logo

сиёсат

НИГАРОНИИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ АЗ БАЪЗЕ АМАЛҲОИ ТААССУФОВАРИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қазияи 19 - уми сентябр, ки зимни пешниҳоди Ҳисоботи солонаи кишварҳои узви САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор шуд, сахт нигарон аст.
Шӯрои ҷамъиятӣ, ки 85 созмони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, бар он аст, ки ин гуна нишастҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо басо муҳим набояд ба майдони хушунат ва таҳаммулнопазирии ҷонибҳои дигар, хоса ҳизбу созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ табдил гардида, боиси сардии муносибот шаванд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони экстремистӣ-террористӣ ва «Гурӯҳи 24» - ро созмони эктремистӣ эътироф ва фаъолияти онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон кардааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2002 зери санади «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олӣ ва роҳбарони ҳизбу созмонҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба хотири хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷилавгирӣ аз харобиву таназзули кишвар ба тасвиб расида буд, имзо намуда, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон гардид. Нукоти ин Аҳднома тарафҳои имзокунандаро вазифадор мекард, ки дар ҳалли масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, ноил шудан ба ризоияти миллӣ ширкати фаъол намуда, дар мубориза бар зидди бунёдгароии миллӣ, мазҳабӣ ва дигар анвои зӯроварию фишор ҳаммаром бошанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тӯли узвияти худ, ки то соли 2010 идома дошт, ба Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили муҳими ҷомеа барномаи мушаххасе пешниҳод накардааст. Намояндагони ин ҳизб минбари Шӯрои ҷамъиятиро натавонистанд ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода кунанд ва, инчунин, ҳамназароне аз шумори аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пайдо накарда, соли 2010 узвияти худро дар ин созмон қатъ намуданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ пойдор аст. Мардуми кишвар аз сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон пуштибонӣ  карда, Ваҳдати миллӣ ва Ризоияти ҷомеаро волотарин арзиши худ медонанд.
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун шарики Ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раванди ислоҳоти сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат менамуд, набояд имкон диҳад, ки бо истифода аз озодиҳои шаҳрвандӣ ба сулҳу субот ва зиндагии осоишта дар Тоҷикистон халал ворид шавад.
Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, пеш аз ҳама, ба манзури истифода аз таҷриба ва фаъолияти ин созмон дар раванди демократикунонии ҷомеа, таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавию байналмилалӣ, эҷоди унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба созишномаи бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасондаи хеш ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа ҳамеша содиқ  монда, дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҳама гуна зӯроварӣ баъзан аз  стандартҳои дугона истифода мекунад, ки ин боиси таассуф аст
Мо мушкилоти кишвару ҷомеаи худро  хуб медонем, барои ислоҳи вазъ пайваста кӯшиш менамоем. Созмонҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ  мунтазам барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талош варзида, ҳар як ҳодисаи нақзи ҳуқуқро пайгирӣ мекунанд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  САҲА ва созмонҳои ҳуқуқи инсон  даъват ба амал меорад, ки ҳамкориҳоро бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тақвият бахшанд, аз имконоти Шӯрои ҷамъиятӣ истифода баранд, то чунин вазъият  дар оянда рух надиҳад.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамешагӣ роҳи сулҳу суботро, ки омили асосии тараққӣ ва пешрафти кишвар аст, интихоб кардаанд ва ҳеҷ неруе наметавонад аз ин роҳи саодат миллат ва давлатро берун созад.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон:
С. С. ФАТТОҲЗОДА, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон,
И. И. ТАЛБАКОВ, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон,
А. ҒАФФОРОВ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон,
О. Б. БОБОЕВ, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон,
Р. Б. ЛАТИФЗОДА, раиси Ҳизби
аграрии Тоҷикистон,
С. У. УСМОНЗОДА, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷамъ 60 имзо.
шаҳри Душанбе, 7 октябри соли 2016


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2016    №: 201    Мутолиа карданд: 2830

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед