logo

иқтисод

ХОҶАГИҲОИ ЗОТПАРВАРӢ МАҲВ МЕШАВАНД, ЧАРО?

Иқлими Тоҷикистон ба моҳипарварӣ мувофиқ буда, давраи мусоиди  парвариши моҳиҳо дар як сол аз 230 то 240 рӯзро ташкил медиҳад. Барои истеҳсоли моҳии молӣ ва таъмини дастурхони аҳолӣ бо ғизои серсафеда, намудҳои растанихӯр (пешонағафсҳо ва амурҳо), ки нисбатан васеътар паҳн мешаванд, мувофиқанд. Бо хоҳиши хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз  профессори факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Абдувалӣ Ҳайитов масъалаҳои доғи соҳаи моҳипарварии ҷумҳуриро шарҳ дод. 
 
- Таҷрибаи бисёрсола нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои асосии афзудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ, парвариши он дар кӯлҳо мебошад. Моҳиҳо дар шароити Тоҷикистон дар 3 - 4 - солагӣ ба балоғат мерасанд. Барои ин парвариши моҳиҳои то 1 сола дар кӯлҳои одӣ, ки 5 - 10 гектар масоҳат дошта бошанд, кифоя аст. Аз ин рӯ, барои қонеъ гардондани талаботи моҳиҳо ташкили хӯрок дар кӯлҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар кӯлҳо базаи  бо таври доимӣ истифодабарии моддаҳои органикӣ ва минералиро ташкил намуда,  инкишофи доимии обсабзҳои микроскопӣ (фитопланктон) ва ҷонварони бемуҳра (зооплантон) - ро таъмин кардан зарур аст.  Хоҷагиҳое, ки ба парвариши  моҳиҳои амур машғуланд, бояд заминҳои кишти юнучқа ва себарга дошта бошанд.
Бояд зикр намуд, ки такрористеҳсолкунӣ - наслгирӣ аз ин моҳиҳо, фақат бо роҳи сунъӣ  бо усули  дастӣ ба амал оварда мешавад, бо  вуҷуди он, ки фардҳои модинаашон дар кӯлҳои капурпарварӣ хуб инкишоф ёфта, то марҳилаи тухмдиҳӣ мерасанд.
Дар як қатор хоҷагиҳо ба сабаби риоя накардани технологияи парвариш ва такрористеҳсолкунӣ фавти моҳиҳои зотӣ зиёд буда, дараҷаи бордоршавию  тухммонӣ  паст аст.
Моҳиҳои рустанихӯр дар соҳа объекти асосии поликултура ба ҳисоб рафта, онҳоро барои парвариш ба кӯлҳо, обанборҳо ва дарёҳо сар медиҳанд.
КВД «Моҳии Тоҷикистон» ду хоҷагии зотпарварӣ дорад. Яке хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва  дигаре «НВХ» - и  минтақаи зотпарварии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Хоҷагиҳо дорои сехи инкубатсионӣ буда, мебояд ҳама корхонаҳои моҳипарварии шаклҳои гуногуни ҷумҳуриро бо моҳичаҳо таъмин  намоянд.   
Вазъи парвариши моҳиҳо дар ин хоҷагиҳо ташвишовар аст. Аз ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 маълум мешавад, ки дар хоҷагиҳо моҳиҳои зотӣ вуҷуд надоранд, зеро баҳисобгирии онҳо зикр наёфтааст.
Агар дар хоҷагиҳои зотпарварӣ чунин муносибат 1 - 2 соли  оянда идома ёбад, соҳаи моҳипарварии кишвар ба инқироз омада мерасад.Барои ивази як лона моҳии зотӣ 34 сар, такмили 1 сола, 16 сар моҳии 2 сола, 8 сар моҳии 3 сола ва 4 сар моҳии 4 сола зарур мебошад. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки технологияи парвариш ва нигоҳубини моҳиҳо такмил ва моҳиҳои зотӣ, алалхусус рустанихӯрҳо ба муносибати ҷиддӣ ниёз доранд.
Зичии  сершумори такмили  рустанихӯрҳо, дар поликултура бо  капур дар марҳилаи кирминагӣ чунин аст: амури сафед 3000 дона, пешонағафси ало 9500 дона, пешонағафси сафед 25500 дона/га.
Дар ҷумҳурӣ наслгирӣ аз моҳиҳои рустанихӯр солҳои 1970 дар хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) оғоз ёфта буд. Дар масоҳати 20 гектар моҳиҳои такмил ва зотии  капур, амури сафед, амури сиёҳ, пешонағафси ало, буффалои амрикоӣ, лаққаи наҳрӣ, тосмоҳии Бестер ба миқдори умумии 26 ҳазор дона парвариш карда мешуд. Солҳои 1982-1983 зиёда аз 150 миллион    дона кирминаи капур, буффало, амури сафед, пешонағафсҳо ба даст оварда мешуд. Танҳо хоҷагии ноҳияи Куйбишев талаботи дохилӣ ва корхонаҳои моҳипарварии ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ), «Чӯбек» - и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо кирмина ва моҳичаҳои то яксола таъмин менамуд. Ба замми ин,  як қисми моҳичаҳо ба хоҷагиҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Белорус ба фурӯш бароварда мешуд.
Ҳоло бошад бо сабаби набудани моҳиҳои зотӣ сехҳои инкубатсионӣ қариб амал намекунанд. Мутахассисони алоҳидаи маҳаллҳо ба истеҳсоли кирминаҳо машғуланд. Онҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар як  сол то 10 миллион кирмина  мефурӯшанд.
Аз ин лиҳоз, агар дар КВД «Моҳии Тоҷикистон» ва хадамоти дахлдори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати зарурӣ надиҳанд, парвариши моҳии зотӣ аз байн меравад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 1969

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед