logo

сиёсат

ТААССУФ Ё НИГАРОНӢ АЗ АМАЛИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО

Дар нишасти навбатии яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ - Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,  23 сентябри соли ҷорӣ, амале рух дод, ки боиси тааҷҷуб ва таассуф аст. Зеро агар ба вазоиф ва ҳадафҳои ин созмони муҳтарам бингарем, мебинем, ки дар сархати он даҳ  аҳдофи асосӣ, аз ҷумла  ҷилавгирӣ аз зуҳури низоъ ва ташаннуҷот дар минтақа, танзими вазъияти буҳронӣ, аз байн бурдани пасомадҳои низоъҳо ва талошҳои дипломатӣ ҷиҳати аз байн бурдани низоъҳо навишта шудааст.
 
Аммо воқеият набояд нодида гирифта шавад ва бо чунин роҳу усул он падидае, ки имрӯз ба сари мардуми баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздик ва шимоли Африқо фоҷиаи бузургеро овардааст ва бори гарони он бар дӯши аврупоиҳо низ афтидааст, имкон надорад, ки фаромӯш гардад. Пас муҳим ин аст, ки дар кишварҳо сулҳу суботи мутадовим бошад ва ин ҳолат таҳким ёфта,  ба ҳар роҳу восита пеши роҳи ташаннуҷот гирифта шавад. Дар ин робита мехостем бори дигар ба иттилои дастандаркорони ин амал расонда шавад, ки як сол пеш, маҳз дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳамон фарзандони нохалаф тавассути ҷонибдорони дохилиашон, дар симои ҲНИТ ва хоҷагони хориҷии худ, хостанд ба мардуми рӯҳияи болидадоштаи кишвар ин кудаторо ба «армуғон» биёранд.
Табиист, ки ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат тавонистанд он кӯшиши табаддулотро хунсо бисозанд. Ва он идда шаҳрвандони Тоҷикистон,  ки дар ин амалиёт дохил буда, аз хориҷ ба ин саҳна назорат  намуда,  машварат медоданд ва ҳоло таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд, ба ҳар роҳу воситае мехоҳанд худро дар назди ҷомеаи Ғарб «қурбонӣ» нишон диҳанд. Маҳз тавассути ҷонибдорони хориҷиашон онҳо тавонистанд худро ба чунин маҷлис бирасонанд.  Дар ҳоле  ки ҳадафи асосии онҳо гирифтани имтиёз барои худ дар кишварҳои ғарбист.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро чунин маҷлисҳои муҳтарам назари «дугона» ба чунин мавзӯъҳои мубрам, ба мисли таъмини амният ва субот дар кишвари мо доранд? Магар чунин падидаро дар мамолики дигар таҳаммул кардан мумкин буд? Ва агар не, пас чаро  он намояндагони ҷомеаи пешрафта ба чунин назаранд, ки мо бояд террористон ва таъминкунандагони онҳоро аз беруни кишвар таҳаммул намоем? Магар фоҷиаи Либия, Ироқ ва Сурия кам аст? Магар шумо мехоҳед, ки сулҳу суботи тоҷиконро бо ин усул тавассути худи тоҷикон халалдор намоед?
Баргузоркунандагони ин нишаст магар фаромӯш кардаанд, ки сулҳу суботи деринтизори мо ба туфайли ҷони беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба даст омадааст? Магар ин амал хилофи ҳама усулҳои ташрифоти ҷониби мизбони чунин нишастҳои сатҳи баланд нест, ки ҷонибҳоро рӯ ба рӯи ҳам мегузоранд ва ташаннуҷро доман мезананд?
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаест, ки бо ҳама санадҳо ва қавонину меъёрҳои  пазируфташудаи байналмилалӣ созгор буда, ҳамеша масъулияти хешро дар робита ба ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон иҷро намудааст ва иҷро менамояд. Тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ва пайравони он, ки дар ин ҳаводиси нангбор даст доштанд, ҷазо гирифтанд ва саволи матраҳ ин аст, оё дар ягон кишвари дигари ҷаҳон имкони афви террористон вуҷуд дорад? Дар ҳоле ки имрӯз ҷаҳониён аз онҳо дар изтиробанд ва ба таври муштарак роҳи халосӣ аз террористонро меҷӯянд. Чуноне ки таҷрибаи солҳои ахири мубориза бо терроризм нишон медиҳад, аз байн бурдани ин зуҳуроти хатарзо кори осон ҳам нест. Ва ё фаромӯш гаштааст, ки террористон ватану мазҳабу муқаддасот надоранд?
Оё террористоне, ки талоши гирифтани қудрати сиёсӣ ва кӯшиши кудаторо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо гулҳо ва шиорҳои мусолиматомез худро дар саҳна ҷилва медоданд? Маҳз ҳамин ҳидоятгарон ва ташкилкунандагони ошӯб буданд, ки мехостанд баъди 24 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дубора онро ба хоку хун  бикашанд. Аммо фаромӯш кардаанд, имрӯз мардуми бошарафи дар рӯзҳои сахти мамлакат обутобёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар шудаанд. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо дарси хуби ҳушёрӣ ва бедории сиёсиро омӯхтааст, ки дигар фирефтаи бозиҳои хурду бузург нашаванд.
Бамаврид аст таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси  Олии мамлакат баён гардидаанд,  оварда шавад. Зеро онҳо худ баёнгари мавқеи кишвар дар робита ба ҳуқуқи инсон ва ҷаҳони имрӯзанд: «Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.
Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.
Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.
Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд».
Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА,
муовини директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 3075

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед