид ба тақсимбандии неруи сарбанди Бонневилро гирифт. Соли 1973 ба донишгоҳи Гарвард бо ихтисоси ҳуқуқшинос дохил шуд. Вале ба касби интихобшуда рағбат надошт. Он ҷо дӯсти худ Стив Балмер (дар оянда – президенти Microsoft)-ро вохӯрд. Соли 1974 компютери одитаринро дид, ки ба он таъминоти барномавӣ намерасид. Б. Гейтс ва дӯсташ П. Ален ба намояндагони ширкат (M.I.T.S.) коркарди таъминоти барномавиро пешниҳод доштанд. Дере нагузашта онҳо шартнома барои тартиби забонҳои барномарезӣ гирифтанд. Аввалин транслятори BASIC барои Altair 8800-ро дӯстон дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, омода сохтанд. Соли 1975 онҳо ширкати Microsoft – ро таъсис доданд. Барои вақти зиёд набудан дар дарсҳо ва нарасидани давомот аз донишгоҳ хориҷ шуд. Баъдтар ба ӯ аз ҷониби IBM барои коркарди системаи амалиётии компютери шахсӣ пешниҳод манзур гашт. Гейтс ба маблағи 50000 доллар система QDOS (Quick and Dirty Operating System)-ро ба даст овард, номи онро ба MS-DOS иваз намуд ва иҷозатномаро ба IBM фурӯхт. Рӯнамоии компютер дар бозор таваҷҷуҳи зиёд пайдо кард. Ба Microsoft барои иҷозатномагирӣ бештару бештар ширкатҳои гуногун муроҷиат мекарданд. Давоми роҳпаймоии пурнусрат пешниҳоди Microsoft Word ва Microsoft Excel гардиданд. Соли 1986 Microsoft ба ҷамъияти саҳомӣ табдил меёбад. Дар 31 - солагӣ Б. Гейтс миллиардер мешавад. Версияи якуми Windows аз ҷониби Microsoft соли 1987 пешниҳод гаштааст. То соли 1993 ҳаҷми умумии фурӯши барнома аз миллион доллар гузашт. Ду ҳафтаи аввали баромадани системаи оператсионии Windows - 95, ҳафт миллион нусхаи он фурӯхта шуд. Ҳамон замон ширкати Б. Гейтс зери мушоҳидаи кумитаи зиддиинҳисорӣ афтод. Даъвоҳо ба Microsoft ҳамчун монополисти бозори таъминоти барномавӣ аз ҳамон давра то имрӯз хотима намеёбанд.
7 июни соли 2007 Б. Гейтс бо хулосаи роҳбарияти донишгоҳ хатмкардаи Гарвард ҳисобида шуд. 7 январи соли 2008 нияти аз вазифаи роҳбарии ширкат рафтан ва бо эҳсонкорӣ машғул шуданро эълон менамояд. 27 июни ҳамон сол Б. Гейтс аз ваколати роҳбарии ширкат даст мекашад, бо вуҷуди ин раиси шӯрои директорон ва дорандаи ҳиссаи бузурги саҳмияҳои ширкати  Microsoft – (8,7 дарсад) боқӣ мемонад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
Беш аз 100 сол аз таърихи мӯйхушккунакҳо
 Соли 1900 нахустин мӯйхушккунакҳо дар Олмон пайдо шудаанд. Онҳо ҳаҷман калон буда, ҳавои ниҳоят гарм мебароварданд, ки дар вақти ба сар наздик овардан хатари сӯхтани мӯй пеш меомад. Нархи чунин мӯйхушккунакҳо 39 маркаро ташкил дода, ба харидорон гаронӣ мекард.  Як маротиба ворид шудан ба кошонаи ҳусн бошад, 2 марка.  Бо вуҷуди арзиши баланд аввалин мӯйхушккунакҳо ба зудӣ харидори зиёд пайдо карданд.
Дар Русия аввалин мӯйхушккунакҳоро на танҳо барои хушккунии мӯй, балки барои рафъи бемории устухон ва дигар бемориҳои бо гармӣ табобатшаванда, инчунин барои хушккунии мӯи ҳайвоноти хонагӣ, пойафзол, рахти хоб истифода мебурданд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
 
Соҳиби мол
Боре гадои шиносе ба ҳавлӣ даромад. Саҳар, ҳини ба пода бурдани чорвои хона буд. Ба чашми гадо баррачае хуш омад ва аз апаам талбид, ки онро ба ӯ диҳад. Апаам эътибор надод ва ба ман гуфт:
- Ҳай кун, ҳамаша пода бар…
- Чун фардо саҳар ба оғил даромадам, ҳамон баррачае, ки гадо талаб карда буд, дидам мурда. Омада ба апаам гуфтам. Апаам аз дари оғил ба баррачаи гарданшикаста нигарист ва чеҳра дар худ кашиду гуфт:
- Чашми гадо расид, додар. Дилам нашуд. Ин гадоҳо аз соҳибони мол ҳам ба Худо наздиктаранд.
Раҷаб МАРДОН
 
Ҷонварон низ дар "ҷаноза" - и ҳамдигар нола мекунанд
Мутахассони Донишгоҳи Калифорния ва ҳаммаслаконашон дар Африқои Шимолӣ шоҳиди он шудаанд, ки парандае ҳангоми дидани ҷасади ҳамҷинси худ фарёд зада, парандаҳои дигарро ба ҷои «ҳодиса» даъват намудааст.
Бино ба тадқиқоти олимон, парандаҳои дигар низ аз ҷустуҷӯйи хӯрок боз монда, ба «маросими ҷаноза» ҳозир мешаванд. Ин маросим бо овозу фарёди ҳамаи парандаҳо, тақрибан 30 дақиқа идома меёбад.
Тадқиқоти қаблӣ нишон медиҳанд, ки баъзе аз ҳайвонот ба марги ҳамҷинси худ вокуниши бузург нишон медиҳанд. Масалан, зарофа ва фил болои ҷасади ҳамҷинсони худ давр зада, фарёду фиғон мекунанд.
Профессори Донишгоҳи Кётаи Ҷопон Фред Беркович дар маҷаллаи «African Journal of Ecology» гуфтааст, ки ҳайвонҳо низ ба марги ҳамҷинси худ азо медоранд. Беркович мегӯяд, ки дар Африқо шоҳиди он шудааст, ки зарофае зиёда аз 2 соат фарзанди навзоди худро такрор ба такрор лесидааст.
Филҳоро марги ҳамҷинси худ бисёр ғамгин месозад. Онҳо соатҳо ҷасадро посбонӣ мекунанд. Тадқиқоти олимони Боғи ҳайвоноти Кения нишон додааст, ки дар филҳо раҳму шафқат ва меҳрубонӣ дида мешавад. Агар филе бемор шавад ё наздик ба марг бошад, филҳои дигар новобаста ба он, ки «хешу ақрабоянд» ё не, ба он мадад мекунанд.
Р. РАМАЗОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 3388

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед