logo

иқтисод

ДЕҲОТ. ПРОБЛЕМАҲО ВА МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ

Дар доираи лоиҳаи «Усули экосистемавӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ» мо, гурӯҳи журналистон аз радио, телевизион ва матбуот, ба деҳаҳои Сипонҷ ва Даржомҷи водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки минтақаи пилотии лоиҳа ба ҳисоб мераванд, сафар кардем. 
Деҳаи Сипонҷ дар дурии 550 километр аз шаҳри Душанбе ва 105 километр  аз маркази вилоят ҷойгир аст,  Даржомҷ аз он 12 километр болотар. Даромади асосии сокинони ҳар ду деҳа аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ, хусусан парвариши чорво ва меваю сабзавот мебошад. Аммо дар давоми чанд соли охир тағйири боду ҳаво ба ҳосилнокии заминҳо, ки манбаи асосии даромади зиндагии мардуми деҳотанд, таъсири манфӣ расонда истодааст.
Хушқадам Муборакқадамов, сокини деҳаи Даржомҷ, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 - и ҳамин деҳа, дар ду гектар боғ намудҳои гуногуни дарахтони себу зардолу бунёд кардааст. Соли гузашта ва имсол аз сабаби тағйири иқлим ҳосили ками зардолу ба даст овард. Боду ҳавои тағйирёбанда ба 20 садяки замини корами сабзавоташ низ бетаъсир намонд. Ҳоло амаки Хушқадам беш аз 20 сар чорвои майда ва 5 сар чорвои калони шохдор дорад, саршумори онҳо сол аз сол меафзояд. Вале, ба гуфтаи ӯ, барои бо ғизо таъмин кардани чорво аз се чарогоҳи хурд истифода мебарад, ки онҳо ҳам камӣ мекунанд. Дар деҳа ва атрофи он чарогоҳи дигар мавҷуд нест. Мушкил он аст, ки  чарогоҳҳо аз сабаби тағйири иқлим ва дар як ҷо пайваста чарондани чорво ба нестӣ расида истодаанд. Дар ин минтақа дар баробари камшавии чарогоҳҳо, ҳамчунин, обшавии пиряхҳо, норасоии об барои обёрии заминҳо, фарсоиши замину кам шудани дарахтони ҷангалзор ва амсоли инҳо ба назар мерасанд.
Ҳадаф аз ташкили пресс-тур (сафари журналистон) ҳам шиносоӣ бо минтақаҳои аз ҷиҳати тағйири иқлим осебпазир ва бо истифода аз усули экосистемавӣ мутобиқ гардондани аҳолӣ ба тағйири иқлим мебошад. Ба андешаи коршиносон, экосистемавӣ усулест, ки дар он метавон тавассути рушди устувори минтақаҳои кӯҳистон ва истифода аз хизматрасониҳои экологӣ бидуни таъсир ба захираҳои табиӣ ба тағйири иқлим мутобиқат пайдо кард. Барои омӯзиш ва дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаи асосии минтақаҳои кӯҳӣ Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, хусусан  созмони ҷамъиятии «CAMP Табиат» ва дастгирии   Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ)  корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи зикргардида, қабл аз ҳама барои саҳми бештари ҷомеаҳои маҳаллӣ ва сокинони кӯҳистон тренингҳои омӯзишӣ ҷиҳати пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо оид ба  роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим доир гардиданд.  Пешниҳод шуд, ки қабл аз ҳама барои ҳифз ва нигоҳдории захираҳои табиӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот зарур мебошад. Аз ин рӯ, дар деҳаҳои Сипонҷ ва Даржомҷ ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Сокинон бо истифода аз манзилҳои зист, ҳамчун «Home stay» (меҳмонхона) ба сайёҳон хидмат мерасонанд. Сокинони деҳаи Даржомҷ бошанд, дар давоми як моҳ бо таҷрибаи мутахассисони пуртаҷрибаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд оид ба тарзи дуруст хушк кардани мева ва ба фурӯш баровардани он дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар шинос шуданд. Ҳоло омодаанд, ки соли оянда баъд аз гирифтани ҳосили дастранҷашон донишҳои худро дар амал татбиқ намоянд. Барои тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстӣ дар деҳаи Сипонҷ рассоми ботаҷриба Галина Григориевна аз давлати Русия ба наврасон ва толибилмони деҳа тамоми нозукиҳои ҳунарҳои рассомиро омӯзонда истодааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонон ва наврасони деҳот бо дарки баланди масъулият ва хушнудӣ аз нозукиҳои ин касб бархӯрдор мешаванд, маҳорат ва завқи баланди тасвири зебоиҳои табиати диёрро доранд. Хуб мебуд, агар дар деҳот мактаб ва курсҳои махсуси рассомӣ барои идома додани ин касб боз шаванд. 
Дар ин ва дигар деҳаҳои водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масоили дигари ҳалталаб низ ҳастанд, ки пайгирӣ хоҳанд шуд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 1792

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед