logo

маориф

ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКОТИБИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

8 октябр дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаҳои озмуни “Даҳгонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон - 2016”  эълон гардиданд.
Ҳадаф аз гузарондани озмун омӯзиши афкори омма, ҷалб намудани таваҷҷуҳи он ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф ва илм, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад. 
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гашта, дар он 26 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, дар маросими ҷоизасупорӣ иброз дошт, ки озмун бахшида ба Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашт.
Сипас, муовини вазири  маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода ғолибони озмунро эълон кард. Ҷоиза ва дипломҳоро ба ғолибон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтавори “Тоҷикистон” супориданд.
Дар номинатсияҳои «Универсалӣ» (мавҷудияти номгӯи васеи ихтисосҳо ва дастоварҳои кул) -  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Шароити мусоид» (фароҳам овардан барои таҳсил ва зист) - Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, «Устодони соҳибсалиқа»  (соҳибтаҷрибагии  омӯзгорон) - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас» (муттаҳидии коллективи  донишҷӯён) - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, «Рақобатпазирии мутахассисон» (талабот ба кадрҳои мактаби олӣ  дар бозори меҳнат) - Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, «Илм дар амал» (татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот) - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, «Шуҳрат ва ифтихор» (дастовардҳои донишҷӯён) - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, «Маъруфият ва робита» (ҳамкорӣ бо макотиби олии хориҷӣ) - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, «Мавқеи фаъол»  (иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ) - Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, «Пешоҳанг» (татбиқи инноватсия ва технология) - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд.
А. САМЕЪ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 5667

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед