logo

фарҳанг

МЕҲРГОН ҲАМРАДИФИ САДА ВА НАВРӮЗ АСТ

Меҳргон  - яке аз  ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба давраҳои асотирию  пешдодӣ, замони пайдоиш ва рушду нумӯи кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
 
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, Меҳргон ба монанди ҷашнҳои Сада ва Наврӯз дар байни гузаштагони мо маълум ва машҳур буд. Дар «Авасто», «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, осори таърихии Муҳаммад Наршахӣ, «Сиёсатнома» - и Низом – ул - Мулк, «Наврӯзнома» - и  Умари Хайём  ва асарҳои дигари таърихию адабӣ дар бораи ин идҳо маълумоти зиёд дода шудааст.
Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот ҷашн гирифта мешуд. Аз рӯи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим, моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр – Офтоб номида мешуд ва тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекард, барои гузарондани  Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Калимаи  «меҳр» ба маънои рӯшноӣ, дӯстӣ, муҳаббат, гармӣ  омадааст. Ин идро гузаштагони мо ба монанди  Наврӯз ботантана ҷашн  гирифта, хонаю ҳавлиҳоро тоза мекарданд, либоси идона мепӯшониданд, дастурхони идонаро аз маҳсулоти навҷамъовардашуда меоростанд. Дар рӯзи ҷашни Меҳргон мардум ба сайругашти оммавӣ мебаромаданд, ҳамчунин, ба назди хешу табор ва дӯстон ба меҳмонӣ рафта, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим намуда,   саломатӣ, хушбахтӣ ва осудагиро хоҳон мешуданд.
Дар Тоҷикистон, аз он ҷумла дар водиҳои Хуфи Бадахшон ва Вахёи минтақаи Рашт ҳангоми гузарондани  иди Меҳргон аз ҳосили нави гандум нон тайер намуда, бо ғизои аз равғани зард ва гӯшт омодашуда зиёфат меоростанд.
Олими мардумшинос М. Раҳимов қайд  мекунад, ки дар Вахё дар рӯзи гузарондани ҷашни Меҳргон дар осиёб орди аз гандуми ҳосили нав тайёршударо дар «кулӣ», «хамба» - ҷои махсуси нигоҳ доштани орд пур намуда, онро  сахт зер мекарданд, ки дар он ҳар чӣ зиёдтар ҷо гирад. Пас аз он соҳибхоназан онро бо испанд дуд медод. Бегоҳи ҳамон рӯз аз орди нав нони тунукӣ – чапотӣ пухта, хӯроки дӯстдоштаи мардуми маҳал – равғанҷӯширо тайёр мекарданд. Баъди хӯрок  калонтари хона дуою фотиҳа  мекард. Рӯзи дигар аз орди нав  умочи  ширӣ  тайёр мекарданд. Дар Бартанг ва Рӯшон чунин анъана вуҷуд дошт: вақте гандуми нав  пухта мерасид, дар аввал аз он  танҳо якчанд дарза дарав  намуда, баъдан, онро дастӣ орд мекарданд ва ҳамон замон аз  он нон пухта, қисми  зиёдашро  ба айлоқ  мефиристоданд  ва  як  қисмашро  ба  хонаҳо  бурда, ҳамаи  хешу  табори     наздикро даъват  карда, онро  дар  якҷоягӣ  бо аҳли оила  мехӯрданд. Бо мақсади «эмин доштани ҳосили нав аз чашми бад» дар ин ҷамъомад одамони бегонаро роҳ намедоданд.
Ҷамъоварии ғалла бо  иштироки бевоситаи Бобои Деҳқон, халифаҳо ва риоя намудани анъанаҳо оғоз меёфт.  Ҷамъоварии ҳосил аз рӯи тартиби муайян гузаронда мешуд: аввал нахӯд, баъд – ҷав, гандум ва ғайра. Барои ҷамъоварии ҳосил халифа рӯзу соати некро муқаррар менамуд.
Ҳамаи чорабиниҳои вобаста ба ҷамъоварии ҳосил бо ташкил намудани зиёфатҳо анҷом меёфтанд. Тарзи додани зиёфат дар маҳалҳо гуногун  буд.
Дар бораи ҷашн гирифтани Меҳргон дар минтақаҳои дигари Тоҷикистони имрӯза низ сарчашмаҳои зиёди таърихӣ маълумот додаанд.
З. ЮСУФБЕКОВА,
М. ШОВАЛИЕВА,
ходимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 3435

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед