logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИСТИҚЛОЛИ МАОРИФ. СУХАН ДАР БОРАИ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ МЕРАВАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз афзалиятҳои сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ин мавқеъ, марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Сарвари давлат ҷиддан вобаста мебошад.
Таърихи мактабу маориф, мактабшиносӣ дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун ёд дорад. Вале соҳаи маорифи кишвар, алалхусус, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар муддати 25 соли истиқлолият чунин ҳолати пешравиро дар хотир надорад. Масалан, дар шаҳру ноҳия ва минтақаи Кӯлоб аз 500 муассисаи таълимии соли таҳсили 1999 - 2000 дар соли таҳсили 2015-2016 ба 639 адад расид. Рушди бемайлони муассисаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлобро дар соли таҳсили 2015 - 2016 ин рақамҳо нишон медиҳанд: муассисаҳои тобеи шуъба - 67 адад; муассисаҳои таҳсилоти асосӣ - 2 адад; муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – 46 адад; мактаб- интернатҳо - 2 адад; муассисаҳои типи нав (литсейҳо) - 3 адад; гимназия - 1 адад; мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат - 1 адад; маркази таҳсилоти иловагӣ - 1 адад; маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо - 1 адад; маркази технологияи коммуникатсионӣ - 1 адад; муассисаҳои томактабӣ - 9 адад.
Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб имсол 44310 нафар хонанда таҳсил менамояд ва ба онҳо 2724 муаллим дарс мегӯяд.
Натиҷаҳо дар боби таълим хубанд, вале басанда нестанд. Аз заҳматҳои устодон аст, ки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаи Кӯлоб соли таҳсили 2015-2016 дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби 26 медал гардиданд: тилло - 8, нуқра - 5, биринҷӣ - 13; Дар олимпиадаи ҳаракати олимпӣ дар ҳисоби даставӣ ҷои дуюмро дар ҷумҳурӣ (3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Барои пешрафти бештар зарур аст, ки сифату самаранокии таълиму тарбия баланд бардошта шавад, масъулияти омӯзгор афзояд, рушди бонизом ва воқеии илм таъмин гардад, илмҳои бунёдӣ ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлатӣ равона бошанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, дар ноҳияи Данғара бори дигар таъкид намуданд, ки бо мақсади ба камол расондани наслҳои соҳибмаърифату тарбиятдида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қабул намудем, инчунин дар Конститутсия тағйирот ворид сохта, масъулияти омӯзгор, падару модар ва ҷамъиятро нисбат ба тарбияи фарзанд ва ҷавобгарии фарзандонро доир ба нигоҳубини падару модар дар давраи пиронсолӣ муҳим шуморидем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода, ҳамеша дар андешаи он ҳастанд, ки таълиму тарбия чун бародарони тавъам шакли комилан нав дошта бошад. Аз ин рӯ, таъсиси мактабҳои президентӣ, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо ва мактабҳои хусусӣ дар ҳаёти мо падидаи нав буда, дастоварди муҳими замони истиқлол аст.
 Бояд гуфт, ки на танҳо ҷаҳоне, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, тағйир ёфтааст, балки худи инсон низ дигаргун шудааст, зеро вай дар макону замони дигар умр ба сар мебарад. Замоне, ки паймудани масофаҳо байни қитъаҳои олам ва кишварҳои дуру наздик, ба таври афсонавӣ кӯтоҳ шудаанд.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат изҳор менамоянд, ки «дар сиёсати давлатдории худ маорифро дар ҷои аввал гузоштаам».
Масъалаи тайёр кардани муаллим (омӯзгор) дар ҳама даврҳои инкишофи ҷамъияти инсонӣ муҳим ва мавзӯи рӯз буд. Донишмандон бар ин назаранд, ки рисолати аввалиндараҷаи омӯзгори мактаб таъмин намудани инкишофи ҳар чӣ бештари паҳлуҳои гуногуни кӯдакону навҷавонон, аз нигоҳи ахлоқӣ, зебоишиносӣ, интеллектуалӣ, ҷисмонӣ бо назардошти имкониятҳои зеҳнии вай мебошад. Чунин омодасозии омӯзгори оянда соҳаҳои махсуси илмӣ, махсуси методӣ, равонӣ ва педагогиро дар бар мегирад.
Зарурат аст, ки барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии омӯзгорони оянда як идда омӯзишҳои алоҳида, аз он ҷумла, омӯзишҳое чун «Тамаддуни анъанавии тоҷикон», «Таърихи динҳои ҷаҳон», «Асосҳои хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ», «Баёни андеша бо забони адабии тоҷикӣ» ба роҳ монда шаванд.
Президенти мамлакат ба таври мушаххас масъалагузорӣ менамоянд, ки: “Муаллим дар роҳи таълим ҳақи хато кардан надорад, зеро тарбияи насли оянда ба уҳдаи ӯст”. Аз ин ҷо масъалае пеш меояд, ки худи омӯзгор кист, ӯ бояд бо кадом сифатҳояш муаррифӣ шавад?
Устодони таҷрибадори донишгоҳ ба ин суолҳо чунин посух додаанд:
- Дар баробари дигар уҳдадориҳо омӯзгор бояд дар такопӯ, ҷустуҷӯ ва ҳамқадами даврон бошад, зеро донишу малакаи ӯ баробари илми замона ба тараққӣ ва пешравӣ ниёз дорад. Омӯзгор худро мудом дар иҳотаи шогирдон бинад ва аз ин ҳаловат барад.
Муаллими хуб чунин сифатҳои касбӣ дорад: меҳнатдӯстӣ, кордонӣ, масъулиятшиносӣ, мақсаднокӣ, суботкорӣ, баландбардории сатҳи дониш, эҷодкорӣ, адолатхоҳӣ.
- Омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, дорои ахлоқи ҳамида бошад. Ватан, забони миллат ва халқи худро дӯст дорад.  Аз омӯзгорони ботаҷриба омӯзад. Рӯзномаю маҷаллаҳоро доимо мутолиа бикунад. Бо шогирдон меҳрубон ва ғамхор бошад ва дар баробари ин нисбат ба дарс сахтгир ва серталабиро фаромӯш насозад.
- Омӯзгор, пеш аз ҳама, ба номи худ содиқ бошад, зеро омӯзгор меомӯзад ва дар баробари омӯзондан тарбият медиҳад. Омӯзгор нисбат ба шогирд бояд меҳрубон бошад ва ӯро мисли фарзанди худ донад, зеро шогирд меваи дарахт – самараи маҳсули боғи ҳаёташ маҳсуб мешавад.
- Омӯзгор бояд ду кори муҳимро анҷом диҳад: яке, ироаи мавзӯъ ва дигаре, барангехтани отифа. Дар кори аввал бояд бар ақли шунаванда ва дар кори дуввум бар эҳсосоти ӯ таъсир гузошт. Дарсе, ки ин таъсиргузориро надошта бошад, дарс нест. 
Зан - модар дар давлати тозаистиқлоли мо мавқеъ ва манзалати арзандаро соҳиб аст. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ занон баробари мардон дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми бузург доранд. Айни замон дар донишгоҳ 302 занон фаъолият мекунад. Аз онҳо 20 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунандаанд. 2 нафар ноиби ректор, 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, 15 нафар номзади илм, 4 нафар декани факулта, 11 нафар мудири кафедра, 4 нафар мудири шуъба, 36 нафар муаллими калон ва 157 нафар муаллиму ассистентон ва корманди техникию хоҷагӣ мебошанд.
Бонувони хушсалиқаи донишгоҳ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат аз худ маҳорату кордонӣ нишон дода, дар мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тафриқаангезиву бегонапарастӣ фаъол мебошанд.
Суханони хирадмандонаи Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон ба хотир мерасад, ки дар сифати зан баён кардаанд: «Дар ҳақиқат, занон бузурганд, қалби онҳо саршори меҳр, садоқат ва шафқати инсонӣ буда, неруи бахшандагӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ доранд, ҳаётро дӯст медоранд ва барои солимии оила, тарбияи фарзандон, обрӯи шавҳар ва вафодорӣ нисбати ӯ худро масъул мешуморанд.».
Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонони болаёқат ба таҳсил квотаи президентӣ таъсис ёфт. Ҳоло дар донишгоҳ шумораи ин донишҷӯён ба 473 нафар, аз ҷумла 330 духтар мерасад.
Феълан, дар 34 кафедраи донишгоҳ 439 нафар омӯзгор, аз ҷумла 19 нафар доктори илму профессор, 78 нафар номзади илм ва дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҷалб гардидаанд.
Танҳо соли гузашта 6 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ дифоъ, 7 нафар рисолаҳои докторӣ ва 15 нафар рисолаҳои номзадиашонро барои ҳимоя омода намуданд. Давоми солҳои 2010 - 2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ дохил гашт.
Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 50 муассисаи илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳамкориҳо 10 нафар аз устодону донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд.
Дар муддати 70 сол ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки теъдоди донишҷӯёнро аз 48 нафар то ба 9 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 439 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмӣ доштаро аз 5 номзади илм ба 130 нафар ва доктори илму професорро аз сифр ба 29 нафар расонад.
Қадршиносии ин заҳматҳост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70-солагии донишгоҳ ба устодон ва шогирдон чунин муроҷиат карданд:
«Донишгоҳи давлатии Кӯлоб - яке аз муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт – омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст…
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор нафар хатм кардаанд».
Таълими бонизоми илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба тавсеаи сатҳи дониш ва рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт мусоидат менамояд.
Рушди босуботи илму маориф ва ба самти меъёрҳои байналмилалӣ ҳамрадиф намудани низоми таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф намудаанд, ки бинобар ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо комилан дар амал татбиқ намуда, доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин васила самаранок гардондани сифати таълиму тарбия тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён диққат диҳанд.
Дар ҷавоби қадршиносиҳои Пешвои миллат масъулияти мо – омӯзгорон дар кори таълиму тарбияи насли наврас бештар аст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки устодони донишгоҳ бо ҳисси масъулиятшиносӣ аз уҳдаи ин вазифа сарбаландона мебароянд.
 
Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 3694

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед