logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РАДИФИ 500 МУСУЛМОНИ БОНУФУЗТАРИНИ ҶАҲОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм ба феҳристи навбатии 500 мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил гардид.
Ин феҳрист 6 октябр дар шакли маҷалла аз ҷониби Маркази исломии тадқиқоти стратегии Шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази тафоҳуми мусулмонӣ - насронӣ дар Ҷорҷтаун ба табъ расид. Ҳамчунин бори дуюм ба ин феҳрист роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ворид шуд. Дилшод Назаров низ ҳамчун мусулмоне, ки соли 2016 дар Бразилия медали тилло ба даст овардааст, ба он шомил гардид. Соли равон дар сархати феҳрист яке аз ходимони суннимазҳаби Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб қарор дошта, пас аз он Шоҳи Урдун Абдуллоҳ II бин Ал-Ҳусейн ҷой гирифтааст.
Ба феҳрист Шоҳи Марокаш Муҳаммад IV, президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ низ дохил шудаанд.  Ба Топ-500 чун солҳои қаблӣ, ҳамчунин, роҳбари динии исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (Оғохони IV) шомил гардидааст. Президентҳои Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон Рамзан Қодиров ва муфтии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Усмон Олимов ба ин феҳрист дохил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки феҳрист шурӯъ аз соли 2009 ҳар сол  нашр мешавад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба ин феҳрист соли 2012 ворид шуда буд. Соли 2015 бошад, дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин феҳрист бори нахуст муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил гардида буд.
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2016    №: 201    Мутолиа карданд: 2936

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед