logo

фарҳанг

ТАБИБИ ТАВОНО ВА ҲАКИМИ ДОНО

Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ - яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, дар нимаи дуюми асри IX ва аввали асри X ба сар бурда, ҳамчун табиби ҳозиқ, мутафаккири озодфикр ва олими табиатшинос дар олами илм маъруфият ва маҳбубият пайдо намудааст. Бо назардошти ҳаёти босамари илмӣ ва осори бою гаронбаҳо Абубакри Розиро яке аз бунёдгузорони илмҳои тибби миллӣ, кимиё ва фалсафаи озодандешонаи тоҷику форс ҳисобидан равост. Зеро асарҳои таълифёфта ва ташаккулу такомули афкори илмию фалсафӣ ва бадеии ин қарнҳо, ки дар он саҳми Закариёи Розӣ низ зиёд аст, на танҳо дар сар то сари Ховару Бохтар, балки дар Арабу Аҷам, баъдан тавассути тарҷума ҳамчун маводи илмию таълимӣ дар Аврупо ва дигар манотиқи олам шуҳратёр гашта, боиси рушди илму фарҳанг гаштааст. Ин давраро донишманди дигар Акбари Турсон давраи “Эҳёи Тоҷик” эътироф намуда, Муҳаммад Закариёи Розиро яке аз мутафаккирон ва озодандешони ин аҳд меҳисобад.
Дар таърих асари “Ҳовӣ” - и 30 ҷилдаи ӯро дар қатори асарҳои классикони тибби антиқа Буқроту (Гиппократ) Ҷолинус (Гален) ёдовар мешаванд. Абубакри Розӣ дар илми тиб ба дараҷаву мақоми бузургони олам расидааст. Дар ин хусус Алиасғари Ҳалабӣ чунин мегӯяд: “Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд - Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд - Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд - Ибни Сино онро комил кард”. Дар бораи ҳаёт ва мероси Закариёи Розӣ ибни Надим дар “Алфеҳраст” ва Абурайҳони Берунӣ дар “Феҳрасти мусаннифоти Розӣ” маълумот дода, доираи мавзӯоти эҷодиёти ӯро мушаххас кардаанд. Онҳо мавзӯи осори ин мутафаккири барҷастаро дар соҳаҳои тиб, табииёт, мантиқ, риёзиёт, тафсир, улуми фалсафӣ, мофавқуттабиа, илоҳиёт, кимиё ва куфриёт муайян кардаанд.
Дар бораи он ки Абубакри Розӣ дар давоми умраш нисбат ба илму дониш ҳавсала ва ҷидду ҷаҳди зиёд дошта, пайваста дар пайи омӯзишу мутолиа буд, аз қавли ровие ҳолатеро зикр кардани Абурайҳони Берунӣ кофист. “Ӯ пайваста ба дарсу баҳс машғул буд ва аз фарти дӯстӣ ба илм чароғи худро дар чароғдоне бар рӯи деворе мениҳод ва китобашро бар девор такя медод ва ба хондан мепардохт, то агар хоб ӯро даррабояд, китоб аз дасташ биафтад - ӯ бедор шавад ва мутолиаи худро идома диҳад”. Худи Абубакри Розӣ ҳам дар бораи заҳматҳои пайвастааш мегӯяд, ки “ҳавсалаву ҷаҳди ман дар талаби дониш то он ҳад буд, ки дар як фан бахусус ба хати таъвиз (хати рез) беш аз бист ҳазор варақ навишта ва понздаҳ соли умри худро шабу рӯз дар таълифи “Ҷомеи Кабир” (“Ҳовӣ”) сарф кардаам. Ва бар асари ҳамин кор қувваи биноиямро заъф даст дода ва азалаи дастам гирифтори сустӣ шуда ва аз хондану навиштан маҳрумам сохтааст. Бо ин ҳол ҳам аз талаб боз намондаам ва пайваста ба ёрии ину он мехонам ва бар дасти эшон менависам”.
Дар ҷавониаш ба касби заргарию саррофӣ (он ки пулеро бо пуле иваз мекунад ва ё шахсе, ки пули сараро аз носара (қалб) фарқ карда метавонад) ва баъдан ба илми кимиё машғул мешавад. Муаллифи “Феҳрасти мусаннифоти Розӣ” - Абурайҳони Берунӣ масъалаи ба илми кимиё ва ба кимиёгарӣ шуғл доштани Розиро чунин ёдовар шудааст: “Ӯ нахуст ба кимиё иштиғол варзид ва чашми худро дар маърази авориз ва офот ниҳод. Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯро ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид”.
Дар синни 40 - солагӣ ба омӯзиши  илмҳои тиббу фалсафа ва кимиё мепардозад ва ин илмҳоро ба ҳадди камол аз худ мекунад. Баъди азхуд кардани он илмҳо ба сифати табиб аввал дар бемористони Рай ба фаъолият пардохта, баъдан сарвари бемористони Бағдод мешавад. Дар ин муддат чанд вақт табиби дарбори амири Хуросон Абусолеҳ  ибни Исҳоқи  Мансур шуда хизмат менамояд. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ва бевосита асарҳои ӯ ба мисли «Китоб – ул - асрор» ва «Китобу сирр – ил - асрор» бармеояд, ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузарондааст ва бо доираҳои илмии ин кишвар низ робита доштааст.
Бузургтарин осори тиббии Абубакр Закариёи Розӣ “Алҷомеъ - ул -ҳозир ли синоат – ат – тиб” мебошад, ки бо унвони “Ҳовӣ” ва ё “Ал -Ҳовӣ” ё “Ҷомеи Кабир” низ машҳур аст. Тибқи ишораи худи муаллиф дар “Сирати фалсафӣ” барои таълифи асари “Ҳовӣ” ва ё “Ал - Ҳовӣ” понздаҳ соли умри худро сарф намудааст.
“Китоби Мансурӣ” ё “Китоб – ул - Мансурӣ”, ки бо номҳои “Китоб – ут – тиб – ил - Мансурӣ” ва “Алқунот – ул – Мансурӣ” машҳур аст, асари дигари даҳҷилдаи тиббии Закариёи Розӣ ба шумор рафта, ба забони арабӣ иншо шудааст. Асари мазкурро Розӣ ба ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад - дувумин шоҳи сулолаи Сомониён бахшида, дар он сохт ва вазифаҳои узвҳо, бемориҳо ва усули муолиҷаю пешгирии онҳоро нишон додааст.
Аз шарҳи ҳоли Закариёи Розӣ, осори бою гаронмоя ва ишораву таъкиди сарчашмаҳои гуногуни илмиву таърихӣ маълум мешавад, ки ӯ яке аз олимони сермаҳсул ва донишманди тавоно аст. Мутаассифона, бинобар сабаби бар асари тохтутозҳову қатлу ғоратгариҳо ва сӯзондану нобуд кардани ҳама гуна осор, бахусус осори озодандешонаи олимоне, ки ба илмҳои ғайридинӣ ва фалсафа машғул буданд, ҳокимони давр шуғли онҳоро куфру бидъат ҳисобида, бо баҳонаи исмоилию қарматӣ онҳоро месӯзонданд ва худашонро бо ҳар роҳ мекуштанд.
Пас аз панҷсад соли фавти Закариёи Розӣ як зумра ҳакимони даврони Эҳёи Аврупо дар асари “Таърихи фалсафаи муслимин”, ки дар Олмони Ғарбӣ ба забони англисӣ чоп шудааст, қайд карданд: “Закариёи Розӣ дар ислом ва шояд умуман дар таърихи афкори одамӣ боғайраттарин ва озодандештарин мутафаккир ба шумор равад. Ӯ ратсионалисти комил буд, дар дидааш ҳиҷобе надошт, дар баёни кушоду равшани ақоидаш густохии беҳамтое зоҳир менамуд. Розӣ ба дину мазҳаб не, балки ба инсон, ба прогресс имон оварда буд” (Турсунов Акбар. Эҳёи Аҷам. – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 128).
Машҳуртарин асари тиббии Закариёи Розӣ “Ал - Ҳовӣ” баъди 255 соли фавти мутафаккир бори аввал дар соли 1180 аз ҷониби олими чех Вилема Рогера ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар дорулфунуни Монпелеи Фаронса аз рӯи ин асар дарс медоданд. Китоби мазкур солҳои 1486, 1509 ва 1542 бо номи «Continens  Rasis» дар Италия ба лотинӣ тарҷума шуд. Дастхатҳои он бо номи «Ал – Ҷомеъ – ул - Кабир» дар китобхона - осорхонаҳои Италия, китобхонаҳои Мюнхени Олмон, Оксфорд ва Кембриҷи ИМА, Испания, Истанбул, Ромпур ва Мадрас маҳфуз буда, соли 1955 дар Ҳайдаробод дар ҳаҷми бист ҷилд тарҷума ва нашр шудааст.
Асарҳои дар дигар соҳаҳо эҷоднамудаи Закариёи Розӣ, ки, мутаассифона, то ба замони мо нарасидаанд ва ё то ҳанӯз аз ҷониби муҳаққиқон мавриди омӯзишу таҳқиқот қарор нагирифтаанд, шояд ба шарофати ҷашни 1150 - солагии зодрӯзи соҳибҷашн ва бузургдошти ин шахсияти бузурги миллат мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, саҳми ӯ дар ташаккули илми тоҷик ва нақши ҷовидонааш дар рушди фарҳанги миллӣ мушаххас гардонда, мактаби илмии тиббӣ, фалсафӣ ва кимиёшиносии ӯ муайян карда шавад. Дар шакли мукаммал дастраси хонандагон гардондани осори Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ амали хайре дар шинохту сирати ҷовидонии ӯ  хоҳад буд.
Раҷабалӣ САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2016    №: 201    Мутолиа карданд: 3237

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед